Формули асосӣ ин аст, ки зулм аз байн намеравад, то як мардум барои соҳиб шудан ба озодӣ наҷанганд.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои машвараи "Сангар"
Инсон мавҷуди аҷиб аст. Вақте ба як мақоми баланд мерасад, тасаввур мекунад, ки ҳар чӣ бигӯяд, дуруст аст ва мардум қабул мекунанд, дар ҳоле ки дуруст нест ва бидуни тафаккур худро масхара сохтаанд.
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Ин ашхос аксаран ба асоси иртиботот ва ё наздикӣ бо як гуруҳи лобии қавӣ ба як ҷое мерасанд. Яке аз ин ашхос бидуни ин ки фикр кунад, сухан гуфт, Омина Муҳаммад, муовини сардабири кулли Созмони Милали Муттаҳид буд, ки бо як сухани беҷой ва санҷиданошуда ғавғо барпо кард. Мавсуф дар Донишгоҳи Ҳавард, машҳуртарин маркази омӯзишу парвариш ва таҳқиқоти илмии Амрико гуфт:
"Аз ин ҷаласа умедворем битавонем гомҳои ибтидоӣ (кӯчаке)-ро пайдо кунем, ки моро дар масири ба расмият шинохтани усулии Толибон қарор диҳанд." Аксаран “baby steps” таҳтуллафз тарҷума шуда ва ғалат тарҷума шудааст. Маънии аслии он гомҳои ибтидоӣ аст, на кӯдакона.
Ин ҷумла як ғавғои байналмилалиро ба роҳ андохт ва мухолифини Толибон эътисоботу тазоҳуротро дар сартосари ҷаҳон ба роҳ андохтанд ва аммо ин нависанда дар се матни кӯтоҳ ба забони англисӣ навиштам, ки имкон надорад Милали Муттаҳид Толибонро ба расмият бишносад. Ва ҳамин тур ҳам шуд ва дар маҷлиси аввал ва дувуми майи 2023 дар Дуҳа Толибон ба расмият шинохта нашуд.
Ин дуруст аст, ки Милали Муттаҳид, ба истилоҳи англисӣ, як con-game аст, яъне як чолу бозии ғайрисодиқона аст, зеро зиёдтар аз тарафи кишварҳои бузург, махсусан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тамвил мешавад ва онҳое ки ин созмонро тамвил мекунанд, хоҳ-махоҳ таваққӯъоти худро доранд. Аммо бо ин ҳам Милали Муттаҳид Толибонро ба хотири Маншури ҳуқуқи башар наметавонист ба расмият бишносад ва Милали Муттаҳид бар хилофи усули худ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчу кореро намекард. Аммо ин бори аввал нест, ки ашхоси саршинос суханони беҷо ва беҳуда мегӯянд.
Дар соли 2005, ба хотир дорам, раиси ҳамин донишгоҳи машҳури Ҳарвард Лауренс Ҳ. Саммерс (Lawrence H. Summers) дар як конфронси илмӣ бонувонро шадид мутаассир сохт вақте табсира кард, ки ба хотири тафовутҳои биологии мардон дар илму риёзӣ муваффақтар ҳастанд ва пасон аз гуфтаи худ маъзарат хост.
Дар ҷомеаи пасмондаи мо ҳам табсираҳои ғайриилмӣ шудааст, чунончи ҷаноби устод Абдуссаттор Сират, мушовири асбақи марҳум Зоҳиршоҳ дар як суханронӣ дар иёлати Калифорния гуфт, ки никоҳи чаҳорсола бо мудохилаи вакили духтар муҷоз аст, ки як ғавғо дар матбуоти берунмарзӣ барпо кард. Аввалин бор клипи ин суханронӣ тавассути оқои Форуқ Тамиз пахш шуд. Оқои Сират ҳам сухани худро рад ва инкор кард, ки ҳамчу чизе нагуфта, дар ҳоле ки видеоклипи он мавҷуд аст.
Ба ҳар ҳол маҷлиси Дуҳа аз ҷониби Милали Муттаҳид як шикасти бузург барои Толибон буд ва кишварро зиёдтар дар инзиво қарор дод. Инзивои кишварҳо ба шаклҳои гуногун ҳам ҷадид нест. Куриёи Шимолӣ дар инзиво қарор дорад ва дар Ховари Миёна кишвари Эронро тақрибан дар инзиво қарор додаанд.
Дар мавриди Афғонистон на танҳо, ки Толибон шикаст хӯрданд, ҳавохоҳони Толибон ва он идда соддадилон, ки дар дохилу хориҷи кишвар хостанд бо Толибон муфоҳима кунанд ва ё мусолиҳа кунанд ҳам шикаст хӯрданд. Ин шикасти мухолифини Толибон, монанди Ҷабҳа муқовимати миллӣ ва Сипоҳи Озодиро шадид умедвор сохт то ба муборизоти худ давом диҳанд.
Масоили сиёсӣ аз риштаҳои улуми инсонӣ аст, яъне ҳар кас ҳаққ дорад назари худро дошта бошад ва ҳама ба диду биниши худашон ҳақ ба ҷониб ҳастанд. Аммо дар қазияи Афғонистон, ки мардуми мусулмон матраҳ аст, масъалаи зулм аст. Зулм бо муфоҳимаву мусолиҳа ва ба роҳ андохтани ҳаракатҳои сиёсиву чарбзабонӣ ва нармхӯӣ, ки сиёсиюн, махсусан, дар хориҷ аз кишвар вақти худро зойеъ мекунанд, бартараф намешавад. Чун дар ислом зулм ба масобаи ширк аст. Ягона роҳи маҳву нобудии зулм ҷанг аст ва бас.
Тарафдорони Толибон, ки аксаран қавмӣ ва қабилавӣ ҳастанд, кӯшиш мекунанд, ки агар бо Толибон ба як тафоҳум бирасанд ва аммо ин нависанда аз рӯзи аввал гуфтам, ки аз нигоҳи ҷомеашиносии сиёсӣ як гурӯҳ, ки ба асоси як идеология қудратро ғасб карда бошад, ҳаргиз мусолиҳаву муфоҳима намекунад ва бояд ҷангид. Оё дар Афғонистон коммунистҳо мусолиҳа карданд? Аз Афғонистон, ки ба Аврупо биравед, оё Ҳитлари олмонӣ мусолиҳа кард? Оё Сталини русӣ, ки миллиюн нафарро кушта дод, мусолиҳа кард? Оё Черчили англисӣ ба Олмон таслим шуд ё ҷанг кард? Ҷанг кард! Формули асосӣ ин аст, ки зулм аз байн намеравад, то як мардум барои соҳиб шудан ба озодӣ наҷанганд.