Хабари рӯз

“Таронаи лашкари қавмӣ” –и Толибони паштун чӣ паёмщое дорад?

Нависанда: Яъқуб Ясно, устоди таърих, фарҳанг ва адабиёт, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

Байрақи сафед аз паштунҳост,

Бар шонаи ман аст...

Панҷшерро фатҳ мекунам,

Бар Панҷшер баланд мекунам...

Ин таронаро шуморе аз Толибони паштун дар ҳузури ҷамъе аз тамошогарони паштун бо рақси атан, ки рақси махсуси қавми паштун аст, мехонанд. Бисёре ин таронаро тақбеҳ кардаанд, аммо ба бардошти ман тақбеҳи ин тарона навъе аз шона боло андохтан, гулӯх гузоштан ва аз об гузар кардан ва рафъи масъулияти соддаангорона аст. Ба ҷойи тақбеҳи ин тарона ба коркард ва паёми қавмӣ, фарҳангӣ ва нишонашиносонаи ин тарона таваҷҷуҳ кунем, зеро тарона, баёнгари воқеияти муносиботи иҷтимоӣ ва сиёсии мо аст.

Хонандагони ин тарона, маҳалли зиндагии ақвоми дигар, ба вежа маҳалли зиндагии мардуми Панҷшерро бахше аз мутасаррифот ва футӯҳоти қавми худ медонанд ва мегӯянд, мо ин сарзаминро тасарруф мекунем ва байрақи паштунро дар ин сарзамин баланд мекунем. Дар ин тарона аз кишваре ба номи Афғонистон хабаре нест, аз миллат хабаре нест, аз ақвоми бо ҳам ҳамватан хабаре нест, аз пайравони ҳанафимазҳаб хабаре нест ва аз мусулмон хабаре нест. Фақат хабар аз паштун ва ғайрипаштун аст. Байрақи сафед аз паштун аст ва лашкар қавмӣ бо тасарруфи сарзамини ақвоми ғайрипаштун ин байрақро бар он сарзаминҳо бармеафрозад то он сарзаминҳоро ҷузъе аз мутасаррифоти қавми паштун бисозанд.

Агарчи паёми ин тарона, тоза нест, аммо вазоҳат дорад. Зеро паёми ин таронаро ба гунаҳои мутафовит, Карзай, Ғанӣ, Усулӣ ва... баён кардаанд. Мусоҳибаи Карзай вуҷуд дорад, ки мегӯяд, агар бачаҳои афғон як ҷойро тасарруф кард, мо ҳақ надорем, ки бигӯем, чаро тасарруф кардед. Карзай ба ҷойи паштун аз афғон истифода мекунад ва вожаи афғон метавонад қобили фарофиканӣ ба кулли мардум кишвар бошад, дар ҳоле ки афғон низ номи дувуми қавми паштун аст. Мусоҳибаи Ғанӣ ҳам вуҷуд дорад, ки дар бораи зиндониёни Толибон мегӯяд, одилона нест, аксарияти зиндониёни Багром аз афроди як қавм бошад. Усулӣ дар чандин мусоҳиба гуфт, ки ин сарзамин аз паштунҳо аст.

Толибонро ғайр аз як лашкари қавмии ақибгаро наметавон таври дигар дастабандӣ кард. Толибон як лашкари қавмиест, ки нахуст сохторҳои фарҳангӣ ва эътиқодии иртиҷоъӣ ва ақибафтодаро дар байни қавми паштун ҳифзу татбиқ мекунанд ва дар марҳалаи дувум ин сохторҳои иртиҷоъӣ ва ақибафтодаро ба унвони арзишҳои паштунӣ дар байни ақвоми дигар ривоҷ медиҳанд.

Дуруст аст ки ҳама дар кӯтоҳмуддат Толибонро лашкари фотеҳи қавми паштун медонанд ва натсионалистҳои паштун (либерал, секулар, технократ, лоик ва...) низ аз Толибон ба унвони лашкари фотиҳи қавми паштун ҳимоят мекунанд. Аммо дар дарозмуддат, қавми паштун нахустин қурбонии Толибони паштун аст ва қурбониёни дувум, ақвоми тоҷик, ҳазора ва ӯзбек аст.

Агар мо (тоҷик, ҳазора, паштун, ӯзбек ва...) бихоҳем аз нигаришҳои бадавии осебзо ва офатзои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бигузарем, боистӣ бо нигариши модерн ба мафҳуми миллат, кишвар, сарзамин, ҳукумат, давлат, фард ва... бингарем ва бо нигариши модерн, тафовутҳо ва ихтилофоти худро мавриди баррасӣ қарор бидиҳем, ихтилофоти худро бо равишҳои демократӣ рафъ кунем ва тафовутҳои худро ба расмият бишносем. Дар ғайри он имрӯз таронаи фатҳу тасарруфи сарзамини тоҷик ва...ро лашкари қавми паштун мехонд ва фардо лашкари қавми дигар ин таронаро хоҳад хонд ва таронаи интиқом такрор хоҳад шуд.


Дин

Тероризм

25-марти-2026 By admin

Покистон: бозии дугона…

Таҳаррукоти ахир дар Нуристон чӣ маъно дорад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!