“Феминист”-и амрикоӣ чаро аз Толибон дифоъ мекунад?
Нависанда: Заҳро Нодир, мудири масъули “Зантаймс”
Асли матлаб: هذیان حامی یا پاسخی به همسر خلیلزاد
Мақолаи ахири Шерил Бернард дар мавриди поён ёфтани «вазъияти ҳифозати муваққат» барои паноҳандагони Афғонистон дар Амрико хашми бисёре аз мардумро барангехтааст. Ӯ муддаист, ки Афғонистон акнун он қадар ба субот расида ва иқтисодаш рушд карда, ки агар паноҳандагон ба ватан баргардонда шаванд, бо таҳдиди амниятӣ, табъиз, бекорӣ ва гуруснагӣ рӯбарӯ нахоҳанд шуд. Иёлоти Муттаҳида қасд дорад 8 ҳазор паноҳандаи Афғонистонро ихроҷ кунад, ва хонум Шерил барои татбиқи он барнома, тавассути ин мақола лоби мекунад.
Ӯ бисёр сатҳӣ мамнуъияти омӯзиши духтаронро тақбеҳ мекунад, аммо ҳамзамон иддао дорад, ки макотиби хусусӣ дар «тамоми сутуҳ» фаъоланд (Мушаххас нест ӯ ин иттилоотро аз куҷо ба даст оварда, чун мо дар декабри 2022 гузориш додем, ки Толибон макотиби хусусӣ, ба шумули макотиб духтаронаи болотар аз синфи шашумро низ мамнуъ кардаанд.) Шояд манзури ӯ аз макотиб, мадориси динӣ бошад, ки дар онҳо насли баъдии мо мағзшӯӣ мешаванд.
Ӯ ҳамчунин рафтори Толибон бо занонро бо вазъияти занон дар Ҳинд муқоиса мекунад ва иддао дорад, ки хушунати ҷинсиятӣ дар он кишвар шадидтар аст, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти занон дар Ҳинд таваҷҷуҳ надорад. Ӯ аз хушунатҳои ваҳшатноке чун қатлҳои муртабит ба ҷаҳизия ва таҷовузҳои гурӯҳӣ дар Ҳинд ёд мекунад то нишон диҳад, ки маҳкумияти Толибон гузинишӣ ва ноодилона аст. Аммо ба фармонҳо ва қавонини Толибон барои ҳазфи занон аз ҳаёти умумӣ ҳеҷ ишорае намекунад. Агар хушунат дар кишварҳои дигар баҳонае барои тавҷеҳи саркӯби систематики занон дар Афғонистон бошад, он гоҳ метавон ҳатто ба вазъияти занон дар Амрико истинод ҷуст, чаро, ки он ҷо низ ҳар рӯз дасти кам се зан тавассути шарики зиндагии собиқ ё феълиашон кушта мешаванд.
Ӯ дар мақолааш ба он идда мақомоти амрикоӣ, ки мухолифи ин ихроҷанд, итминон медиҳад, ки ба тозагӣ аз Афғонистон баргашта ва он ҷоро амну дар ҳоли рушд дидааст. Аммо он чи ӯ барои таъйиди дидгоҳаш дар он мақола чида таблиғот аст, тавҷеҳи ҳокимияти гурӯҳи террористӣ ва мустабидӣ аст, ки ҳама созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ рафтори онро бо мардуми Афғонистон, бахусус бо занон, ғайриинсонӣ медонанд ва ҳеҷ кишваре ҳозир нест имораташро ба расмият бишносад. Шерил худро феминист меномад. Аммо кадом фаъол ва мудофеъи ҳуқуқи занон тарси занон Афғонистонро, ки таҳти ҳокимияти Толибон зиндагӣ мекунандро «тазоҳур» ба ситамкушӣ мехонад? Чӣ тавр як феминист ва мудофеъи ҳуқуқи занон метавонад бар ранҷи бешумори занони Афғонистон чашм бипӯшад? Ӯ муддаист, ки аз соли 2003 то кунун мураттаб аз Афғонистон боздид карда, ва онро хуб мешиносад. Аммо намегӯяд, ки ӯ ва шавҳараш аз даҳаи 1990 ба ин сӯ чӣ гуна дар масоили сиёсии Афғонистон дахил ва тараф будаанд, ва дар ҳокимияти Толибон манофеъи молӣ ва сиёсӣ меҷустаанд. Мо ба ёд дорем, ки Халилзод мушовири ширкати нафтии “Юникол” буд ва барои сармоягузорӣ дар Афғонистон талош мекард. Ва муҳиммтар аз он медонем, ки Халилзод тавофуқномаи Дохаро бо Толибон имзо кард ва нақши барҷаста дар одисозии чеҳраи Толибон бозӣ намуд.
