Хабари рӯз

Аксарияти қотеъи ҳокимони Афғонистон ходим ва ғуломи ишғолгарон буданд.

Нависанда: доктор Фазлмануллоҳ Мумтоз, махсус барои “Сангар”

Дар акс: Донишҷӯёни бейрутии СиАйЭй – Ашраф Ғанӣ, Залмай Халилзод ва дигарон.

Хоҷа ва ғулом кадом яке вафодоранд?

Хоҷаӣ ва ғуломӣ яке аз падидаҳои башариву торихӣ аст, валекин бо тағйири замону макон шаклу навъияти он мутафовит мебошад. Ғулом будан ва ғуломӣ яке аз сифатҳои макрӯҳу манфур аст, валекин бисёре аз ашхос таҳти таъсири шаҳват, шӯҳрат, сарват ва ҳирси қудрат ва бархи дигаре нохудогоҳ дар хидмати ишғолгару истеъмору аъмоли он қарор мегиранд.

 Дар таърихи ғуломон ва ҳамкорӣ бо ишғолгар номи Шоҳ Шуҷоъ дар сари забонҳо ва сафаҳоти кутуби таърих зиёд такрор мешавад, агарчи аксарияти қотеъи ҳокимони Афғонистон дар сад соли ахир ходим ва ғуломи ишғолгарон будаанд, вале чун худи мо таърихи зиндаи панҷоҳ соли ахири ду давраи ишғолгарон ва ғуломҳои мутааддид будему ҳастем, на ишғолгар иқрор намудааст, ки дар Афғонистон ба хотири ишғол омадааст ва на ғуломон эътироф намудаанд, ки ғуломанд.

Дар баъзе аз баҳсҳои телевизионие, ки дар даврони ҷумҳурӣ ширкат мекардам, вақте мегуфтам, Афғонистон таҳти идораи ишғолгар қарор дорад ва ин ҳукумати дастнишонда аст, ҳама ҳарос доштанд ва тааҷҷуб мекарданд. Аз ман такроран савол менамуданд, ки “шумо Афғонистонро ишғолшуда медонед?” ва инро тавҳин бар миллати Афғонистон мехонданд.

Аммо насли оянда дар сафаҳоти таърих хоҳад мутолиа намуд, ки Ғанӣ, раисҷумҳури дастнишондаи Амрико дар Афғонистон, дар фалон таърих фирор намуд, мисле ки худаш эътироф кард, “мо ба Амрико эътимод доштем, вале иштибоҳ карда будем”. Илова бар он дар Донишгоҳи Кобул гуфт: “Ман Амонуллоҳхонро дӯст дорам, вале он чизе ки моро нороҳат сохтааст, фирори ӯ буд. Ман одами фирор нестам”. Ба ин қавл, сифати одамиятро аз худ нафй намуд.

Мавзӯеро, ки ман мехоҳам матраҳ намоям ин аст, ки баъди иқрор ва эътирофи Ғанӣ, Бабрак Кормал ва ҳатто Шоҳ Шуҷоъ ғуломҳо вафодортар аз хоҷагонанд. Ғуломҳо як васила барои таҳқиқи аҳдофи хоҷагон ва ишғолгарон аст ва на ҳадафи онҳо, чунончи ғуломҳои аҳмақ фикр мекунанд.

Дар айни замон ишғолгарон ғуломҳои мутааддид медошта бошанд, то аз ҳар яки онҳо дар вазоифи мутааддид ва дар мароҳили мутанаввеъ кор бигиранд ва истеъмол, истихдом ва истеҳмор намоянд. Дар навбати худ ин ғуломҳо бо ҳам дар рақобат ва мусобиқа мебошанд, то бештар ризоят ва қаноати хоҷаи худро ба даст оваранд.

Ғанӣ, Халилзод ва рафиқони онон дар Донишгоҳи амрикоии Бейрут бештар аз 50 сол монанд робитаи бачаву падар ба созмони истихборотии Амрико - СиАйЭй доштанд. Ҳар як аз инҳо саъй мекарданд то хидмати бештар ба хоҷа анҷом диҳанд. Ҳамеша дар рақобат буданд. Аз давраи таҳсилашон дар Бейрут, ҳамеша саъй карданд, ки барномаҳои ҳамдигарро ноком бисозанд, чунончи аз мусоҳибаҳои ҳарду тараф ва изҳороти Руло Ғанӣ ба дурустӣ фаҳмида мешавад.

Дар ин матлаб ба қавли Расул Мусавӣ, дастёри вазири хориҷаи Эрон рӯй меоварам, ки гуфтааст: “Барномаи Халилзод барои раванди сулҳ набуд, балки ба хотири тағйири режим буд. Ғанӣ новақт фаҳмид, ки аз куҷо зарба хӯрда, вале замонаш гузашта буд. Ғанӣ бо фирори худ дониста ва ё нодониста сенарияи Халилзодро ноком кард”.

Хоҷаву ғулом дар Афғонистон ҳама як сарнавишт доштанд – расвоии таърихӣ. Аммо ин иттиҳоди шуми онҳо буду ҳаст, ки шаби Афғонистон ҳеҷ ба саҳар намерасад ва рӯи ободиву озодиро намебинад. Ин кишвари мазлум ҳамеша ва батакрор даст ба дасти хоҷагону ғуломон будаву маълум нест, ки то кай хоҳад буд...


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!