Хабари рӯз

Дар он рӯзҳо бароям сахт буд, ки якбора канор биравам ва бигӯям, ки низом қобили дифоъ нест ва суқут мекунад. Эъломи ин хабар барои ман бисёр душвор буд. Мутаассифона, раисҷумҳур Ғанӣ бо ҳалқаи хосаш дар дохили Арг, низомро ғайри қобили дифоъ сохта буд.

Муаллиф: БИСМИЛЛОҲ МУҲАММАДӢ,
вазири пешини дифоъи миллии Афғонистон

Ман дар чиҳил рӯзи ахири ҳукумати раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ, он ҳам бар асоси хостҳои мардумӣ, минҳайси сарпарасти вазорати дифоъ таъйин шудам. Ин дар ҳоле буд, ки ҳудуди сад вулусволӣ (дар Афғонистон) ба тасарруфи «Толибон» даромада буд.
Ҳадаф аз навиштани ин сутур, бароат додани худам аз авомили буҳрон ва суқути низом ба дасти «Толибон» нест, балки тавзеҳи баъзе ҳақоиқ аст то мардуми худро дар ҷараёни он қарор диҳам. Ин ки натавонистам дар замони охири маъмуриятам, барои дифоъ аз кишвар кори муассир анҷом диҳам, инак, ба бахше аз далоил он ишора мекунам:
Суқут ва фурӯпошӣ зудҳангом ва ногаҳонӣ набуд, балки фурӯпошӣ ба сурати тадриҷӣ ва аз муддатҳо қабл оғоз шуда буд.
Фурӯпошӣ аз замоне оғоз шуд, ки машрӯъияти низоми сиёсии ҷумҳурият бо тақаллуби густурда дар интихоботи раёсатиҷумҳурии соли 2014 ва буҳрони ношӣ аз он заиф ва бемаъно шуд. Сипас сиёсатҳои раисҷумҳур Ғанӣ, ки аз як интихоботи пур аз тақаллуб ва мубҳам қудратро ғасб карда буд, ин машрӯъиятро бештар аз пеш тазъиф (заиф) кард, то дар фарҷоми ҳокимият ба вартаи суқут расонида шуд. Агарчи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ бо имзои мувофиқатномаи сиёсӣ, буҳронро муваққатан маҳор кард, аммо ҳисси инҳисоргарӣ ва худхоҳии оқои Ғанӣ ва адами илтизоми ӯ ба иҷрои маводи мувофиқатномаи сиёсӣ, буҳронро печида, муғлақ ва давомдор сохт ва боиси эҷоди фосилаи амиқ миёни мардум ва давлат шуд. Ҳамчунон, вазъияти пешомада асароти манфӣ ва ноумедкунанда рӯи ангезаи неруҳои дифоъиву амниятӣ ба ҷо гузошт.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2019 бар хилофи интизори мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, боз ҳам пур аз норавоӣ, тақаллубу дурӯғ буд ва Ашраф Ғанӣ ҳокими Арг эълом шуд. Возеҳ буд, ки дар ин давра, мавсуф як миллион раъй надошт ва ғасби дубораи қудрат тавассути Ғанӣ сабаби бурузи буҳронҳои мухталиф ва беэътимодии нерӯҳои дифоъиву амниятӣ нисбат ба сутӯҳи раҳбарии давлат шуд ва осори зиёнбори он, суқути низомро суръат бахшид.
Музокироти мустақими амрикоиҳо тавассути Залмай Халилзод бо «Толибон» дар ғайби миллат ва ҳукумати Афғонистон, ки дар соли 2018 дар Қатар оғоз шуд ва пас аз 18 моҳ бидуни ҳузуру нақши давлати Афғонистон ба мувофиқатномаи Доха анҷомид, машрӯъият ва нақши дифоъии қувои мусаллаҳро мутазалзил сохт ва раисҷумҳур Ғанӣ натавонист таъсироти манфии онро аз қувои дифоъиву амниятӣ дур созад. Таъсири ин амр рӯи руҳия ва нақши нерӯҳои низомии давлат вайронгар буд.

ИН АМР ЧӢ ТАЪСИРОТЕ БАР УРДУИ АФҒОНИСТОН ДОШТ?

