Хабари рӯз

Чӣ гуна дурӯғҳои мудофеъони Толибон дар Русия фурӯ рехт?

Нависанда: Андрей Серенко, мудири Маркази таҳлилии сиёсатшиносони Русия

Манбаъ: телеграм - канали " Андрей Серенко"

Чандин моҳ аст, ки фаъолони мухталифи расонаӣ ва телеграмнависон дар хидмати вазорати хориҷаи Русия ва гурӯҳи Замир Кобулов барои мухотибони соддалавҳ дар мавриди иртиботи иддаоии раҳбари муқовамати зидди Толибон Аҳмад Масъуд бо шоҳигарии Биритониё (MI6, вазорати хориҷа ва дигар шарурони инглисӣ) достонҳои афсонаие мебофанд.

Ин иртиботи иддаоӣ шояд далели аслии “кобуловзодаҳо” буд, ки мантиқи вазорати хориҷаи Русия дар “бӯсобӯсиҳо” бо Толибонро тавҷеҳ мекарданд. Гӯё Масъуд ва Ҷабҳаи муқоваматаш як проекти бритониёӣ ва америкоӣ аст, пас Маскав бояд оғӯши худро ба рӯи Толибон, ин мардони дилпур ва муборизони вафодор дар баробари Ғарби манфур ва бавежа, англосаксонҳо боз кунад.

Дар ниҳоят чӣ мебинем? Нахуст, Том Вест, намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳида, дар поёни моҳи май ба муҳоҷирони афғон дар Анқара гуфт, ки Амрико қасд надорад режими Толибонро дар Кобул сарнагун кунад (яъне дарвоқеъ ӯ ба нафъи ҳифзи Толибон дар қудрат дар Афғонистон сӯҳбат кард). Ва акнун намояндагони Бритониё аланан ҳамин мавзӯъро эълом кардаанд ва хотирнишон карданд, ки онҳо қотеъона бо талошҳои мусаллаҳона барои сарнагунии Толибон мухолиф ҳастанд. Раҳоии чанд шаҳрванди бритониёӣ тавассути хунтаи Толибон ба намоде аз антантаи ҷадиди Лондон ва Кобули толибонӣ табдил шуд.

Албатта, ин ҳама олӣ аст.

Аммо акнун мехоҳам назари дипломатҳои забардасти русӣ ва ходимони расонаии онҳоро бишнавам: акнун бо Аҳмад Масъуд ва мантиқи дӯстии Русияву Толибон чӣ кор кунем? Ин англосаксонҳои манфур ва бародарони шигифтангези толиб дар самти чӣ касоне қарор гирифтанд? Ва вазорати хориҷаи Русияву шахси оқои Кобулов, ки қиссаҳояшро дар мавриди Толибони зиддиғарбӣ ва "ҷосуси хатарноки бритониёӣ" Масъуд мефурӯшад, тарафи кист?

 Албатта, забон ба дипломатҳо дода мешавад, ки дурӯғ бигӯянд. Аммо ин ҳеҷ гоҳ баҳонае барои дурӯғ гуфтан ба худатон нест. Албатта, магар ин ки мухотиби русии Кобулов ва ҳамкоронаш аз худи онҳо бошад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!