Хонум Шерил навиштааст, ки дар сафараш занонеро дар Кобул машғули кор дар ресторан ва карочивонӣ (аробакашӣ) дидааст ва вуҷуди занони маъдудеро, ки ҳанӯз аз бозори кор ҳазф нашудаанд, санади мудорои Толибон ва фурсати кор барои занон мехонад ва ин гуна ба ранҷи ҳудуди 20 миллион зан ва духтаре, ки аз ҳуқуқи асосии таълим, кор ва ҳузури иҷтимоӣ маҳрум шудаанд, чашм мебандад. Ӯ мегӯяд, ки чанд занеро дар ресторан ва бозор дидааст, аммо намегӯяд, ки беш аз ҳазор зан аз идороти давлатӣ ҳазф шудаанд, чандсад ҳазор зан, ки машғули кор дар ҳирфаҳои комилан занона чун нонвоӣ, ҳаммоми занона ва ороишгоҳ буданд, аз кор маҳрум шудаанд. Барои дарки осебе, ки ҳокимияти Толибон бар ҷойгоҳи иқтисодии занон ворид карда, кофист бидонем, ки танҳо 60 ҳазор ороишгари зан дар саросари кишвар роҳ маъишаташонро ба далели баста шудани 12 ҳазор ороишгоҳ аз даст додаанд. Бештари ин занон сарпарасти хонавода ва аз ақшори маҳруми ҷомеа буданд.
Дуруст аст, ки ҳанӯз заноне барои имрори маош ба ҷодаҳои Кобул зоҳир мешаванд ва дар ресторанҳо ва бархе идорот ҳанӯз метавон такутуки занонеро дид. Аммо бештари ин занон бо иҷоза ва ҳимояти Толибон на, балки хилофи дастури он гурӯҳ кор мекунанд. Онон барои бақо, барои тағзияи хонавода ва ҳифзи иззати инсониашон фаромини Толибонро ба чолиш мекашанд. Мутаассифона, дар бештари манотиқи Афғонистон мисли Кобул ин фурсатҳои ҳаддиақалии истодагӣ вуҷуд надорад. Дар Кобул Толибон моиланд барои боздидкунандагоне чун хонум Шерил «намоишгоҳҳо»-и ҳузури занон ва бақоёи фарҳанги кору зиндагии ғайртолибониро нигаҳ доранд то замина барои таблиғи лобиҳои ғарбиашон комилан танг нашавад. Толибон ба заноне монанди Шерил Бернард иҷоза медиҳанд тайи турҳои аз пеш барномарезишуда ба Афғонистон бираванд ва вақте ба Ғарб бармегарданд, мақолаҳои ситоишомез дар татҳири ҷиноёт ва одисозии иморати он гурӯҳ бинависанд.
Ӯ иддао мекунад, ки Афғонистон «дар ҳоли расидан ба субот» аст. Бале, омилони ноамнӣ ва ононе, ки ҳирфаашон одамкушӣ буд, акнун идораи кишварро ба даст гирифтаанд ва касоне, ки дар баробари толибонисозӣ ва ақибгарди кишвар ба доми иморати зидди зан, зидди кор ва зидди озодӣ тавони муқовимат доштанд, акнун зиндонӣ, шиканҷа ё нопадид шудаанд. Ҳоло нерӯе нест то дар баробари ситамҳои Толибон биистад ва авзоъ ором ба назар мерасад. Оромише, ки хонум Шерил ва бархе ютуберҳо ва гардишгарони ғарбӣ дар Кобул таҷриба мекунанд, воқеияти мардуми Афғонистон, бавежа занон нест. Хонум Шерил ба далели он ки амрикоӣ ва ҳамсари Халилзод аст, дар Кобул мавриди эҳтиром қарор мегирад ва дар шаҳри Кобул озодона тараддуд мекунад, аммо дар ҳамон шаҳр миллионҳо зан аз ҳаққи таҳсил, ҳаққи кор ва ҳаққи ҳузур дар иҷтимоъ маҳрум шудаанд.
Мо дар “Зантаймс” моҳи гузашта гузориш додем, ки занон барои рафтан ба клиник, барои нишастан дар қаҳвахона боздошт, шиканҷа ва дар малои ом шаллоқ зада шудаанд. Соли гузашта низ гузориш кардем, ки Толибон ба бархе аз заноне, ки ба гадоӣ дар хиёбонҳо маҷбур шудаанд, таҷовуз кардаанд. Ин воқеиятҳои ваҳшатнок ҳеҷ ҷое дар навиштаи хонум Шерил дар мавриди Афғонистони «босубот» надоранд.