Коҳиши фазояндаи ҳимояти нерӯҳои амрикоӣ дар амалиётҳои низомӣ пас аз он тавофуқ, бахусус коҳиши ҳимояти ҳавоӣ ва баъдан қатъи ин ҳимоят, қувои низомии Афғонистонро, ки бисёр вобаста буд, ба сӯи фурӯпошӣ савқ дод.
Дар икмолоти лужистикӣ ва техникии нерӯҳо сактагии фоҳиш ба вуҷуд омад. Аз тарафе ҳам «Толибон» нисбат ба тавофуқи Доха мутмаин буданд, ки амрикоиҳо алайҳи онҳо коре анҷом намедиҳанд. Бино бар ин, қитаоти дурдасти дифоъиро, ки роҳҳои икмолотиашон аз роҳи замин қатъ шуда буд, ба муҳосира кашиданд ва мизони талафоти ин қитаот афзоиш ёфт.
Тамоми паймонкорон ва қарордодиҳои НАТО, ки теъдодашон ҳудудан ба 16 ҳазор нафар мерасид, дар бахшҳои ҳавоӣ ва заминӣ бидуни эҷоди ҳамоҳангӣ, ҳимояи худро қатъ карданд ва хориҷ шуданд. Ин амр сабаби адами ҳимояи ҳавоӣ ва заминӣ, бахусус дар бахши тармими тайёраҳо шуд. Урду тайёроти муҳорибавӣ ва транспортӣ дар ихтиёр надошт, то ҷонишини он мекард. Бад-ин тартиб, пойгоҳҳои дурдаст яке пас аз дигаре суқут кард. Қатъи кӯмакҳои ҳавоӣ ва заминии Амрико ва НАТО, ҷангро ба нафъи «Толибон» тағйир дод.
Раҳоии 7000 зиндонии «Толибон», ки ба қимати ҷони мансубони нерӯҳои амниятӣ ва дифоии кишвар дастгир шуда буданд ва рафтани онҳо ба ҷабаҳоти гарм, сабаби тақвияи «Толибон» ва тазъифи рӯҳияи нерӯҳои дифоъиву амниятӣ шуд.
Сиёсат ва амалкарди раисҷумҳур Ғанӣ ба номи эҷоди ислоҳот дар урду ва ҷавонсозие, ки бештар аҳдофи сиёсӣ, қавмӣ ва салиқаӣ дошт, боис шуд, ки ҳазорон афсар ва генерали ботаҷрибаву маслакӣ аз урду мунфасил ва ҷабран ба тақоуд (бознишастагӣ) савқ дода шаванд. Ин рӯйкарди раисҷумҳур қувои мусаллаҳро аз назари кайфият ҷиддан заиф кард. Синни тақоуди афсарон бидуни мувофиқаи парлумон нӯҳ сол поин оварда шуд, ки ин тасмим бештар ангезаи сиёсӣ дошт то ҷавонсозӣ.
Бидуни шак, ҷавонон нерӯи аслӣ ва пуртаҳарруки урду буданд ва масъулияти иҷрооти амалӣ, бештар аз ҳама мутаваҷҷеҳ онон буд, вале савқу идораи ҷанг афроди бозарфият, обдида ва ботаҷриба мехоҳад. Дар ҷанг иштибоҳи аввал иштибоҳи охир аст.
Дахил кардани сиёсат дар урду зарбаи дигаре буд, ки бар пайкари он зада шуд. Мутаассифона, шеваи бархурди раисҷумҳур бо вазоратҳои сектори дифоъиву амниятӣ номуносиб буд ва ҳар мавзӯъро ба мушовири амнияти миллӣ, доктар Муҳиб, муҳаввал мекард, ки бархурдҳои салиқаӣ ва адами огоҳии мавсуф аз майдонҳои ҷанг сабаби аз ҳам пошидани силсиламаротиб ва системи муназзами корӣ шуд.
Ғанӣ бо доштани хусусиёти эҳсосотӣ, ҳарфшунавӣ аз дигарон, дасисасозӣ ва тавтиа ба шакли уқдамандона амал мекард ва аксаран вақти худро дар корҳое, ба истилоҳ, микроменеҷмент (мудирияти ҷузънигар) сарф мекард, то тасомим ва мавзӯъоти муҳим ва ҳаётии кишвар.
Муваффақият дар ҷангу дифоъ аз ватан муттакӣ ба се асл аст:

  • Ангеза;
  • Рӯҳия;
  • Назму дисиплин (тартиб).

