Хабари рӯз

Дур нест рӯзе, ки ҳатто Аврупо ҳам ҳаёти хилвати Амрико набошад

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)  

Ба ҳамон андоза, ки изҳороти ҷасуронаи раисҷумҳури Фаронса дар бораи истиқлолияти Аврупо аз Амрико ғавғо барпо кард, ба ҳамон андоза, изҳороти сареҳи зиддиамрикоии раисҷумҳури Бразил ҳам хабарсоз шуда, Амрикои Лотин ва ҷаҳон моро бештар бо нақши ҷангафрӯзонаи Амрико ошно намудааст.

Ахиран мо шоҳид будем, ки пас аз изҳороти ҷасуронаи раисҷумҳури Фаронса алайҳи султагароии Амрико, оқои Луло да Силва, раисҷумҳури кишвари қудратманди Бразил ҳам ҳангоми дидор аз Чин бо қотеъият аз Амрико хост то беш аз ин ба ҷанги Украина бензин напошад.

Оқои Да Силва бо ҷиддият ба раҳбарони Амрико тазаккур дод, ки ба ҷойи ташвиқ ва тарғиби Украина ба ҷанг, он кишварро ба сулҳ ташвиқ намоянд.

Да Силва ин интиқодҳо ва ҳушдорҳои тундашро тайи мусоҳибаҳо ва суханрониҳояш дар Чин ба баён овардааст. Ў дар як суханронии муҳим дар Шонгҳой, ҳамчунон дар бораи истифодаи абзории Амрико аз нақши доллар ба шиддат интиқод намуда, аз кишварҳои узви БРИКС (Бразил, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ва тамоми кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Осиё, бо ҷиддият тақозо намуд то дар ростои дифоъ аз арзҳои миллии худ, долларро аз тиҷорати байналмилалишон ҳазф кунанд.

Да Силва бо маҳкум кардани нақши марказии доллар дар тиҷорати ҷаҳонӣ, хостори поёни султаи доллар бар тиҷорати ҷаҳонӣ шуда, аз кишварҳои рӯ ба тавсеа ва кишварҳои узви БРИКС хост то арзи ҷогузине барои доллар пайдо намоянд.

Ин гуна изҳороти қотеъ аз забони раҳбарони кишварҳои қудратманди ҷаҳон, иттиҳоди Чин, Русия, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ, Эрон, Арабистони Саудӣ, Бразил ва тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгҳойро мустаҳкамтар карда, роҳро ба сӯи назми нави ҷаҳонӣ бозтар ва равшантар менамояд.

Муболиға нест, бигӯем, ки имрӯз миллате дар ҷаҳон вуҷуд надорад то аз нақши мустақими Амрико дар ҷангҳои минтақаӣ дар нуқоти мухталиф ҷаҳон, инкор намояд. Имрӯз ҳама медонанд, ки дар вайрон кардани Ироқ ба баҳонаи силоҳи атомӣ, дар андохтани Афғонистон дар коми терроризми динии Толибон ба баҳонаи Алқоида, дар тавтеаи эҷоди ДОИШ барои суқути Сурия ва Ироқ, дар эҷоди буҳрон ва ҷанг дар Либия, Яман ва Венесуэла ва дар афрӯхтани оташи ҷанги вайронгар дар Украина, дар ҳама буҳронҳо нақши Амрико барҷаста ва ғайри қобили инкор аст.

Дар такя ба ҳамин ҳақиқат аст, ки ҳоло ҳатто шарикони стратегии Амрико аз асари фишори миллатҳояшон, мехоҳанд аз сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи он кишвар фосила бигиранд.

Агар Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сарватманд аст ё Фаронсаву Туркия, ин ду кишвари қудратманди НАТО ва агар кишварҳои бузургу пурқудрате чун Бразилу Аргентина аст ё Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ, Русия ва Чин, ҳама мехоҳанд аз ҷангу сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи Амрико фосила гирифта, ба қулдрбозиҳо ва судҷӯиҳои он кишвар таслим нашаванд.

Ва бо иттико ба ҳамин ҳақиқат, дур нест рӯзе, ки низоми султагароёнаи Амрико ба поён расида, наздиктарин муттаҳидони стратегиаш, ба ҷойи думболаравӣ аз ҷангҳои халқшуда тавассути Амрико, роҳи тавсеа ва инкишофи бештарро ба пеш бигиранд ва дигар ҳатто Аврупо ҳам ҳаёти хилвати Амрико набошад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!