Муаллиф: АРСАЛОН ХОНЗОДА,
афсари амнияти миллии Афғонистон
Дуи шаби қабл аз суқути низом, тамосе аз тарафи раиси умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ сурат гирифт. Мо дақиқ дар ҳамин шаб омодагии амалиёт болои як зиндони террористонро дар вулусволии Морҷаи Ҳилманд доштем, ки дар он теъдоде аз низомиҳо ва мардуми бегуноҳ асир буданд.
Барои мо дастур дода шуд, ки ҳеҷ амалиёт сурат намегирад ва амилиётҳоро мутаваққиф бисозед. Ҳеҷ амалиёт сурат намегираду омода шавед ва чархболҳои UCH дар 22 соати оянда меояд ва шумо омодагии ому том дошта бошед барои баргашт ба Кобул.
Фармондеҳи қитаоти хоси раёсати 906 – и амнияти миллии Ҳилманд дагарвол Ҳазрат Муҳаммад Муҳаммадӣ буд. Аз суханҳои раиси умумии амнияти миллии кишвар ҳамаи мо тааҷҷуб кардем. Бори аввал буд раиси умумӣ барои мо иҷозаи амалиётро намедиҳад ва дастур медиҳад, Ҳилмандро бо тамоми персунал (кормадон) тарк кунед.
Сухани ӯ заҳре бар вуҷуди мо пошид. Ҳама як суханро мезаданд: чаро тарк кунем пойгоҳро?
Фармондеҳ барои ман гуфт, мавзӯъ аз чӣ қарор аст: “Генерал соҳиб, аз чизе, ки ҳарос доштам, ҳамон сурат гирифт. Муомилаи пинҳон ва замоими пинҳони Доҳа, ки генерали инглис оқои Бредли барои ман соли гузашта гуфта буд, ҳамон ба ҳақиқат табдил шуд”.
Қумандони қитаоти хоси амалиётӣ гуфт: “Ман ҷое намеравам ва ин пойгоҳ назди ман боарзиштар аз либосам аст”.
Сӯи девори утоқ ишора намуд ва бо асабоният гуфт: “Ин тасовирро бубин, генерал соҳиб, инон ононе аст, ки ба хотири ин Ҳилманд на, балки барои ҷанубу ғарб ва оромиши ватан ҷонона ва ҷонбозона аз иззату истиқлолияти кишвар дифоъ карданду шаҳид шуданд ва ҳоло ман ин ҷоро бидуни шиллики гулӯла тарк кунам ва барои чандто аҷир ва миҷар (майор)-и панҷобӣ таҳвил бидиҳам... Ҳаргиз не, ҳаргиз не”.
Барояш гуфтам: “Чӣ плон (нақша) дорӣ? Чанд рӯз муқовимат хоҳад кардем, фикр кардаӣ?”
Бо асабоният гуфт: “Фарқ надорад, мо меҷангем, шумо агар меравед, биравед. Ҳар кас меравад, биравад. Ман ин ҷоро замоне раҳо мекунам, ки дигар нафас дар тани ман набошад”.
Дубора бо раиси умумӣ тамос гирифтам ва гуфтам: “Мо ҳеҷ ҷой намеравем. Ман ва Ҳазрат Муҳаммад ва тими 121-нафарӣ омодаи дифоъ аз пойгоҳи мо, Ҳилманди мо ва арози ӯ ҳастем”.
Раиси амнияти миллӣ аз ақиби телефон бо фарёд гуфт: “Ин як дастур аст. Шумо аз дастур сарпечӣ мекунед. Ҳушдор медиҳам ва барои бори охир мегӯям, омодагии тарки пойгоҳро бигиред. Дар ғайри он масъулияти баъдӣ бар дӯши ту ва Ҳазрат Муҳаммад, қумандони қитаоти хоси амнияти миллӣ аст”.
Ва тамос қатъ гардид.
Ба сӯи тим, ки теъдоди мо дар ҷаласа 16 нафар буд, дида ва гуфтам: “Даллагии мишр (калон)-ҳо, бридмалҳои азиз ва турангенералҳои далери гумном, дар дақоиқи сахте қарор дорем. Ман наметавонам бо хуни 121 нафар бозӣ кунам”.
Генерали дуситора аз ақиби миз баланд шуд ва аслиҳаашро бар миз гузошт: “Соҳиб, мо аз рӯзе, ки вориди ин водӣ шудаем, тарки сар намудаем. Мо меҷангем ва ман омодаам. Ҳар кас, ки бо мо нест, дарвозаи пойгоҳ боз аст, метавонад фирор кунад”.
