Гузор аз вазъияти феълӣ ва убур ба марҳалаи ҷанги муназзами ҷабҳаӣ як зарурат аст ва фаврияти он барои натиҷабахш будани муборизаи феълӣ як ниёз ҳисоб мешавад.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Гузор ба марҳалаи навини мубориза барои раҳоибахшии Афғонистон мусталзими тарҳи як доктрини ҷангии дарозмуддат аст, ки мебоист дар зарфи ду солу анди гузашта, аз ҷониби ҷабаҳоти зиддитолибонӣ матраҳ ва иҷроӣ мешуд.
Аммо мутаассифона, бемайлӣ, фасоди музмин дар даруни сохторҳои муқовимат, чанддастагӣ ва набуди як дидгоҳи возеҳи сиёсии ҷудо аз назми амрикоӣ, ҷабаҳоти муқовиматро дучори тазалзули амалкардӣ намуда ва ба ҳамин далел аст, ки то ҳанӯз фурсате дар ин замина барои муваффақият ва тасхири ҷуғрофия дар баробари Толибон ҳосил нашудааст.
Мо нахустин марҳалаи муборизаро барои мунсаҷим сохтан, ба далели камҳазина будан ва сареъ будани навъи амалиёти бидуни талафот ва ҷудо аз анҷоми тадорукоти бузурги лужистикие, ки лозимаи як ҷанг аст, ба номи марҳалаи ҷанги чирикӣ номидем. Ибтидо тасаввур бар ин буд, ки ин ҷанги чирикӣ дар қолаби доктринаи ҳибридӣ як таҳаввули шигарферо дар вазъияти мубориза бар зидди Толибон ва эъмоли фишори бештар бар ин гурӯҳ ба вуҷуд овард. Аммо, мутаассифона, дида мешавад, ки алорағми дастовардҳо дар ин хусус натоиҷи ҳосила мутобиқи барномаҳои санҷидашуда нест.
Мо асосан мантиқи ҷанги чирикиро, ки ду сол қабл матраҳ сохта будем, ба далоили мутааддиде мантиқӣ ҷилва менамуд. Аз хусусияти номутақорини ҷанг (нобаробарии низомӣ аз ҳама лиҳоз), набуди имконот барои оғози ҷангҳои ҷабҳаии муназзам ва фуқдони имконоте, ки барои як ҷанги ҷабҳаӣ ниёз доштем, ҳама аз далоили дурушти дарназаргирии нахустин марҳалаи муборизаву ҷанг барои раҳоибахшии кишвар аз чанголи терроризми давлатӣ ва гегемонизми таборӣ буд.
Дар ин марҳалаи ҷанг мебоист фишори ҳаддиаксарӣ барои кашондани душман ба мақаррҳои аслии он, ташкили ҳастаҳои чирикии сареъуламал, инкишофи ин ҳастаҳо ба шаҳрҳои бузург ва оғози ин мубориза бар хилофи тасаввур ва бардошти хом, аз шаҳрҳову марокизи таҷаммӯъи душман, мадди назар гирифта шуда буд. Аммо, мутаассифона, дар ҷараёни ду соли гузашта ба ҷуз чанд моҳи ахир, ҳаҷми ҳамалот бисёр поин, беҳадаф ва бетаъсир ба вазъияти душман будааст.
Дар марҳалаи навини ҷанг, ки қарор аст ба асоси он размандагони раҳоибахши кишвар вориди марҳалаи навине аз сангарсозӣ шаванд ва ба ташкили ҷабаҳот дар миқёси мутавасситу баланд бизананд, тасхири иртифоъот, эҷоди савқулҷайшҳои фармондеҳӣ ва ҳидояти ҷанг, ақабаи ҷабаҳот ва тазмин аз сатҳи икмолот ба шакли созмондеҳишудаи он, аз илзомоти аслӣ шумурда мешаванд.
Ёди мо бошад, ки мо дар марҳалаи ҷанги чирикӣ ҷиҳати бистарсозии як ҷанги муназзами ҷабҳаӣ иқдомотеро бояд анҷом медодем, ки алорағми ворид сохтани фишори бештар бар душман, таҳмили талафот бар он, кашондани он ба шаҳрҳо, масруфсозии он дар ҷабаҳоти мухталиф, фишори беш аз ҳадди саркӯбу муҳосираи сангарҳои чирикиро коҳиш медодем.
Аммо ҳоло дида мешавад, ки айбе дар кор будааст, ки натавонистаем дар ин муддат ба чунин ҳадафе ноил оем. Лизо дар барнома бояд, ки ҳифзи ҷуғрофияи феълӣ алорағми ҳифзи сатҳи мавҷуди ҳамалоти чирикӣ дар шаҳрҳо ва ҳастаҳои аслии фикрии душман ниёзманди густариши як шуоъи ҷангӣ ва амниятиест, ки битавонад душманро дармонда созад.