Мутаассифона, ин се асл дар нерӯҳои дифоъӣ ва амниятии Афғонистон аз ҳам пошида буд. Шуҷоътарин қумондонон ба хотири дилсардӣ ва вазъияти пешомада, тамоюле ба ҷангу истодагӣ надоштанд. Силсиламаротиб аз байн рафта буд, ваҳдати фармондеҳӣ вуҷуд надошт ва таъйинот ба шакли салиқаӣ сурат мегирифт. Дар ҳафтаҳои поёнии ҳокимият, фармондеҳии аслӣ ба дасти оқои Муҳиб дар Шӯрои амният буд ва аслан ҳаққе ба вазоратҳои дифоъиву амниятӣ намегузошт. Иртиқои афсарон аз меъёру маъно афтода буд, ҷалбу ҷазб дар урду дар нозилтарин сатҳ қарор дошт ва талафоти сангини рӯзона, камияти урдуро ба поинтарин рақам расонда буд.
Рӯзе рафтам мушкили чанддастагиро ба оқои Ғанӣ изҳор доштам. Ваъда дод, ки ислоҳ мекунад, аммо ба ваъдаҳояш амал накард. Оқои Муҳиб бо адами доштани фаҳми кофӣ аз маслаки низомӣ ва ғурури козиб, ба сурати амдӣ ва огоҳона урдуи милли кишварро муталошӣ сохт.
Раисҷумҳур Ғанӣ як ҳукумати дигар дар дохили Арг барои худ ва ҳалқаи наздик ба худ сохта буд, ки урдуи Афғонистонро ба тарафи заъфу фурӯпошӣ савқ дод ва ҳар гуна ангезаву рӯҳияи ҷангро аз мансубони урду салб кард.
Мозод бар авомили фавқ, ду ҳаракати тактикии «Толибон» бар тақвияти ҷойгоҳ ва «машрӯъият ёфтан»-и ҷанги онон ва аммо коҳиши ангезаи муқовиматгарони нерӯҳои дифоъӣ ва амниятии Афғонистон, муассир воқеъ шуд:
Таблиғоти густурдаи «Толибон» ба ҳаққонияти ривояти ҷангиашон дар баробари поёни ишғол ва маҳви фасоди густурда.
Инъитофи «Толибон» дар бархурд бо мансубони нерӯҳои дифоъӣ ва амниятии барҳол дар сутӯҳи мухталиф ва фурсатсозӣ барои бозгашти онҳо ба хонаҳояшон ва дар пеш гирифтани сиёсати адами интиқом дар мақтаъи суқути низом.
Ман бар асоси мувофиқатномаи тақсими қудрати сиёсӣ, аз тарафи доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ба ҳайси раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ кор мекард, ба унвони сарпарасти вазорати дифоъ таъйин шудам. Далеле, ки ин масъулиятро дар чунон шароити ҳассос қабул кардам, бар ин ният устувор буд то битавонам ҳадди ақал дар дифоъ аз ватан саҳм бигирам. Вақте ба кор шурӯъ кардам, баъд аз як баррасии мухтасар ва санҷиши вазъият, мушкилотро дарк кардам. Ман вазъиятро аз берун як чиз медонистам, дар ҳоле, ки дар дохил чизи дигаре буд. Инки дар ҳукумат чӣ мегузашт ва чаро натавонистам кори лозимро анҷом диҳам, далоили зиёде дорад.

Баъд аз баррасии дақиқ ва машварат бо раҳбарии урду, ду мушкили умдаро дарёфтам:

  • Раҳбарии заиф;
  • Адами ҳимояи лужстикӣ ва техникӣ.

Ин ду мушкил сабаби тазъифи рӯҳияи мансубон ва поин омадани тавонмандии муҳорибавии урду шуда буд. То ҷое, ки дархури имконот ва салоҳиятҳои қонуниам буд, иҷроот мекардам, аммо таъйинот дар бастҳои генералӣ, ки ба раёсатиҷумҳурӣ тааллуқ дошт, бояд пешниҳод мешуд, ки мутаассифона, мушкилот дар ҳамин нуқта буд. Бо вуҷуди иҷрои ангуштшумори пешниҳодот, бақия маътал қарор дода мешуд. Вақте ба раисҷумҳур мегуфтам, ба доктар Муҳиб ҳидоят медод, мутаассифона, ӯ иҷроот намекард.

