Хабари рӯз

Чаро онҳо аз воқеиятҳо мегурезанд ва касро шарманда месозанд?

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Панҷшанбешаб, Шӯрои ҷаҳонии панҷшериён, нишастеро ба шакли онлайн ба манзури ироаи гузориши думоҳаи ин шӯро аз вазъияти ҳуқуқибашарӣ дар Панҷшер баргузор кард, ки дар он шуморе аз “раҳбарони сиёсӣ”-и тоҷику ҳазора суханронӣ карданд.

 “Раҳбарони сиёсӣ”-ро дар ин ҷо ба маънои оми калима ба кор мебарам ва мурод ҳама касоне аст, ки дар нақшҳои сиёсӣ-раҳбарӣ фаъол будаанд. Дар ин маъно, масалан, узви парлумон як раҳбари сиёсӣ пиндошта мешавад. Инро ба хотире ёдоварӣ кардам, ки аз шаклгирии як суъифаҳм ҷилавгирӣ шавад. Чун хелеҳо вақте аз раҳбари сиёсӣ сухан ба миён меояд, дар зеҳнашон 5 то 10 то аз чеҳраҳои сиёсии тоҷик тадоъӣ мешавад. Хостам бигӯям, ки дар ин ҷо муроди мо аз раҳбари сиёсӣ ҳасри маъно ва мафҳуми он ба чанд чеҳраи шинохташуда нест. Албатта, ки чеҳраҳои шинохта низ машмули раҳбарони сиёсӣ дар маънои оми онанд.

Дар нишасти ёдшуда, Муҳаммад Алам Эзадёр, муовини пешини Маҷлиси бузургони Афғонистон ва Зоҳир Солангӣ, намояндаи мардуми Парвон дар Маҷлиси намояндагон, аз чеҳраҳои сиёсии тоҷик ва Муҳаммад Ориф Раҳмонӣ, узви парлумон ва аз чеҳраҳои сиёсии ҳазора суханронӣ карданд. Чанд шахси дигар низ дар ин нишаст сӯҳбат карданд, ки сӯҳбатҳои онон бештар фаннӣ буд ва ба масоили сиёсӣ тамос нагирифтанд. Аммо се чеҳраи ёд шуда, аз диди сиёсӣ ва калон ба қазияи нақзи ҳуқуқи башар дар Панҷшер нигоҳ карданд ва ба эроди сухан пардохтанд.

Ман ҳамеша дар ҳамчу нишастҳо мутаваҷҷеҳи абъоди қавмии масъала мебошам. Аз он ҷое, ки ба эътиқоди ман мушкили аслии Афғонистон ва воқеияти талхи айнии буҳрону бунбасти сиёсии кишвар, қавмӣ аст, мутаваҷҷеҳи ин нукта мебошам, ки сиёсиён дар сӯҳбатҳояшон то чӣ ҳад ба ин воқеият ишора мекунанд.

Мутаассифона, сиёсиёни тоҷик ҳеҷ гоҳе шаҳомати вуруд ба баҳси қавмиро дар нишастҳои расмӣ надоранд. Дар нишасти ёдшуда, ман фикр мекардам, ки чун бахши аъзами далоили нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар Панҷшер ба омили қавмият рабт дорад, ҳатман дар ин маҷлис суханронон ба ин мавзӯъ ишораи сареҳ ё зимнӣ медошта бошанд ва хоҳанд гуфт, ки дасти кам яке аз далоили фишори чанд баробари Толибон бар панҷшериён ва нақзи бемуҳобои ҳуқуқи башар дар ин хитта, ин аст, ки мардуми ин вилоят тоҷик ҳастанд. Аммо дареғо, ки суханронони мӯҳтарам ҳеҷ ишорае ба ин мавзӯъ накарданд.

Ман дар он нишаст аз гардонанда вақт хостам то интиқоди худ аз тамос нагирифтан ба масоили қавмиро матраҳ кунам, аммо интернет мушкил пайдо кард ва чанд бор қатъу васл шуд ва дар натиҷа фурсати ибрози назарам аз даст рафт. Ба ҳамин далел хостам ин ҷо бинависам. Мисли ҳамеша баъд аз фориғ шудан аз он ҷаласа амиқан ба ин фикр мекунам, ки чаро сиёсиёни тоҷик аз асли қисса туфра мераванд ва шаҳомати тарҳи масъалаи аслиро дар худ парвариш намедиҳанд. Ман ба қатъ бовар дорам, ки сиёсиёни тоҷик медонанд, ки мушкили аслӣ қавмӣ аст, аммо аз тарҳи он имтиноъ меварзанд. Яъне ин гуна нест, ки сиёсиёни тоҷик надонанд, ки асли қисса қавмӣ аст. Яъне мушкил дар тарҳи масъала аст.

