Дар таҷовуз ва мудохилоти низомӣ ба кишварҳои дигар бо Иёлоти Муттаҳида касе рақобат карда наметавонад
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар
ДАР АКС: 1. Бархӯрди ҳавопаймоҳои террористӣ ба бурҷҳои Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ дар Ню-йорк. 2. Режаи нерӯҳои Саддом Ҳусайн дар майдони Бағдод. 3. Саддом Ҳусайн. 4. Нови ҳавопаймобари амрикоӣ дар Халиҷи Форс. 5. Ҷангандаи F15 дар ҳарими ҳавоии Афғонистон. 6. Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон. 7. Усома ибни Лодан. 8. Раисҷумҳури Амрико қудрати размии артиши Амрикоро рӯи сафҳаи телевизион нишон медиҳад. - Манбаъ: www.furfur.me
Дар расонаҳои умумӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, метавонед мақолотеро биёбед, ки Русияро ба сиёсати таҳоҷумӣ муттаҳам ва талош мекунанд, онро як кишваре қаламдод кунанд, ки ҷангҳои таҷовузкоронаро дар хориҷ аз қаламрави худ ба роҳ андохтааст. Бале, беҳтарин тактика барои дур андохтани иттиҳомот алайҳи худ, ин иттиҳом бастан ба дигарон аст.
Феҳристи мудохилоти низомии Амрико дар хориҷ аз қаламраваш ҳайратангез аст. Касе ҳам бо ин кишвар дар теъдоди таҳоҷумот ба ҳамсоягонаш душвор аст, ки рақобат кунад. Аммо амрикоиҳо ба далоиле тамоюл доранд ба дигарон ёд диҳанд, на худ ёд бигиранд. Он гуна нишон диҳанд, ки ҳарф ҳарфи онҳост ва бояд маҳз ҳамон ҳарф ҳамчу ҳақиқат пазируфта шавад.
Ҳоло як мурур мекунем ба таърих ва бубинем, ки мутаҷовиз кист. Феҳрист кунем, ки Иёлоти Муттаҳида ҳадди ақал дар 30 соли гузашта ба куҷо ҳамла кардааст, зеро агар давраи тӯлонитаре дошта бошед, ба қавли Мавлави Рум, ман-ман коғаз кор аст.
1991 - Халиҷи Форс. Озодсозии Кувайт, ки қаблан тавассути Ироқ ишғол шуда буд.
1992 - Сомалӣ. Мушорикат дар амалиёти ҳифзи сулҳи Созмони Милал.
1992 - Босния ва Ҳерзговина. Ширкат дар ҷанги Босния, ки санги таҳдоби фурӯпошии Югославияи федералро гузошт.
1994 - Ҳаитӣ. Мудохилае, ки бо таъйиди Созмони Милал сурат гирифт.
1999 - Югославия. Ҷанги НАТО алайҳи Ҷумҳурии федеративи сотсиалистии Югославия, ки баъд Югославия фурӯ пошид ва аз харитаи ҷаҳон ҳазф шуд.
2001 - Афғонистон. Ин ҷанг расман дар соли 2014 поён ёфт, аммо амрикоиҳо дар соли 2021 бо аҷала, бидуни огоҳ кардани муттаҳидон дар як шаб ин кишварро тарк карданд, ки аз сӯи бисёриҳо ҳамчун фирор арзёбӣ шуд.
2003 - Либерия. Дувумин ҷанги дохилӣ дар ин кишвари африқоӣ.
2003 - Ироқ. Сарнагунии Саддом Ҳусайн ва идомаи ишғоли Ироқ, ки ба гуфтаи манобеъи мухталиф то кунун ба қимати ҷони 650 ҳазор ироқӣ тамом шудааст.
2004 - Покистон. Ҳамлаҳо ба вилоятҳои шимолии ин кишвар.
2011 - Либия. Ҳамалоти ҳавоӣ ва шиллики мушак. Сарнагунӣ ва террори Муаммар Қаззофӣ, раҳбари як кишвари мустақил ва эҷоди ҳарҷу марҷе, ки то ба имрӯз бевақфа идома дорад.
2014 - Сурия. Таҷовуз ба ин ҷумҳурии арабӣ, ки то имрӯз идома дорад.
2014 - Яман. Ҳамалоти мушакӣ ба мавозеъи ҳусиҳо, ҳимоят фаъоли кишварҳои дигар, ки талош доранд Яманро тикка тикка кунанд.
2015 - Камерун. Амалиёт низомӣ.
2015 - Либия. Дувумин мудохилаи низомӣ дар кишваре нафтхез ва ҷангзада.
ХУЛОСА: Иёлоти Муттаҳида пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба як қудрати яккатоз дар ҷаҳон табдил ёфт ва майдонро холӣ дида, ҳар таҷовуз ва мудохилаи низомиеро, ки аз дасташ омад, ба худ иҷоза дод. Дар ин миён низоми амниятии Ховари Миёнаро аз байн бурд ва сарватмандтарин ва нафтхезтарин минтақаи ҷаҳон ҳоло ба як гирдоби ноамнии музмин афтода, садҳо ҳазор танро қурбонӣ гирифтааст. Ҳамчунин сарнавиштро ба сари Либия овард, ки як кишвари орому амн ва худкифо буд ва акнун дастнигару ноамну бесубот шудааст.
