Хабари рӯз

Рӯзи истиқлоли дурӯғин чӣ манфиат дошт/дорад?

Нависанда: Муҳаммад Абдуллоҳ, рӯзноманигор, махсус барои “Сангар”

“Афғонистон дар масири таърих” таълифи Ғулом Муҳаммад Ғубор ва “Афғонистон дар панҷ қарни ахир” таълифи Муҳаммад Сиддиқ Фарҳанг аз ҷумлаи манобеи мӯътабари форсии таърихи Афғонистони ду қарни ахиранд, ки ҳарду нависандаи нозиру дахили вазъият буданд.

Дар зимни кутуб, хотирот, мақолоти пажӯҳишӣ ва осори мактуби бойгонишудаи фаровон дар ин бора мавҷуд аст, ки дар тамоми онҳо рӯзи 28 асад 1298 ё 19 августи 1919 таърихи истиқлоли Афғонистон нест ва ё дар ин рӯз коре барои истиқлол сурат нагирифтааст.

Дар тамоми манобеъи мӯътабар, хронологияи ҳаводису рӯзҳои муртабит ба ин баҳс, чунин сабт шудаанд:

- Рӯзи 30 далви 1297 (20 феврали 1919) қатли амир Ҳабибуллоҳ, падари Амонуллоҳхон.

- 4 ҳути 1297-21 феврали 1919  эълони подшоҳии Амонуллоҳхон.

- 9 ҳути 1297 (28 феврали 1919) Амонуллоҳхон дар эъломияе эълони истиқлол кард (1).

- 27 марти 1919 ба расмият шинохтани истиқлоли Афғонистон тавассути Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ.

- 24 ҳамали 1298 (13 апрели 1919) суханронии Амонуллоҳхон, ки эълони истиқлол кард (2).

- 17 асад 1298 (8 августи 1919) имзои муоҳидаи сулҳи Ровалпиндӣ.

- Дар соли 1312 (1933) Нодирхон аз бист (11) то 28 асад (19 август) - ро рухсатӣ ва ҷашни истиқлол мушаххас кард.

- Дар соли 1318 (1939) Зоҳиршоҳ 6 ҷавзо (28 май)-ро таърихи истиқлол муайян кард.

- Дар соли 1322 (1943) Зоҳиршоҳ ҷашни истиқлолро ба ҳафтаи аввали сунбула (даҳаи сеюми август) интиқол дод.

- Баъд аз кудатои 1352 (1973) Довудхон 6 ҷавзо (27 май)-ро ҷашни истиқлол таъйин кард.

- Дар соли 1358 (1979) ҳукумати Ҳизби демократики халқ 28 асад (19 август)-ро рӯзи истиқлоли Афғонистон эълон кард ва то кунун ин дурӯғи таърихиро ба хӯрди мардум Афғонистон додаанд, ки Ашраф Ғанӣ дар таҷлили садсолагии он ифрот кард.

Замоне, ки машғули фаъолияти расонаӣ будам, даҳҳо маҷлис ва мубоҳисаи ҷамъиву инфиродӣ ва чандин барномаи телевизионӣ бо пажӯҳишгарони таърих доштам, ки ба истиснои устод Ҳабибуллоҳ Рафеъ, дигарон таҷлил аз рӯзи 28 асадро дурӯғину берабт гуфтаанд.

Профессор Абдулхолиқ Лаълзод навиштаи Ғубор дар бораи истиқлоли Афғонистон дар 28 феврали 1919-ро эътирофи қисмӣ медонад.

Равоншод устод Муҳаммад Қасим Ахгар ва зиндаёд устод Ғулом Муҳаммад Муҳаммадӣ 9 ҳути 1297 (28 феврали 1919)-ро ба истиқлоли Афғонистон муртабит медонистанд ва на рӯзи истиқлол.

Марҳум Абдулҳамид Мубориз 24 ҳамали 1298 (13 апрели 1919)-ро рӯзи истиқлол медонист ва таъкид бар он дошт.

Рӯҳи гузаштагон шод ва ёдашон гиромӣ бод!

Ҳадафи ман аз ин навишта баҳси моҳияти истиқлол набуда, балки тарҳи масъалаест, ки чаро зимомдорони давраҳои мухталиф ва таҳсилкардагони тарафдорашон бар таваҳҳумоте дил хуш карданд? Чаро таъкид бар дурӯғу ҷаъли таърихи истиқлоли кишвар доштанду доранд ва бобати ин ҷаъли таърих чӣ манфиате насибашон мешавад, ки аҳли тахассуси ҳавзаи марбута, беҳтар салоҳияти ибрози назар доранд.

ПАЙНАВИС:

(1) Ғулом Муҳаммад Ғубор. ”Афғонистон дар масири таърих”, чопи Теҳрон, с. 775;

(2) Мирмуҳаммад Садиқ Фарҳанг. “Афғонистон дар панҷ қарни ахир”, чопи Теҳрон, с. 548;

(3) Ба хотири ҷилавгирӣ аз тӯлонӣ шудан аз зикри соири таърихҳои соли 1919 сарфи назар кардам.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!