Агар манфиатандешии шахсеро ба унвони як далели умда дар тарҳ накардани масъалаи қавмӣ канор бигузорем, ба назари ман, се то далел ба имтиноъи сиёсиёни тоҷик аз масъалаи қавмӣ метавон баршумурд: яке, онон аксаран ба ин боваранд, ки тарҳи ин масъала, боиси касрашон аст; Дувум, онон ҳанӯз бовар доранд, ки тарҳи масъалаи қавмӣ, ваҳдати миллиро хадшадор мекунад; Севум, онон фикр мекунанд, ки тарҳи масъалаи қавмӣ аз назари динӣ гуноҳ аст.

Аммо далоили имтиноъ ҳар чӣ бошад, нафси имтиноъ ба эътиқоди ман, мӯҷиби салби салоҳияти раҳбарии сиёсии олиҷанобон бар ҷомеаи тоҷик аст. Сиёсатмадоре, ки ба ҳар далеле, шаҳомати тарҳи аслитарин мушкили қавми худро надошта бошад, ахлоқан набояд даъвои раҳбариро дар ҷомеаи худ дошта бошад.

Дар ин ҷо метавон гуфт, ки мо бо суъифаҳми олиҷанобон аз мафҳуми ахлоқу ахлоқият мувоҷеҳ ҳастем. Онон ҳанӯз марзҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро ба дурустӣ ташхис надода ва бино бар ин, метавон ононро сиёсиёни тасодуфӣ унвон дод. Касоне, ки на бар асоси фаҳму дарк ва тааҳҳуди амиқ ба мардумашон, балки ба далоили дигаре аз ҷумла муносиботи фасодандуд ва таърифношудаи иҷтимоӣ боло омада ва дар сукони намояндагиҳои сиёсии як мардум ҷулус фармудаанд. Ин офати бузурге ба ҷомеаи тоҷикон ва бахусус, ҷомеаи сиёсии ин қавм аст.

Аммо онсӯтар, Муҳаммад Ориф Раҳмонӣ, сиёсатмадори ҳазора, бо шаҳомат ва ба гунаи сареҳ масъалаи қавмиро матраҳ мекунад ва дар суханонаш бор-бор аз ҳазораву тоҷик ва ҳуқуқи помолшудаи онон дар натиҷаи сиёсатҳои табъизомези қавмии решадори гурӯҳи қавмии ҳоким сухан мегӯяд. Дар суханони ӯ шуҷоат, тааҳҳуд ба манофеъи мардумаш, садоқат ва оянданигарии жарфу стратегӣ нуҳуфтааст. Сухани ӯ рабти васиқ ба шароити айнии ҷомеа дорад ва ба дил менишинад ва бедориву ангезаи мубориза халқ мекунад. Бар хилофи ӯ, дар сӯҳбати сиёсиёни тоҷик ҳарфи тозае пайдо намекунед, шуҷоат ва тааҳҳуде пайдо намекунед, шӯр ва ангезае пайдо намекунед.

Дар мақоми муқоиса дар ин ҷаласа байни сиёсиёни тоҷику ҳазора метавон гуфт, ки арақи шарм бар ҷабини одам ҷорӣ мешавад. Қавму таборе, ки фарҳангиёнаш даъвои таъриху тамаддуни бошукӯҳ доранд ва бахше аз фарзандонаш туфанги мубориза дар баробари истибдоди қавмиро ба шона доранд ва ҳазорон ҷавони барӯманди дигараш дар зиндонҳои режими ҳоким ба ҷурми тааллуқаш ба табори тоҷик зери шиканҷа аст ва гузориши ироашуда дар ин маҷлис низ ҳокӣ аз он аст, ки 8 тоҷики панҷшерӣ ба шакли фаҷеъ ба қатл расидаанд, сиёсиёнаш вақте сухан мегӯянд, эҳсоси яъсу ноумедии шадид шуморо фаро мегирад. Ҳарф тозаву равшангар дар сӯҳбатҳояшон пайдо намекунед ва шуморо ба лиҳози зеҳнӣ ба давраи ҷумҳурияти пур аз хибту хатои сиёсиёни тоҷик партоб мекунад...


Дин

Тероризм

07-май-2025 By admin

Ҷиҳод бо пули…

Толибону ДОИШ чӣ гуна тамвили молӣ мешаванд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!