Ҷаласа бо аксарияти оро поин ёфт ва тасмим бар дифоъ аз Лашкаргоҳ (маркази вилояти Ҳилманд) ва кишвар гирифта шуд, ки бо ҳамоҳангии қули урду (горнизон) – и 215 – и “Майванд”, ки дар раъси он Самеъ Содоти хоин қарор дорад ва қумандони амнияи пулис генерал Холид Вардак тамос барқарор кардем ва хоҳони ташкили ҳалқаи занҷирӣ дар берун аз шаҳр ва дарвозаҳои шаҳр шудем.
Бар хилофи тамоми усул Самеъ Содот (дар акс) рафиқи ман ва ҳамкори мо буд. Тим омода шудем ва бо тамоми таҷҳизот ва мутарҳои низомӣ ба сӯи қули урду 215 “Майванд” ҳаракат кардем. Ҷанг дар Ҳилманд шиддат гирифта буд. Душман бо техники тамосҳои афроди нуфузӣ ва бузургон кӯшиш ба суқути пӯста (посгоҳ)-ҳо, кандак (баталён)-ҳо ва без (пойгоҳ)-ҳои муқаддаси моро дошт.
Волии Ҳилманд аввалин фарде буд, ки аз Лашкаргоҳ фирор намуд. Замоне вориди муҳавватаи қули урдуи “Майванд” дар кампи Шӯроб шудем, чархболи Black Hack омодаи парвоз буд. Сарбози артишро пурсидам ва гуфтам: “Он чархбол чаро равшан аст?”
Сарбоз гуфт: “Раиси қули урду назди шумо меояд. Ба ҳамин хотир, бо қумандони амния ба сӯи шумо дар ҳаракатанд”.
Ҳазрат Муҳаммад фарёд намуд ва гуфт: “Чархболро омоҷ қарор бидиҳед, нагузоред фирор кунанд...”
Шилликҳои паиҳами мо бенатиҷа буд ва раиси қули урду Самеъ Содот, Холид Вардак, қумандони ливои аввал, қумандони луҷстики қули урду по бар фирор гузоштанд. Бо вуҷуди шилликҳо фикр намудем, ки чархбол суқут хоҳад намуд, магар бахт ба он хоинон ёрӣ намуд ва тавонистанд тан ба фирор диҳанд ва мо дар миёни гургҳо ва муомилагарони ватан танҳо гузошта шудем.
Сарбозони артиш, ки аз ҳар тараф ва тарафи мо меомаданд, ҳеҷ кадоми онон аз муомилаи нангин хабаре надоштанд ва ҳама дар анбӯҳе аз саволот ғарқ шуда буданд, ки чӣ ҷараён дорад, чаро нерӯҳои раёсати амнияти миллӣ чархболи раиси қули урдуро омоҷ қарор доданд?
Фармондеҳи нерӯҳои қитъаи KKA-и артиши Ҳилманд низ аз мавзӯъи тамоси мо огоҳӣ надошт ва ба ҳамин хотир, аз мавзӯъ дур гузошта шуда буд, ки мабодо агар Яъқубӣ хабар шавад ва Самеъ натавонад фирор кунад. Холид Амирӣ низ дар пойгоҳ бо мо дар миён боқӣ монда буд.
Тасмимро ба раиси қитаоти хоси KKA Салоҳуддинхон ва генерал Холид Амирӣ, генерали сеситора ва ҷавони далери артиш супурдем ва дар набуди вақт хоҳони дифоъ аз пойгоҳ, таҷҳизоти низомӣ ва нерӯҳои низомӣ шудем...
Чаҳор тасмими изтирорӣ гирифтем:
1-бештар низомиҳоеро, ки соҳиби фарзанд буданд, бисёр бо мушкилот қонеъ намудем, то бо омадани чархбол ба Кобул бираванд. Бо вуҷуд, ки гулӯи ҳамаи ононро буғз гирифта буд ва бо чашмони ашкпур худоҳофизӣ бо якдигар мекардем.
2-тасмими дувум ин буд тамом шавоҳиди истихборотӣ - авроқ ва аснодро ба шумули дусияҳо ҳариқ бисозем. Ин корро ба хотири сипоҳён гумном ва соири хатарҳои эҳтимолии оянда намудем.
3 - тими Холид Амирӣ ва фармондеҳи KKA бояд низ тарки пойгоҳ намоянд, то аз талафоти бештар ҷилавгирӣ шавад.
4 - ба низомиёни артиш ва кормандони амнияти миллӣ, ки хонаҳои онон дар ҷанубу ғарб буд, дастур додем, ки ду тасмим бигиранд ё Кобул бираванд ва ё бо либосҳои мулкӣ ба сӯи хонаҳояшон ҳаракат кунанд ва ману тими 37-нафарии қитаоти хоси амнияти миллӣ ба раҳбарии Ҳазрат Муҳаммад Муҳаммадӣ сӯи раёсати амнияти миллии Ҳилманд дубора бармегардем то дар он ҷо то охирин нафас биҷангем.
