Хабари рӯз

Сиёсати “замини сӯхта” алайҳи қавми ҳазора дар Иморати Толибон чӣ гуна ҷараён дорад?

Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андишакдаи гуфтугӯи таълимии миллати Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Мақолаи мазкур сиёсати саркӯбгаронаи Толибонро алайҳи қавми ҳазора дар чор соли охир мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ҳазораҳо, ҳамчун яке аз ақвоми бумии таърихии Афғонистон, мавриди табъизи системавӣ, кӯчонидани маҷбурӣ, ғасби замин, қатли ом, зӯроварии ҷинсӣ ва сиёсати”замини сӯхта” қарор гирифтаанд. Нақши роҳбарони сиёсӣ ва мазҳабии ҳазора дар идомаи ин саркӯб, сукути ҷомеаи байналмилалӣ ва муқоисаи ин вазъият бо наслкушии таърихӣ алайҳи ин қавм аз мавзӯъҳои асосии таҳқиқ мебошанд.

 

Муқаддима

Қавми ҳазора яке аз ақвоми аслии таърихии Афғонистон буда, ҳамеша мавриди табъиз ва саркӯб қарор дошт. Аз давраи Амир Абдураҳмонхон дар асри XIX то имрӯз ҳазораҳо ҳамчун “дигарон” дар сохтори қудрати Афғонистон нодида гирифта мешуданд. Пас аз суқути ҷумҳурӣ ва бозгашти Толибон ба ҳокимият дар соли 2021, ин табъиз ба шаклҳои гуногун шиддат ёфт. Ин мақола паҳлӯҳои гуногуни зулми сохторӣ алайҳи ҳазораҳоро таҳлил мекунад.

 

1) Кӯчонидани маҷбурӣ ва ғасби заминҳои ҳазораҳо

Яке аз стратегияи асосии Толибон барои тағйири сохтори демографии Афғонистон кӯчонидани маҷбурӣ ва ғасби заминҳои ҳазораҳо дар минтақаҳои бумии онҳо мебошад. Минтақаҳое мисли Беҳсуд, Дойкундӣ ва Қандаҳор шоҳиди кӯчонидани маҷбурии оилаҳои ҳазора аз заминҳои аҷдодии худ шудаанд. Ин сиёсат на танҳо боиси бехона шудани ҳазорҳо нафар гардид, балки сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии ин қавмро низ хароб кард.

 

2) Қатл, террор ва саркӯбии системавӣ

Дар солҳои охир садҳо нафар аз зиёиён, донишҷӯён ва фаъолони ҳазора кушта шуданд. Ҳамлаҳо ба марказҳои таълимии ҳазораҳо (мисли ҳамла ба маркази таълимии “Коҷ” дар ғарби Кобул), масҷидҳо ва ҷамъомадҳои фарҳангӣ намунаҳои сиёсати наслкушии Толибон мебошанд. Ин ҳамлаҳо бо сукут ё ҳатто сафедкунии мақомоти ҳукумати Толибон ҳамроҳ буданд.

 

3) Таҷовузи ҷинсӣ ва сиёсати ғуломсозии занони ҳазора

Яке аз паҳлӯҳои даҳшатбори ин саркӯб истифодаи занони ҳазора ҳамчун “ғанимати ҷангӣ” мебошад. Ҳисоботи сершуморе дар бораи издивоҷҳои маҷбурӣ, таҷовузи гурӯҳӣ ва истисмори ҷинсии занони ҳазора аз ҷониби аъзои Толибон мавҷуд аст. Ин амр на танҳо бар хилофи усули ҳуқуқи башар аст, балки нишон медиҳад, ки Толибон ҳазораҳоро ҳамчун шаҳрвандони дараҷаи сеюм ва бидуни ҳуқуқу шараф мешуморанд.

 

4) Нақши роҳбарони ҳазора дар идомаи ин зулм

Баъзе роҳбарони ҳазора, ба ҷои муқовимат, бо Толибон ҳамкорӣ кардаанд. Карим Халилӣ, муовини собиқи президенти Афғонистон, яке аз шахсиятҳое мебошад, ки бо сукут ва мусолиҳа дар баробари Толибон ба идомаи ин зулм кӯмак кардааст. Инчунин, баъзе рӯҳониён ва вакилони ҳазора дар дохили сохтори Толибон, ба ҷои ҳимоят аз мардуми худ, бо гирифтани имтиёзҳои шахсӣ ва ҳифзи мавқеи худ машғул шудаанд. Ин хиёнати дохилӣ муқовимати ҳазораҳоро заиф карда, заминаро барои идомаи саркӯб фароҳам овардааст.

 

5) Толибон ва сиёсати “замини сӯхта” алайҳи ҳазораҳо

Сиёсати “замини сӯхта”-и Толибон алайҳи ҳазораҳо шабеҳи ҷиноятҳое мебошад, ки Амир Абдураҳмонхон дар охири асри XIX содир карда буд. Дар он замон, ҳазорҳо ҳазора кушта ё ҳамчун ғулом фурӯхта шуданд. Имрӯз низ Толибон, бахусус Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода ва дигар роҳбарони Иморати Исломӣ, марҳилаи нави ҳамон сиёсатро иҷро мекунанд.

 

6) Хулоса ва роҳҳалҳо

Мақолаи мазкур нишон медиҳад, ки саркӯбии қавми ҳазора на танҳо як зулми таърихӣ аст, балки як сиёсати созмонёфта барои нест кардани ин қавм аз ҷуғрофияи Афғонистон мебошад. Сукут кардани роҳбарони дохилӣ, бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамкории баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ бо Толибон ин равандро осонтар кардааст. Барои муқовимат бо ин вазъ, чораҳои зерин пешниҳод мешаванд:

1 - Ҳуҷҷатгузорӣ ва фошсозии ҷиноятҳои Толибон тавассути расонаҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар.

2 - Эҷоди ваҳдати дохилӣ байни ҳазораҳо ва пешгирии ҳамкории роҳбарони хиёнаткор бо Толибон.

3 - Фишор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эътироф накардани Толибон то қатъ шудани ҷиноятҳои онҳо.

4 - Дастгирии муқовиматҳои маҳаллӣ алайҳи сиёсати нажодпарастонаи Толибон.

Бе иқдоми қатъӣ, саркӯбии ҳазораҳо идома хоҳад ёфт ва таърих боз як наслкушии дигарро сабт хоҳад кард.


Дин

Тероризм

07-май-2025 By admin

Ҷиҳод бо пули…

Толибону ДОИШ чӣ гуна тамвили молӣ мешаванд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!