 

ДАР ҲУКУМАТ ЧӢ МЕГУЗАШТ?

Дар ҳукумат дар ин шароити ҳассос, ҷаласоти мутааддид ва нафасгир доир мешуд. Соатҳо вақт сипарӣ мешуд, аммо ҳеҷ тасмими муқтазӣ иттихоз намешуд. Раисҷумҳур вазъияти воқеиро медонист, вале атрофиёнаш ӯро иғфол мекарданд ва ё худаш намехост вазъиятро дарк кунад.
Пас вақте вазъият ингуна буд, саволоте матраҳ мешавад, аз ҷумла ин ки чаро ин пост (вазифа)-ро дар чунон шароити муғлақ ва печида қабул кардам? Чаро ман натавонистам аз ватан дифоъ кунам? Чаро мушкилро ба мардум нагуфтам? Чаро истеъфо надодам? Ва мушкил дар куҷо буд?
Ҳамватанони азизам ҳаққ доранд, ки чунин саволотеро дошта бошанд, зеро бо сарнавишташон бозӣ шудааст ва онон мутаҳаммили ранҷ, фақр, бекорӣ, муҳоҷират ва мусибатҳои фаровон шудаанд.
Аммо ман дар дақиқаи 90 ва дар шароити бисёр муғлақу печида ба ин ният омадам, то ҳадди ақал хидмате дар ҷиҳати дифоъ аз кишварам карда бошам. Вале раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ бо сиёсатҳояш ва ҳалқаи чанднафарааш, урдуи Афғонистонро муталошӣ карда буданд. Ҷон, рӯҳия ва ангезае барои урду намонда буд, то ман битавонам монеъи марги ҳатмии низом шавам. Ба қавитарин ва борӯҳиятарин қумондонҳои урду, ки солҳо бо ҳам кор карда будем, садо мезадам, ки чаро дифоъ сурат намегирад? Мегуфтанд, ки сарбозон рӯҳия, ангеза ва руҳияи ҷангиро аз даст додаанд.
Дар он рӯзҳо бароям сахт буд, ки якбора канор биравам ва бигӯям, ки низом қобили дифоъ нест ва суқут мекунад. Эъломи ин хабар барои ман бисёр душвор буд. Мутаассифона, раисҷумҳур Ғанӣ бо ҳалқаи хосаш дар дохили Арг, низомро ғайри қобили дифоъ сохта буд.
Ҷо дорад, ки аз эсор ва фидокориҳои мансубони нерӯҳои дифоъӣ ва амнияти кишвар, ки дар 20 соли гузашта ба дифоъ аз ватан дар муқобили душманони дохилӣ ва ҳомиёни хориҷиашон размидаанд, изҳори қадрдонӣ кунам. Рӯҳи шуҳадои мансубони дифоъӣ ва амниятии кишвар шод ва ёдашон гиромӣ бод.


ЧАРО ҲАМЛАВУ ТАСФИЯРО «ТОЛИБОН» АЗ ШИМОЛ ВА ШИМОЛУ ШАРҚ ОҒОЗ КАРДАНД?

Ин манотиқ дар гузашта бистари табиӣ барои муқовимат ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии кишвар, буд. Аз ин манотиқ ба ҳайси пойгоҳи мардумӣ ва мутмаин дар муқовимат алайҳи «Толибон» истифода мешуд ва толибон бо вуҷуди ҳамалоти мукаррар натавонистанд ин манотиқро ишғол кунанд. Ин бор “Толибон” хостанд хилофи гузашта, аввал ин манотиқро тасфия кунанд, то фурсате барои эҳёи Ҷабҳаи Муқовимат ба вуҷуд наёяд. Ба ҳамин далел, ин бор толибон ҳамалоташонро аз шимолу шарқ ва шимол оғоз карданд ва баъдан дар ҳавзаи Ғарб идома доданд.