Амрико, ки замоне ба мардуми Афғонистон демократия ва озодӣ ваъда дода буд, бо як фирори аҷулона онҳоро ба панҷаҳои оҳанини терроризму ифротгароӣ супурд. Ҳоло дарвоқеъ Афғонистон як кишварест, ки 100 дар 100 дар ихтиёри террористон қарор дорад, зеро Толибон ҳанӯз як гуруҳи террористӣ дар “феҳристи сиёҳ”-и аксарияти кулли кишварҳои ҷаҳон ҳастанд ва беш аз 20 созмони террористии ҷаҳониву минтақаӣ, аз ҷумла ДОИШ-ро дар қаламрави худ паноҳ додаанд. Додаҳои истихбороти минтақаӣ ривоят аз ин мекунад, ки Амрико тайи 20 соли ҳузури худ дар Афғонистон ба бистарсозӣ барои созмонҳои террористӣ машғул буд, на овардани “демократия ва озодӣ”.
Ба қавли шоир:
Қадами номубораки Маҳмуд,
Ҳар куҷое расад, барорад дуд.
Ҳоло Русия:
1992 - Ҳаллу фасли муноқиша дар Приднестрове ва эҷод як гурӯҳи ҳофизи сулҳ барои ҷудо кардани тарафҳои даргир, ки ба минтақа сулҳ овард.
2000 – Оташи ҷанги дохилӣ дар Чеченистон фурӯкаш шуд. Грозний, ки ба дӯзахи заминӣ табдил ёфта буд, акнун як шаҳри зебо ва мураффаҳ аст, Чеченистон дар талош аст то ба “истироҳатгоҳи Русия” табдил шавад. Ҳуқуқи мусулмонон риоят мешавад, сармояҳои калоне дар минтақа ворез мешавад.
2008 - Дифоъ аз Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ, ки мардумаш аз Гурҷистон норозӣ буданд. Артиши Русия метавонист ба роҳатӣ Тифлисро дар тайи як ҷанги кӯтоҳ тасарруф кунад, аммо ин корро анҷом надод ва бо намоиши нерӯи низомӣ иктифо кард. Сулҳу салоҳ танзим шуд.
2015 – Сурия. Мушорикати нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар амалиёти низомӣ алайҳи созмонҳои террористӣ, назири ДОИШ-у Алқоида, дар канори нерӯҳои давлатӣ. Ҳимоят аз давлати қонунии Сурия. Дар ин кишвар раванди ҳаллу фасли сулҳомез ҷараён дорад.
2020 - Хунрезӣ байни Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳистониро мутаваққиф кард ва нерӯҳои ҳофизи сулҳро дар ин кишвар мустақар кард, то тарафайнро ҷудо ва аз даргириҳои ҷадид ҷилавгирӣ кунанд. Сулҳ дар минтақа.
2022 - Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба унвони бахше аз СПАҶ (Созмони паймони амнияти ҷамъӣ) дар ҳаллу фасли вазъияти Қазоқистон ба дархости мақомоти маҳаллӣ ширкат карданд. Дар Қазоқистон сулҳу оромиш ҳоким шуд.
Тафовути иқдомоти низомии Амрико ва Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле ба содагӣ қобили мушоҳида аст. Мо дар бораи Украина наменависем, зеро ҷанг тамом нашудааст. Аҳдофи воқеӣ ва ҳақиқати рӯйдодҳои Украинаро пас аз поёни он хоҳем фаҳмед. Фикр мекунам, ҳақоиқи ҷолиби зиёде рӯи об хоҳад баромад.
Аммо он чӣ дар ин ҷанг дида мешавад, шабоҳатҳои бемисли он ба Афғонистонест, ки замоне аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ (ки Русия вориси он маҳсуб мешавад), ишғол шуда буд. Он замон низ Амрико муҷоҳидини Афғонистонро алайҳи Шӯравӣ истифода намуда, Шӯравиро шикасту фирор дод ва тибқи маъмул, мардуми Афғонистонро ба гирдоби як ҷанги дохилӣ афканда, ба Аврупо омад, то ҳосили суқути лагери сотсиалистӣ дар Аврупои Шарқиро ҷамъоварӣ кунад.
Кӣ замонат медиҳад, ки фардо украиниҳо ва Украинаро низ раҳо нахоҳад кард?
Бархе мумкин аст бигӯянд, ки Русия ба унвони ворис, масъули тамоми таҷовузоти Русияи тазорӣ ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аст. Бале, ин таърихест, ки ҳеҷ кас наметавонад онро тағйир диҳад. Аммо мо дар мавриди Русияи модерн сӯҳбат мекунем, ба унвони танҳо кишваре, ки дар ниҳоят ба Иёлоти Муттаҳида гуфт: "Бас аст шиканҷаи дунё!" ва дар ҳавои ҳамдардии муқовимати ҷаҳонии зиддиамрикоӣ гегемонияи онро ба чолиш кашид.
Аммо кори дуруст ин аст, ки мунтазири поёни ҷанг дар Украина бошем ва бубинем оё Иёлоти Муттаҳида онро ба як "Афғонистони аврупоӣ" табдил хоҳад кард ё Русия метавонад сулҳ ва оромишро барояш армуғон биоварад.