Хабари рӯз

Муовини пешини раёсати ҷумҳури Афғонистон аз раисҷумҳур Украина хост то бо ӯ тамос бигирад.

Манбаъ: сафҳаи “Икс”-и Амруллоҳ Солеҳ

Рамзгушоии лаффозиҳои Вашингтон аз тариқи таҷрибаи муомила бо Ҷо Байден ва маъмурияти ӯ.

Замоне, ки сиёсатмадорони Камарбанд (Beltway ё камарбанде, ки дар атрофи Вашингтон, иёлати Колумбияи Амрико, ки минҳайси рамзи инзивои фарзии давлати Иёлоти Муттаҳида аз мардум низ арзёбӣ мешавад) ва Вашингтон дар кул ба шумо итминон медоданд, "мо то охир бо шумо хоҳем буд", шумо дар ибтидо инро минҳайси як тааҳҳуди мусбат дарк мекунед.

Магар бо гузашти замон, шумо маънии воқеии калимаи "то охир"-ро кашф мекунед.

Манзури онҳо воқеан ин аст, ки, "мо шуморо то расидан ба поёнатон тамошо хоҳем кард".

Онҳо ҳатто паёмҳои пешакӣ мефиристанд - паёмҳо мустақиман ва аз тариқи расонаҳои дастнишонда ва мавриди ҳимояти молии худ ва мубаллиғонашон дар мавридии фасоди фарзии шумо, берабтии шумо, бемаҳбубиятии шумо ва ҳар чиз дигаре фиристода мешаванд, ки комилан бар хилофи ваъдаҳои қаблии онҳо аст.

Ҷаноби раисҷумҳур Владимир Зеленский!

Ба андозаи кофӣ боҳуш бошед то ин паёмҳоро ҷиддӣ бигиред. Мутаассифона, ин як дарс аст, ки мо ба сахтӣ ёд гирифтем.

Аз пешайвон, ба қавли маъруф, музокироти душвор ва сардаргумро тамошо кунед.

Ҳоло шумо як бори изофӣ ҳастед. Шумо вақт доред то ба ғайриқобили эътимод эътимод кунед. Як бор имтиҳон кунед.

Талош накунед то аз тариқи Аврупо бо Иёлоти Муттаҳида бозӣ кунед – бо ин кор ба чизе даст нахоҳед ёфт. Аврупо то Иёлоти Муттаҳида амр накунад, роҳ намеравад. Агар ба ҷузъиёти бештар ниёз доред, бароям паёми хусусӣ бифиристед. Ман хушҳол мешавам, ки хотироти чоп нашудаамро бо шумо шарик созам, бахусус фасли равобит бо Ғарб баъд аз Давҳа-2020-ро.

Ман шӯхӣ намекунам ва дар комедия кор накардаам.

Холисона.


Дин

Тероризм

19-июл-2025 By admin

Саҳюнизм ва толибонизм…

Мӯсо ва Муҳаммад зинда мебуданд, Исроил ва Толибонро лаънат мекарданд

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!