Хабари рӯз

Шахсе, ки муборизаи таърихиву сарнавиштсозро рақам зад ва дар дили ноумедҳо базри умед кошт...

Нависанда: Абдуллоҳ  Фарзон

Аз форсӣ баргардони Фирдавси Низом

Дар ин шабу рӯз мавҷи густурдае аз интиқодот ва вокунишҳои манфӣ нисбат ба амалкарди раҳбарии Ҷабҳаи муқовимат ва ҷаноби Аҳмад Масъуд боло гирифтааст ва аз ин ҷову он ҷо дӯстону рақибҳои сиёсӣ нисбат ба вай неш мезананд ва аз нокуҷоҳои дунё нусханависӣ мекунанд ва тарҳҳои гуногунеро пешкаш менамоянд. Бидуни шак, бахше аз ин интиқодҳо қатъан баҷо ва қобили тааммул асту бояд раҳбарии Ҷабҳа барои ислоҳи ташкилотиву сохторӣ иқдом намояд ва нисбат ба ин маворид эъломи мавзӯъ кунад.

Аммо набояд фаромӯш кунем, ки шахси Аҳмад Масъуд вежагиҳо ва сифоте дорад, ки вайро нисбат ба соири бузургон, раҳбарон ва муддаиёни раҳбарии ҳавзаи муқовимат як сару гардан баландтар ва барҷаста месозад, имтиёз мебахшад ва ин вежагиҳо қарори зайл аст:

1 - Вай солиму мубарро аз ҳар гуна фасод, фасоди молӣ ва ахлоқӣ аст. Покдастӣ ва покнафсӣ  ва солим будани вай аз лағзишҳои ахлоқӣ ва молӣ дар ҷомеае, ки ҳеҷ як аз бузургони сиёсии он аз ин офат ва лағзишҳо дар амон набуда, ба андозаи тавонашон дастҳои олуда ва нафсҳои соҳибғараз доштанд/доранд, иллати расоӣ ва натарсии садояш дар майдони сиёсат аст.

2 - Аз эътибору ваҷоҳати боло ва баландмартабаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ нисбат ба соири муддаиёни қудрат ва раҳбарии ҳавзаи муқовимат бархӯрдор аст. Мазияте, ки дигарон аз он маҳрум ва бебаҳраанд ва дар бист соли гузашта онро ба ҳароҷ гузоштанд.

3 - Вай мавзӯъ дорад. Чандпаҳлу ва гунгу мубҳам сухан намегӯяд. Покиза аз ҳар гуна офати сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст ва мисли соири афроду бузургнамоҳои ҷаълӣ, ки чандпаҳлу, гунг ва мубҳам суханпароканӣ мекунанд, офате надорад ва тарсуву буздил нест. Сиёсатро такаддӣ ва гадоӣ намекунад ва забони чоплусона надорад, балки мавқеияту вазъияти шаффоф дорад ва мухотиби мушаххасу душмани маълумдор. Қисме сухан намегӯяд, ки ҳам сӯҳбате карда бошад ва ҳам ҳарфе назада бошад. Сареҳу возеҳ дар муқобили ҳама эъломи мавзеъ дорад ва ҷасуртару шуҷоъ ба намояндагии миллат ва мардуми худ дидгоҳҳои худро баён мекунад.

4 - Мустақил аст. Аз падаре зода шуда, ки барои истиқлолу озодии мардумаш ҷон дод ва мактаби истиқлолталабӣ ва фикрии озодихоҳиро аз худ ба мерос гузошт. Вай меросдори ҳамин мактаб ва ҳамин тарзи тафаккур аст. Ҳамеша дар сӯҳбатҳо ва суханрониҳояш ин мавзӯъро ба такрор ёдовар шуда ва иллати истодагиву муқовимати имрӯзиро идомаи роҳи истиқлолталабӣ ва озодихоҳии салафи солеҳи худ унвон карда, ба он таъкид намудааст.

5 - Таҳлил дорад. Бо васфи ин ки ҷавон аст, аммо аз қуввату таҳлили боло бархӯрдор аст. Ҷараёншиносии дақиқи сиёсӣ дорад ва ҳолу ояндаи кишварро беибҳом мебинад. На даргири назарияи тавтеа аст ва на ҳам дар қайди шонаи ҷангиҳои дохилӣ, балки бо таҳлили дуруст ва ҳисобӣ дар пайи ҳалли мушкилоти кишвару мардумаш аст.

6 - Аҳли гуфтугӯ ва гуфтугӯбовар аст. Диди тактикӣ ба гуфтугӯ надорад, балки ҳамеша гуфтугӯро ба сони стратегия ва роҳҳали мушкилоти кишвар дониста, ба он таъкид кардааст. Бурҳонаш қотеъ ва мавзеъгириҳояш равшан, возеҳу оянданигар аст. Аз ин рӯ, тарсе барои гуфтугӯ надорад ва дар мувоҷеҳа ва муқобил бо касоне, ки ҳатто ба хунаш ташнаанд, бо шуҷоату адаби хуб бархурд наменамояд ва ҳамеша тарафдори гуфтугӯ ва нишастан рӯйи миз барои барқарор шудани оромӣ дар ватани худ аст.

7 - Доиядори ваҳдат ва ҳамдилӣ миёни бузургони ҳавзаи муқовимат аст. Замоне, ки ҳама бузургон ҳамонанди дев ба ҷони ҳам афтоданд ва барои ба даст овардани туъмаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гурӯҳиашон, бо теғи ихтилоф расанҳои маҳками ваҳдату иттиҳоди мардумро пора ва қатъ карданд, вай нидои ваҳдат сар дод ва ҳамаро ба иттиҳод даъват кард. Бидуни муболиға ва газофагӯӣ вай доиядори ҳамдилӣ ва иттиҳод аст.

8 - Ҷасорат ва шуҷоати кофӣ барои хидмат кардан ба ватани худро дорад. Замоне, ки ҳама фирор карданд, вай бар хилофи рӯҳияи дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ истод ва бо дасти холӣ нидои истодагӣ сар дод. Агар шуҷоат намедошт, метавонист ҳамонанди даҳҳо инсони дигар по ба фирор бигузорад ва дайни худро бо эъломиянависӣ адоъ кунад. Аммо шуҷоат карда, бо дарки ҳама мушкилот дар муқобили ҳама тавтеаҳои дохилӣ ва хориҷӣ яктана истод ва муборизаи таърихиву сарнавиштсозро рақам зад ва дар дили ноумедҳо базри умед кошт.


Дин

Тероризм

04-дек-2025 By admin

Халилзод - сафири…

Чӣ гуна Толибон аз Залмай Халилзод ба унвони “аҳмақи муфид” истифода м

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!