ИТТИФОҚОТИ СЕ РӮЗИ ОХИРИ СУҚУТ

Аз даруни Арг иттилооти мувассақ доштам, ки иртиботи оқои Муҳиб бо ҳаққониҳо таъмин шудааст ва онҳо сӯҳбатҳои давомдор доштаанд, аммо аз қасди фирори раисҷумҳур чизе намедонистам.
Асри рӯзи ҷумъа, 13 августи 2021, ман бо раисҷумҳур дар ҳеликуптар ба Болоҳисор рафтем. Танҳо Ваҳид Умар бо мо буд. Дар он ҷо дар теппаи баланди Болоҳисор рафтем, дидам, ки микрофон омода аст. Аз Ваҳид Умар пурсидам, чӣ хабар аст? Гуфт, ки раисҷумҳур сӯҳбате ба миллат дорад. Ман дар канори раисҷумҳур истодам, тамаркузи сӯҳбат ҳавлу ҳуши истодагӣ ва муқовимат буд. Раисҷумҳур гуфт, ки зуамои Афғонистон дар шароите, ки кишвар мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифта, аз ҳамин ҷо эъломи муқовимат карданд ва ман ҳам бо пайравӣ аз онҳо аз миллат мехоҳам, ки дар баробари таҷовузи бегона муттаҳид шаванд.
Аз Болоҳисор бозгаштем. Ман ба савқу идораи вазорати дифоъ рафтам ва вазъиятро пурсидам. Гуфтанд, ки «Толибон» баъд аз тасарруфи Майдон Вардак ва Лугар, дар ҳоли муҳосираи Кобул ҳастанд ва як теъдод аз тарафдорони онон ва фурсатталабон дар манотиқи мухталифи шаҳри Кобул шиорҳое ба тарафдорӣ аз «Толибон» медиҳанд.
Шаб доктар Муҳиб занг зад ва гуфт, ки як бор бо вазири дохила ва раиси амният ҷамъ шавем. Дар вазорати дифоъ ҷамъ шудем. Доктар Муҳиб аз ман пурсид, ки мусоҳибаи раисҷумҳур дар чӣ маврид буд. Ман он чи воқеъ шуда будро ташреҳ кардам. Инки онҳо ба чӣ далеле монеъи нашр он шуда буданд, ман намедонам.
Вазъи амниятӣ таҳлил шуд, ҳама иттифоқ бар он доштем, ки вазъияти ғайри қобили контрол аст. Муҳиб дар изҳороти ахираш ин гуфтаро ҷаъл кардааст, баҳси Панҷшер аслан матраҳ нашуд, зеро ҳама мушкилот ва сӯҳбатҳо ба Кобул мутамаркиз буд. Ҳанӯз вилоёти машриқӣ ва Луи Пактиё суқут накарда буд. Муҳимтар ин ки дар як ҳафтаи ахир доктар Муҳиб парешон буд, ҳамон шаб ҳам ҳарфҳои зиддунақиз зад, ки аъзои ҷаласа шоҳиди он буданд/ҳастанд.
Рӯзи шанбе «Толибон» худро аз истиқомати Майдон Вардак ва Лугар ба дарвозаҳои Кобул расонданд ва беназмиву изтироб дар шаҳр бештар шуд. Мардум сахт саросема буданд, ки чӣ мешавад. Раисҷумҳур яке ду бор занг зад ва вазъиятро пурсид. Дар ҳамин рӯз, қарор буд, ҷаласаи кобина доир шавад, вале бисёре аз вузаро ҳозир нашуда буданд ва ҷаласа баргузор нашуд. Рӯз якшанбе вазъияти амниятӣ бадтар шуда буд. Кормандони идороти давлатӣ - ҳам мулкӣ ва ҳам низомӣ - дар ҳоли фирор буданд.
Соати 10-и субҳи ҳамон рӯз, раисҷумҳур занг зад ва ҷӯёи вазъият шуд. Ман ташреҳ кардам. Аз раисҷумҳур хостам то ҷаласаи изтирорӣ бигирад. Ба ман гуфт, ки ба доктар Муҳиб мегӯяд. Ҳаволии соати 12-и чошт буд, ки муҳофизони раисҷумҳур (PPS) ба вазорати дифоъ омаданд ва аҳвол дода шуд, ки раисҷумҳур меояд. Ман фикр кардам, ки ҷаласаи изтирорӣ доир мешавад. Масъули истихбороти қароргоҳи вазорат омад ва гуфт, ки иддаи зиёде аз муҳофизони раисҷумҳур (PPS), ки теъдодшон ҳудудан ба 150 нафар мерасад, дар майдончаи ҳеликуптар (чархбол) дар саҳни вазорат омадаанд. Муҳофизони хоси раисҷумҳур соати як дубора баргаштанд, аммо афроде, ки дар майдонча ҳеликуптар омада буданд, ҳузур доштанд.

