Шавҳараш муншӣ Ҳайдар Алӣ Аҳрорӣ аз наводагони Убайдуллоҳ Аҳрор, шайхи бузурги тариқати Нақшбандия буд
Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”
Дар ин ҳолат, ки Толибони нодон ва мутаҳаҷҷир занро дар қафас кардааст, достони Бибӣ Марями Cангӣ барои ҳама бисёр омӯзанда аст. Мардуми муртаҷеъ ва занситез ин номро хостанд аз таърих маҳв кунанд, ки натавонистанд. Ин достон на танҳо занситезии гузаштагонро нишон медиҳад, дар айни замон фарҳангзудоии кишварро ба тарсим мекашад ва таърихи кишварро тахриб мекунад.
Номи Кӯтаи Сангӣ ба поси мақоми адабӣ ва иҷтимоии шерзани истибдодситез, суханвар ва мубориз мусаммо гардида, ки дар авҷи ҳокимияти истибдодии Амир Абдурраҳмонхон аз касе наҳаросида, бар мустабидин тохт ва бар золимон хӯрда гирифта, аз мардуми хеш ҷонибдорӣ кард. Ин шерзан Марям маъруф ба Бибӣ Сангӣ ва Бибӣ Сайида, яке аз бузургзанони суханвари кишвар дар нимаи нахусти садаи бистуми мелодист, ки дар он асри ниматорик, на танҳо машъали адабиёту ирфонро ба даст гирифт, балки дар муборизоти истиқлолталабонаи ҷавонони меҳанпарасти кишвар низ ширкат ҷуста ва шоҳи истиқлолбахш, Амонуллохонро дар нахустин дақоиқ бар арикаи салтанати Афғонистон, ташвиқ ба таҳсилу истиқлоли сиёсии кишвар намуд.
Бибӣ Сангӣ ба иллати сароиши шеър, ки дар он ташаддуди дарбори амир Абдурраҳмонро дар саркӯби мардум ба интиқод гирифта буд, равонаи зиндони сиёсӣ шуд. Чун ӯ зане буд донишманд ва таҳсилкарда, амир метарсид, ки афкори вай дар бедории занони зиндонӣ муассир афтода ва асбоби дарди сари дигареро барои давлати ӯ фароҳам хоҳад овард.
Аз сӯйи дигар номае аз зиндаёд Адулҳодӣ Довӣ, ки дар тамҷид аз рад намудани мулоқоти Ҷорҷи Панҷум, подшоҳи Англистон тавассути генерал Муҳаммад Валӣ Бадахшӣ дар тобистони соли 1921 мелодӣ навишта шудааст, нишон медиҳад, ки Биби Сангӣ дар мудовимат ва пофишорӣ дар хостаҳои хеш дар миёни аҳли дарбор зарбулмасал будааст, зеро ӯ тарафдорони муомила бо ҳукумати Ҳинди Бритониёиро ба ҷойи музокира бо ҳукумати Лондон, ки дар ҷараёни музокироти истиқлоли кишвар поймардона хостори он буданд, бо киноя “Духтари Сангӣ Бобо” хонда буд ва ҳамин иллатҳо сабаб гардид, то амир Абдурраҳмон дастур диҳад, ки силлули таҷридие барои ӯ дар яке аз нуқоти дурафтодаи Кобул бино кунанд. Ва кутвол (раиси пулис)-и Кобул, ки масъули дастгоҳи “бигиру бубанд ва бикуш”-и амир буд, нуқтаеро дар даште, ки дар миёни Қалъаи Воҳид, Қалъаи Ниёзбек, Қалъаи Ҷавод ва Қалъаи Кулӯхаки Чаҳордеҳи Кобул воқеъ буд, баргузид ва дар зарфи се рӯз силлуле аз санг ва паҳрадор барои он эъмор кард ва Бибӣ Сангиро ба он ҷо интиқол доданд.
Ба қавли Фарид Азимӣ, ки робитаи хонаводагӣ бо Биби Сангӣ дорад, дар дафтари кутволӣ, ин силул ба номи Кӯтаи Бибӣ Сангӣ сабт гардид, ки ба мурури замон минтақа ба ҳамин ном маъруф гардида, вале ба хотири риояти ихтисори мардум лафзи “бибӣ”-ро аз он ҳазф намуда, ба ду маънӣ он ҷоро “Кӯтаи Сангӣ” номиданд. Бо он ки дар аҳди Амонуллохон ин силулро вайрон карданд ва дар даврони номгузориҳои “пашту таваллунаӣ” номи он минтақаро низ табдил намуда, “Мирвайс Майдон” номиданд, вале то ба имрӯз он ноҳияро бидуни ин ки ваҷҳи тасмияашро бидонем, “Кӯтаи Сангӣ” мехонем.
Чун шавҳари Биби Сангӣ муншии дарбори амир буд, бо рӯйдор сохтани бузургон ва мутанаффизин, ба вижа бо воситаи сохтани Муншӣ Султон Муҳаммад Мир, амирро водор ба афви ӯ сохта ва яке ду моҳ баъд фармон содир гардид, ки Бибӣ Сангӣ ба иллати сиёдаташ ва риояти хотири шавҳараш муншӣ Ҳайдар Алӣ Аҳрорӣ, ки аз наводагони ҳазрати Убайдуллоҳ Аҳрор, шайхи бузурги тариқати Нақшбандия буд, аз зиндон озод гардид.
Бибӣ Сангӣ дар соли 1243 хуршедӣ (1864 мелодӣ) дар шаҳри Кобул дида ба ҷаҳон гушуд ва падараш Сангӣ Муҳаммад, маъруф ба Сангӣ Бобо Ғозӣ аз содоти ҷалилулқадри Кунар, олими мӯътабари динӣ ва яке аз саркардагони муҷоҳидини миллӣ дар ҷангҳои аввал ва дувум бар зидди истеъморгарони Англис буд.
Литсейи Марям в Хайрханаи Кабул, аввалин мактаби асрӣ барои духтарон дар Афғонистон, низ ба номи ӯ гузошта шудааст.