Қатъи шоҳрагҳои таъминотии душман, эҷоди муфризаҳои амалиётӣ дар даруни шаҳрҳои бузург, анҷоми ҳамалоти чирикӣ бо тахриби баланд, ки назму амнияти душманро барҳам бизанад ва ба гунаи вақфаӣ ва бо барнома бар душман ҳамла шавад, яке аз аҳдофи миёнмуддати мо буд.
Хушбахтона, алорағми кӯтоҳиҳо дар ин росто душман аз сатҳи мавҷуди ҳамалот, ки дар чанд моҳи ахир аз тарафи ҷабаҳоти зидди Толибон созмондеҳӣ шудааст, хеле даступоча ва нигарон аст ва мутобиқ ба иттилооти дар дастрас, нигарониҳое низ барои душман мавҷуд аст, ки нишон медиҳад, кори муқовимат ва набарди раҳоибахш дар ин хусус муваффақ амал мекунад.
Аммо баҳси инкишоф ва татбиқи зина ба зинаи мароҳили стратегӣ, амалиётӣ ва тактикии ҷанг, ки қарор буд дар сутӯҳи мухталиф иҷроӣ мешуд, чизи дигареро нишон медиҳад. Яъне айби кор дар ин аст, ки муқовимати феълӣ натавониста бидуни иттико ба манобеъи берунӣ, дар марҳалаи инкишофи ҷанг, қадамҳои устувортареро бардорад ва гом ба гом ба марҳалаи фишор бар шаҳрҳо ва қалби душман наздик шавад.
Дар зимн, се марҳала - дифоъи стратегӣ, бунбасти стратегӣ ва тааррузи стратегӣ - аз қадамҳои аслии як ҷанги бомаънӣ ва бо як басирати сиёсӣ аст, ки мебояд дар ростои он иқдомҳои сиёсии тундтаре низ бардошта шавад. Мо бояд шаш моҳ қабл аз марҳалаи дифоъи стратегӣ убур мекардем ва вазъиятро ба бунбаст мерасондем то ин марҳала худ бистарсози марҳалаи охирии ҷанг барои тааррузи стратегӣ мешуд. Аммо, мутаассифона, ончунон ки дида мешавад, тоза марҳалаи ҷанги чирикӣ барои гузор ба се марҳалаи ёдшуда оғоз шудааст.
Ҳоло, ки аз барнома чунин ақиб мондаем, ниёз аст то муруре бар нокомиҳо ва саҳлангориҳо кунем ва вориди марҳалаи баъдии ҷанг шавем. Мусалламан, ки чунин гузоре ба марҳалаи баъдии ҷанг наметавонад драматик ва онӣ бошад. Бистари лозим, замони дар назар гирифташуда, тадорукоти лозим ва эҷоди бистари ҳамкорӣ бо тамоми ҳалақоти зидди Толибон ва мардуми маҳал аз ниёзҳоест, ки бояд ба сурати ҷиддӣ арзёбии дақиқ шуда ва дар ростои тазмини таҳсилу касби он тасмимоти баъдӣ мӯҳтотона бардошта шавад. Дида мешавад, ки мо ҳамон вазъияти собиқро, ки ҳадди ақал дар шаш моҳи гузашта инкишоф дошта, дар амалкардҳои ҷангии мо дар назар дорем. Ҷанги феълӣ ниёзманди бознигарӣ дар роҳкорҳо, стратегияҳо ва тактика дорад, ки мутаносиб ба вазъият таҳаввул меёбанд.
Дар бистари замони феълӣ истифода аз тактикаҳои такрорӣ душманро ҳушёр месозад. Ин кор боис мешавад то афроди худи мо саҳлтар ба доми душман биафтанд. Дар ҳоле ки истифодаи муассир аз тактикаҳои ҷадид баррасии мутадовими вазъияти ҷангӣ, руҳияи нерӯҳои душман ва худӣ, арозӣ, вазъияти ҷуғрофиёӣ, сатҳи икмолот ва эҷоди ангеза дар хезишҳои ҳуҷумие, ки ҳадафи умдаи он ворид сохтани заработи паиҳами корӣ бар пайкари душман аст, яке аз илзомоти фармондеҳии ҷанг аст.
