Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: شرطبندی پرریسک روسیه روی طالبان
Биёед, бар хилофи маъмул, ин таҳлилро бо як пурсиши содда, аммо калидӣ оғоз кунем: оё Русия дар машварат бо Чин ва қудратҳои бузург дигар, иқдом ба шиносои Толибон намуд? Агар посух мусбат бошад, метавон гуфт иҷмоъи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар бораи назми навини Афғонистон таҳти султаи Толибон шакл гирифтааст. Аммо агар посух манфӣ бошад, ин пурсиш матраҳ мешавад: Русия то куҷо ҳозир аст барои ин иқдоми пурриск ва асаргузор пеш биравад ва ҳазина бипардозад?
Он чӣ аз завоёи мухталифи таҳлилҳо ва назариёт дар бораи ин иқдоми ғайримунтазираи Русия бармеояд ин аст, ки Маскав эҳтимолан бидуни машварати воқеӣ ва расмӣ бо Чин ва соири қудратҳои бузург, аммо бо ҳамоҳангиҳои зимнӣ ва табодули паёмҳои иттилоотии маҳдуд, Толибонро ба расмият шинохт. Ин тасмим бар мабнои манофеъи амниятӣ ва геополитикии Русия гирифта шуд; Ҳарчанд мумкин аст бо манофеъи ҳаётӣ ё зимнии соири бозигарони минтақаӣ ва фаромитақаӣ дар тазод қарор гирад. Бо ин вуҷуд, Маскав ин рискро пазируфта ва вориди як таомули сарнавиштсоз дар бораи ояндаи Афғонистон шудааст.
Русия ва Чин агарчи дар ҷиҳати амрикоизудоӣ аз минтақа, эҷоди занҷирае аз иттиҳодҳои вокунишӣ дар баробари Иёлоти Муттаҳида ва тарроҳии ибтикорҳои дипломатик ҳамсӯ амал мекунанд, аммо таҷриба нишон додааст, ки дар лаҳзоти ҳассос, Маскав гоҳ ба танҳоӣ даст ба иқдом мезанад. Афғонистон ҳамвора майдони рақобати қудратҳо будааст ва Русия ҳам бозигаре нест, ки бидуни муҳосибаи вокунишҳои дигарон, беҳарос амал кунад. Ҳар ҳаракати Русия ва ё ҳар қудрати дигаре дар ин майдон, мубтанӣ бар муҳосибаи дақиқи риск, имкони дафъи ҳамла ва тавони вокуниши мутақобил аст.
Чин дар баробари ин иқдоми Русия, сукуте муҳосибашуда ва мӯҳтотона ихтиёр кард то ҳазинаи иқдом мутаваҷҷеҳи худаш нашавад ва ҳамзамон аз ин фурсат барои арзёбии вокунишҳо ва омодасозии бистари муносиб барои иқдомоти эҳтимолии оянда баҳра бибарад. Ин рӯйкарди мӯҳтотона на танҳо дар сиёсатҳои дипломатии Чин, балки дар иқдомоти амниятӣ, тавсеаталабиҳои иқтисодӣ ва геополитикии Пекин низ ба чашм мехӯрад.
Дарвоқеъ, ҳеҷ иҷмоъи воқеӣ ё ҳамгироии амиқи идеологӣ миёни Русия, Чин ва Эрон дар заминаи назми навини ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Он чӣ ин кишварҳоро дар канори ҳам қарор дода, мувоҷиҳа бо чолишҳои муштарак ва ногузир аст, на иттиҳоди фикрӣ ё стратегии пойдор. Шиносоии Толибон аз сӯи Русия акнун як маҳаки муҳим барои соири кишварҳо аст то вокунишҳо, фурсатҳо ва таҳдидҳоро бисанҷанд.
Русия ин моҷароҷӯиро бо муҳосиботе, ки назди худаш муваҷҷаҳ аст, анҷом дод ва таваққӯъи ҳимояти фаврӣ аз сӯи Чин ва соири муттаҳидонро ҳам надорад. Дар ин бозии пурриск, Маскав танҳо истодааст ва омода аст баҳои ин тасмимро бипардозад. Иқдоми Русия як паёми геополитикии ошкор ба Ғарб дорад: “Мо метавонем назми дипломатии минтақаро бидуни ризоят ё мушорикати Амрико бозофаринӣ кунем.”
Дар умқи ин тасмим шояд аҳдоф иттилоотӣ ва амниятӣ низ нуҳуфта бошад: нуфуз дар сохтори Толибон, мудирияти таҳдидҳои террористӣ ва муқобила бо талошҳои душманони Маскав барои тазъифи ҷойгоҳаш дар минтақа. Бо ин ҳол, хатари такрори иштибоҳоти таърихӣ ва афтодани дубора дар ботлоқи Афғонистон ҳамчунон вуҷуд дорад.
Дар ниҳоят, ин тасмими Русия метавонад барои муттаҳидонаш ҳамчун Чин ва Эрон низ фурсатҳое барои манёври дипломатӣ ва амниятӣ эҷод кунад, бидуни он ки ҳазинаҳои аслӣ мутаваҷҷеҳи онҳо бошад. Бад-ин тартиб, мафҳуми иҷмоъи минтақаӣ дар қиболи Толибон ранг мебозад ва чандҷонибагароии меҳвари шарқ, беш аз пеш чеҳрае пароканда ва манфиатмеҳвар ба худ мегирад.
Русия ин бор танҳо, бидуни машварати воқеӣ бо Чин, Эрон, Ҳинд ва ҳатто Ғарб, тасмим гирифт бо такя бар иттилоот ва баровардҳои майдонӣ, ҳалқаи нуфузаш дар Афғонистонро густариш диҳад ва паёми равшане ба руқабо бифиристд: омодаем то ҳазинаҳои ин бозиро бипардозем.