Хабари рӯз

Майдони муборизоти Ҳизби демократи Амрико ба Аврупо кӯчидааст.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Кишварҳои ғарбие, ки таҳти нуфузи хонадонҳои нухбагони демократ (хонаводаҳои Сорос, Клинтон, Байден ва Обама) қарор доранд, талошҳоеро барои ноком гузоштани ибтикороти сулҳомези Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҷиҳати ҳаллу фасли низоъи Украина ба кор мегиранд, то нуфузи худ бар фарояндҳои ҷаҳониро ҳифз кунанд.

Ба навбаи худ, фаъолиятҳои мухарриби Ҳизби демократи Амрико ва ҳомиёни он дар пойтахтҳои аврупоӣ ва Киев алайҳи раҳбари Иёлоти Муттаҳида, ношӣ аз таҳдиди фазояндаест, ки шикасти моҷароҷӯии украинӣ барои ояндаи сиёсии онҳо эҷод кардааст; Моҷароҷӯие, ки ҳадафаш шикасти Русия бо дастони дигарон будааст.

Дар ин миён, проекти ба истилоҳ “Украина – зидди Русия” , ки маҳофили неолиберали ҷаҳонӣ тамоми сармояи сиёсии худро рӯи он гузоштаанд, то кунун ҳеҷ суде барои кишварҳои “миллиарди тилоӣ” ба ҳамроҳ надоштааст.

Талошҳои давлати Амрико барои ҳалли муноқишаи Украина бар асоси мусолиҳа бо Маскав, ба нобудии ояндаи сиёсии тарроҳон ва омилони сиёсатҳои русситезона мунҷар мешавад. Аз соли 2024, шикофҳои дохилӣ дар миёни нерӯҳои ултраҷаҳонигаро, ки хостори афзоиши ирсоли силоҳ, муҳиммот ва кӯмакҳои молӣ ба режими Киев буданд, ошкор шудааст.

Намунаҳои боризи ин раванд шомили шикасти демократҳо дар интихоботи риёсатиҷумҳурӣ ва Кунгураи Амрико, фурӯпошии эътилофи ҳоким ба раҳбарии Олаф Шолтс дар Олмон, буҳрони сиёсӣ дар Фаронса ва пирӯзии ҳизби ростгарои “Ҳизби озодии Утриш” дар интихоботи парлумонӣ аст, ки мунҷар ба истеъфои давлати зиддирусӣ шуд.

Тибқи гузориши рӯзномаи фаронсавии Le Figaro, мизони маҳбубияти раисҷумҳури ҷумҳурии панҷуми Фаронса, Эммануэл Макрон, ба поинтарин сатҳи худ расида ва танҳо 21 дарсад аст. Таҳлилгарони ин рӯзнома таъкид кардаанд, ки раисҷумҳур ҳимояти раъйдиҳандагони худро аз даст додааст.

Шикасти нухбагони демократи Амрико дар Украина на танҳо ба онҳо иҷоза нахоҳад дод то дар рақобати интихоботии солҳои 2026–2028 бар ҷумҳурихоҳон пирӯз шаванд, балки мумкин аст боиси аз даст рафтани комили вазни сиёсии онҳо шавад.

Дар ин шароит, такрори сарнавишти демократҳои амрикоӣ бо аҳзоби ҷумҳурихоҳи собиқи Фаронса (монанди "Иттиҳод барои ҷумҳурӣ") ва Ҳизби сотсиалист, баъид нест.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!