Дар шаш вежагии ҷангҳои модерн аз ҳадафгирии фармондеҳони душман аз роҳи дур тавассути фановарии модерн, ҳимояи ҳавоӣ тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз чандваҷҳӣ будан ва чандмиллиятӣ будан то аланӣ набудани вазъияти ҷангӣ, аз ваҷҳи номутақорини ҷанг то ваҷҳи пинҳони он, ҳама ва ҳамаи моро дар вазъияти душворе қарор медиҳад.
Аҳамияти тарҳи доктринаи ҷангӣ дар ин аст, ки ҷавониби мухталиф ва инкишоф дар вазъиятро мутолиа карда ва мутобиқ ниёзмандҳои феълӣ, вазъияти ҷангиро айёр месозад. Дар зимн, ҳаҷму мизони ҳамалот болои душман бояд бисёр баланд мебуд. Ҷабаҳоти мухолифи Толибон, эълон кардаанд, ки дар ду соли гузашта беш аз 200 ҳамларо болои Толибон анҷом додаанд. Яъне мебоист ҳаҷми ҳамалот назар ба вазъияту зеҳнияти оми мардум дар баробари Толибон, ки ҷону нону иззати мардумро дар қабза гирифтаанд, беш аз 600 ҳамла мебуд. Яъне ҳадди ақал ҳар як рӯз баъд як ҳамла валав кӯчак бар Толибон сурат мегирифт.
Дар ҳоле ки мутобиқи эъломи Ҷабҳаи озодӣ дар ҷараёни ду соли гузашта ин ҷабҳа беш аз 233 ҳамларо болои Толибон анҷом дода, ки назар ба арқоми ироа, яъне ҳар се рӯз як ҳамла сурат гирифтааст. Агар чи вазъияти баъде нест, аммо мебоист вазъият ба мурури замон тағйир мекард. Яъне ҳар се рӯз як ҳамла барои як соли аввал, қаноатбахш аст. Аммо барои соли дувум ва севум бояд фаротар аз 650 ҳамла биравад.
Ба ҳамин сон ҳамалоти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ду соли гузашта беш аз сад ҳамла будааст, ки агар ба сурати ҳадафманд ва муштарак бо соири ҷабаҳоти зиддитолибонӣ, монанди Ҷабҳаи озодӣ, Ҷабҳаи басиҷи миллӣ, Сипоҳи озодӣ ва соири гурӯҳҳои зидди Толибон, анҷом мешуд, метавонад сатҳи баланде аз тарсу нигарониро дар душман падид оварад. Ин ҷост, ки нақши ҳамоҳангӣ ва ташрики масоӣ дар анҷоми амалиётҳои низомӣ, як унсури ғайри қобили инкор мешавад.
Дар ҷараёни беш аз ду соли гузашта, сатҳи террори сарони Толибон, бисёр камранг будааст. Нуфуз дар сохторҳои низомӣ, иттилоотӣ, ишоъаи пропаганда барои тазъифи рӯҳияи душман, эҷоди фазои ноумедӣ ва тарвиҷи фарҳанги таслимпазирӣ аз дигар аҳдофи душман бояд мебуд.
Ногуфта пайдост, ки ба мизони баланд будани сатҳи ҳамалот бар душман, фазо барои гузор ба ҷанги ҷабҳаӣ ҳамвор мешавад. Ин ҷост, ки бо шаклгирии ҷабаҳот дар бистари замоние, ки душман масруфи тарди ҳамалоти чирикӣ аст, ҳам ҳаҷми фишор болои ҳалқаҳои худӣ кам мешавад ва ҳам замина барои истеҳлок шудани тавону қувват душман, фароҳам мешавад.
Дар ҷанги чирикӣ, ки поясозӣ барои як набарди муназзами ҷабҳаӣ барои тасхири ҷуғрофияи бештар аст, размандагон таҷориби хубе аз муқобила бо ҳолатҳои фавриро касб хоҳанд кард. Ҳалақот ва ҳастаҳои нерӯҳои худӣ маҷоли бештаре барои роҳандозии амалиётҳое ба сатҳ густурда хоҳанд ёфт ва фазои ҳоким бар шаҳрҳои бузург, шабаҳи тарсноки нерӯҳои худии моро чира хоҳанд сохт.
Дар чунин ҳолате, душман ҷуз таслимӣ ва кӯтоҳ омадан аз мавқифи якдаҳанагӣ ва сахтсарӣ роҳи дигаре нахоҳад дошт. Дар ҳоле ки мо фурсати бештаре барои чоназанӣ ва касби манофеъ хоҳем дошт. Ба назар мерасад гузор аз вазъияти феълӣ ва убур ба марҳалаи ҷанги муназзами ҷабҳаӣ як зарурат аст ва фаврияти он барои натиҷабахш будани муборизаи феълии мо як ниёз ҳисоб мешавад.