Аммо медонам, ки хонум Шерил ҳаргиз гузоришҳои моро нахоҳад хонд, чун аз назари ӯ, мо фақат гурӯҳе аз заноне ҳастем, ки бо «тазоҳур» ба ситамкушӣ ва бузургнамоии воқеият, дар садади бадном кардани Толибонем. Вале гузоришҳои ҳайати муовинати Созмони Милал дар Афғонистон чӣ? Гузоришҳои гузоришгари вежаи ҳуқуқи башари Созмони Милал чӣ тавр? Дидабони ҳуқуқи башар ва Афви байналмилал чӣ мегӯянд? Ҳамаи ин ниҳодҳо яксадо мустанад кардаанд, ки Толибон муртакиби ҷиноят алайҳи башарият мешаванд. Аммо барои хонум Шерил, ҳамаи ин гузоришҳо «иғроқ»-анд ва танҳо ривояти ӯ аз Афғонистони «амн»-и зери сояи Толибон пазируфтанӣ аст. Ӯ аз ҷиноёти Толибон огоҳ аст, аммо барои халқи ривояти матлуби худ он ҷиноётро нодида мегирад.
Ба қазовати хонум Шерил Бернард, танҳо ӯ ва ҳамсараш оқои Халилзод бидуни чашмдошти молӣ ва дастури кори сиёсӣ машғули иттилоърасонии мунсифона аз вазъияти «рӯ ба субот», «дар ҳоли пешрафт» ва «амн»-и Афғонистони толибонианд. Ӯ ҳозир нест бипазирад, ки ҳамсараш музокиракунандаи аслӣ ва дарвоқеъ тасҳилкунандаи проекти бозгашти Толибон ба қудрат буд. Дар он музокирот мардуми Афғонистон, бавежа занон, мавриди машварат қарор нагирифтанд. Ояндаи мо дар музокироти Доҳа тавассути мардони нектоипӯши хориҷӣ ва бегона бо рӯзгори мо, рақам зада шуд.
Агар тасмимгирандагони аслӣ мардуми Афғонистон мебуданд, Толибон ба қудрат намерасиданд. Мардуме, ки дар ин чанд сол ба таври катлаӣ кишварро тарк карда ва аз шарри ҳокимияти Толибон гурехтаанд, одамҳои тарсу набудаанд. Онон аз режиме гурехтаанд, ки ба қатл, шиканҷа ва саркӯб маъруф аст. Толибон дар ҷанг ё муборизаи одилона пирӯз нашуданд, балки ба баракати тавофуқи Доха ва ҳимояти Иёлоти Муттаҳида дубора ба қудрат баргаштанд. Дар Доҳа ба Толибон машрӯъият дода шуд ва барои таслими қудрат ба он гурӯҳ ҷадвали замонӣ таъйин шуд. Дар Доҳа ҷомеаи мадании Афғонистон ва занон инкор шуданд.
Навиштаи хонум Шерил таҳлил нест, таҳрифи воқеиятҳост ба ҳадафи эҷоди оромиши козиб миёни сиёсатгузорони ғарбӣ нисбат ба он чӣ бар мардуми Афғонистон ба далели сиёсатҳои Амрико ва муттаҳидонаш мегузарад ва ҳамчунин таблиғ барои барасмиятшиносии Толибон аст. Ӯ чашмдидҳои дастчин ва бардоштҳои ғаразолудашро ба ҷои воқеиятҳои талх гузоштааст. Ӯ аз сипари феминизм барои ҳамла ба мудофеъони воқеии ҳуқуқи занон истифода мекунад, аммо феминизме, ки воқеияти зиндагии занони Афғонистонро нодида бигирад, феминизм нест.
Хонум Шерил Бернард, мо барои дарки вазъияти кишварамон ба итминони хотир ва ҳикоёти сафари шумо ниёз надорем. Мо ба «феминистҳо»-е, ки канор саркӯбгарон нишаста ва ба мо тавзеҳ медиҳанд, ки авзоъ он қадар бад нест ва бояд таҳаммул кунед, ниёз надорем.
Агар давлати Иёлоти Муттаҳида тасмим дорад ҳазорон паноҳандаи Афғонистонро ба дасти режиме биспорад, ки номаш ба бадтарин намоди зиштиҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ бадал шудааст, ҳадди ақал лобигарони ин тасмим набояд таблиғ кунанд, ки ин кор ба нафъи мардуми Афғонистон аст. Мо медонем, ки ояндаи Афғонистон дар гарави гузор аз вазъияти толибонӣ аст ва режимеро, ки ҳама ҷаҳон аз тамоси расмӣ бо он мешармад, шоистаи миллати худ намедонем.