Ҳаволии соати 2 – и баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе, 15 августи 2021, се бол ҳеликуптар аз Арг бархостанд ва ба истиқомати шимол парвоз карданд. Ман аз килкин (тиреза) – и дафтарам ҳеликуптарҳоро дидам. Фикр кардам, тибқи маъмул рафтуомад мекунанд. Се бол ҳеликуптари раисҷумҳур ҳамеша дар Арг буданд ва фармондеҳиаш табъан ба дасти худашон буд. Даҳ дақиқа баъд, раисҷумҳури пешин, Ҳомид Карзай, занг зад ва гуфт, ки Ғанӣ гурехт. Ман гуфтам, ки се ҳеликуптар даҳ дақиқа қабл парвоз кард. Раисҷумҳури пешин гуфт, нагуфта будам, ки ин одам мамликатро ғарқ мекунад. Ва бадбахтона, ки ғарқ намуд ва худаш фирор кард. Баъдтар қумондони қулли урду (корпус)-и ҳавоӣ ба ман иттилоъ дод, ки ҳеликуптари чаҳорум ба дастури Муҳиб аз майдони ҳавоӣ бархоста ва ҷамъан ҳар чаҳор ҳеликуптар ба Ӯзбекистон фирор карданд.
Қобили зикр аст, ки барномаи сафари раисҷумҳур ба вилояти Хуст дар рӯзи ҷумъа, 13 август, дар назар гирифта шуда буд, ки ба далоили номаълуме сурат нагирифт. Аммо вилояти Хуст дар 15 август (субҳи рӯзи якшанбе) суқут кард ва раисҷумҳур аз он огоҳӣ дошт.
Баъд аз фирори Ашраф Ғанӣ, ман бо луидиристиз (сардори Ситоди кул) ва ҳайати раҳбарии вазорати дифоъ то асри ҳамон рӯз дар вазорат мондем. Вазъият аз ҳам пошида буд. Ба қувои ҳавоӣ рафтем. Дар он ҷо тасмими мо ин буд, ки бо Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи дохила Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид, ки бо ҳам якҷой будем, бо ҷамъи дигаре аз ҳамкорон ба Панҷшер биравем. Як бол ҳеликуптар барои интиқоли мо омода шуд, ки Аҳмад Масъуд бо чанд тан аз ҳамроҳонаш тавассути он ба Панҷшер рафтанд ва қарор шуд, ки мо дар ҳеликуптари баъдӣ биравем. Мутаассифона, шаб шуд ва назми майдон аз ҳам пошид ва мо ба далели набуди ҳеликуптар қодир ба рафтан ба Панҷшер нашудем. Роҳҳои заминӣ ба дасти «Толибон» афтода буд.
Шабҳангом дар қувои ҳавоӣ ба ҳамкории дипломатҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки дар ҳоли хуруҷ аз Кобул буданд, якҷо бо Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, вазири собиқи дохила, ба Аморот мунтақил шудем.
Ман тамоми умри худро дар ҷиҳод, муқовимат ва дифоъ аз ватан сипарӣ кардам, ҳеҷ вақт хориҷ нарафтам, иллати хуруҷи ман аз ватан на ба хотири зинда мондан ва идомаи ҳаёти баъдӣ дар нӯшу неъмат буд, балки барои заминасозии хидматгузорӣ ва идомаи ваҷибаи нотамоме, ки дар қиболи наҷоти мардум ва ватани азизи хеш дорам, сурат гирифтааст. Иншоаллоҳ, дар фазои эътимод, тафоҳум, ҳамдиливу ҳамдигарпазирӣ ва дуои мардуми ранҷдидаи кишварам ва нусрати илоҳӣ ба он ноил хоҳем шуд. 

Манбаъ: рӯзномаи “Ҳашти субҳ”

 


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!