Мо ин тасмимҳоро бисёр бо мушкилоти сахт гирифтем. Намехостем дар ин муомилаи нангин авлодҳои ҳамкорони мо ятим шаванд. Ба ҳамин хотир, мо тиме аз ҷавононро ташкил додем.
Тавонистем дар 11 соат дар 29 парвоз бо се ҳеликуптар UCH ва C17 ба шумули 691 низомиро аз кампи Шӯроб берун бисозем. Теъдоди нерӯҳои артиши кампи Шӯроб бисёр зиёд буд, вале онон дар ҷараёни як ҳафтаи пеш ба дастури Самеъ Содот бо баҳонаҳои рухсатӣ бар хонаҳояшон фиристода шуда буданд. Қули урду, ки зарфияти ҳашт ҳазор нафарро дошт, ба таърихи 22 август бештар аз чизе, ки тасаввур мекардем, боқӣ монда буд.
Дар зимн дар пойгоҳи низомии Шӯроб 7 дастгоҳ ҳеликуптар UH, C60, Black Hawk низ қабл аз фирори Самеъ Содот мавҷуд буд, дар ҳоле, ки 6 адади он субҳи як шаби қабл бо теъдоде аз асокири қитаоти хос ба Кобул фиристода шуда буд. Як тими 17-нафарӣ аз бачаҳои қитаоти хосро вазифа супурдем, то аз пойгоҳ ва кампи Шӯроб муҳофизат кунанд, ки мабодо васоили он ва соири таҷҳизот ба ғорат бурда шавад, ки баъд аз ду рӯзи суқути Кобул тим 17-нафари мо тавониста буд аз камп муҳофизат кунад.
Дар ҳоле, ки дар саросари кишвар тамоми пойгоҳҳо ва ба шумули пойтахт дар суқут қарор гирифта буданд, магар нерӯҳои амнияти миллии мо бисёр бо шаҳомат тавонистанд то охирин нафасҳояшон ва гулӯлаҳояшон аз он камп муҳофизат кунанд, ки мутаассифона, дар он даргириҳо 17 тан аз низомиҳои амнияти миллӣ қарори асомӣ (номҳо)-и зайл (Хабир, Акбар, Мелод, Василхон, Раисхон, Довуд, Ҳорун, Забеҳ, Ҷаннатгул, Садиқ, Шукруллоҳ, Ҳабибуллоҳ, Аббос, Идрис, Сангар, Мутеъуллоҳ ва Ҳамидуллоҳ ба мақоми волои шаҳодат ноил гардиданд).
Як лаҳзаи ҷанг. Аксҳо аз Арсалон Хонзода
Ман ва тимам бо 27 нафар аз кормандон бар сӯи раёсати амнияти миллии кишвар ҳаракат намудем ва он ҷоро пойгоҳи мустаҳкам барои дифоъ сохтем, ки мутаассифона, бо вуҷуди камбуди нерӯи мо бештар аз 21 соат муқовимат натавонистем, чун мо дар муҳавватаи таъмир қарор доштем ва душман бо истифода аз рокетҳои RPJ, SPJ 9,82 утоқҳои рулро, ки мо аз он шиллик мекардем, ҳадаф қарор медод, ки бо вуҷуди андохтҳои сангини душман тими мо 21 соат дар миён дуду борут ва гулӯлаҳои доғ набарди ҷонона ва мардона аз иззати кишвар ва хоки муқаддаси мо муҳофизат кардем ва дигар тавони ҷангиданро надоштем.
Мутаассифона, бо вуҷуди як шабонарӯз ҷангидан бо аз даст додан ва шаҳодати 22 тан аз ҳамсангарон ва захмӣ шудани ману 5 ҳамкори дигари мо ҷанг поин ёфт. Бо вуҷуди қавонини ҷангӣ мо дар ҷараёни асир шудан ва дар ҳоле, ки захмӣ будем, шиканҷа шудем, ки ин хилофи усули ҷангӣ мебошад.
“Толибон” ба ҳамкории як генерали инглис ва тими сиҳии Салиби Сурх моро бо ҳолати захмӣ баъд аз ҳафт соат таслим намуданд ва баъди он чизе ба ёдам намондааст. Чун захмӣ будам ва ду гулӯла бар баданам асобат карда буд. Баъд аз се шабонарӯз аз ҳолати кома берун шудам ва он замон буд, ки фаҳмидам ман дар таърихи 27 август дар шифохонаи низомии дохили майдони ҳавоии Кобул бистар будам!
Истамбул, Туркия,
Муассисаи мутолиоти стратегӣ