Хабари рӯз

Чӣ гуна Толибон аз Залмай Халилзод ба унвони “аҳмақи муфид” истифода мекунанд?

Манбаъ: Раванди сабзи Афғонистон (AGT)

Нашрияи «Алмурсад» тавассути раёсати 015 Идораи кули иттилооти Толибон идора ва тамвил мешавад. Муддате пеш пирӯзмандона муддаӣ шуд, ки Толибон тайи “амалиёти вижа” се тан аз аъзои аршади гуруҳи террористии ДИИШи Хуросонро дар дохили Покистон аз байн бардаанд.

Бо ин ҳол, асноди марбут ба даврони ҷумҳурихоҳон, изҳороти расмӣ аз худи ДИИШ-Хуросон ва иттилооти мувассақ аз Раванди сабзи Афғонистон (AGT) достони комилан мутафовитеро баён мекунад:

1 - Шайх Абдулҳаким Тавҳидӣ

“Алмурсад” иддао кард, ки дар минтақаи қабилаи урокзай (Хайбар Пахтунхво) террор шудааст. Шахси нишон дода шуда дар акс аслан Шайх Абдулҳаким Тавҳидӣ нест. “Шайх Ҳаким”-и воқеӣ яке аз наздиктарин ёрони Усома бин Лодан дар Тура Буро буд. Дар даврони ҷумҳурӣ асир шуд, дар Багром зиндонӣ шуд, озод шуд, дубора ба Толибон пайваст ва солҳо пеш дар як амалиёти вижа тавассути Раёсати амнияти миллӣ (NDS) дар Нангарҳор кушта шуд. Тасвире, ки “Алмурсад” ба унвони Шайх Абдулҳаким Тавҳидӣ мунташир кардааст дарвоқеъ мутаъаллиқ ба бародараш Қозӣ Башир аст, ки ҳанӯз зинда аст ва дар вилояти Кунар зиндагӣ мекунад. Ба таври хулоса, Толибон мурдаеро зинда карданд, дубора ӯро куштанд ва сипас аз Халилзод ба унвони як аҳмақи муфид барои нашри ин дурӯғ истифода карданд.

2 - Абӯзар (Мӯсо мулаққаб ба “Паҳлавон”)

Толибон ӯро дар миёни кушташудагон дар октябри 2025 феҳрист кардаанд. Абӯзар дарвоқеъ дар авоили соли 2024 (тақрибани ду сол қабл) дар ҷараёни даргирӣ бо ҷудоиталабони балуч ё BLA дар устони Балучистони Покистон кушта шуд. Марг ӯ рабте ба Толибон надошт.

3 - Бурҳон, мутахаллис ба Зайд (сокини вилояти Кунар)

“Алмурсад” муддаӣ шуд, ки Толибон ӯро дар устони Панҷоби Покистон куштанд. Зайд фарде бепарво буд, ки моҳҳо пеш бо духтаре аз рустои худ дар Кунар фирор кард, ба Панҷоб гурехт ва дар он ҷо ба унвони як нигаҳбони маъмулии бозори сабзиҷот машғул ба кор шуд. Хонаводаи духтар дар ниҳоят ӯро радёбӣ карданду тибқи одати маҳаллӣ ӯро куштанд. Ҳатто ба ӯ шиллик нашуд. Зайд ҳеҷ нақши амалиётӣ дар гуруҳи террористии ДИИШ-Хуросон надошт. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки хониводаи ин духтар ӯро ба унвони узви ДИИШ ба Толибон гузориш додаанд.

Залмай Халилзод, ки дар як соли гузашта ба таври фазояндае монанди сафири ғайрирасмии Мулло Ҳайбатуллоҳ дар Вашингтон рафтор мекард, бо иштиёқ дурӯғҳои “Алмурсад”-ро бидуни кӯчактарин баррасии воқеӣ бознашр кард ва навишт, ки Толибон шарики хубе барои Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо тероризм ҳастанд. Ин ӯро ба як аҳмақи комилу муфид барои дастгоҳи таблиғотӣ ва иттилоотии идораи 015 – и Толибон табдил кардааст: касе ки аҳмақона ва маҷҷонӣ саъй мекунад эътибори байналмилалиро ба ҷаълҳои “Алмурсад” бидиҳад, худро барои Мулло Ҳайбатуллоҳ дӯстдоштанитар мекунад ва саъй мекунад ҳаккокӣ кунад мавзеъи ҷадид барои худаш дар Вашингтон.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!