Хабари рӯз

10 апрел - Рӯзи ҷаҳонии муқовимат.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Анҷумани сиёсатшиносони Русия

Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба ифтихори он даста аз афроди шуҷоъе, ки дар баробари истибдоди фашистӣ сар хам накарданд, бо силоҳ дар дастони худ алайҳи режими террори фашизм дар даҳаи 40 ҷангиданд, номгузорӣ шудааст.

Муқовиматгарони Афғонистон ворисони мустақими қаҳрамонони муқовимати зиддифашистӣ ҳастанд. Онҳо низ бо режими диктатории фашистии Толибон канор наомаданд, онҳо низ бо силоҳ дар даст барои озодии меҳани худ меҷанганд.

Дар дунё қаҳрамони зиёде вуҷуд надорад. Аммо онҳо ҳамеша барои посдорӣ аз номуси мардум ва кишварашон кофӣ ҳастанд то нагузоранд оташи муқовимат дар баробари нерӯҳои торикӣ ва шарри мутлақ хомӯш шавад.

То замоне, ки оташи муқовимати Афғонистон шӯълаафканӣ мекунад - Афғонистон зинда аст, на шикаста, на беғурур ва қаҳрамонона ба оянда нигоҳ мекунад.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон имрӯз иди худро ҷашн мегирад. 10 апрел рӯзи он аст.

Рӯзи муқовимат бар ҳама дӯстони шуҷоъ ва муборизам аз Афғонистон муборак бод.

Душман шикаст хоҳад хӯрд.

Пирӯзии ниҳоӣ аз они мо хоҳад буд.

 

Самимона

Дӯсти шумо

Андрей Серенко


Дин

Тероризм

04-дек-2025 By admin

Халилзод - сафири…

Чӣ гуна Толибон аз Залмай Халилзод ба унвони “аҳмақи муфид” истифода м

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!