Нависанда: доктор Фазлманаллоҳ Мумтоз, собиқ сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон
Дар фалсафа як дидгоҳро бо номи “дидгоҳи асби мурда” номидаанд, ки як истиораи масхара аст. Мафоди он ин аст, ки баъзе мардум, муассисот ва ё ҷараёнҳо бо мушкили ошкор гӯё чунон бархӯрд мекунанд, ки ғайримафҳум бошад, дар ивази он ки ба ҳақиқат иқрор ва эътироф кунанд, барои тавҷеҳ ва табарруи мавқифи худ ҳунарнамоӣ мекунанд. Мавзуъ хеле содда аст агар кашф кардед, ки асб мурда аст, поён шавед. Дар иваз иҷрооти дигарро рӯйи даст бигиранд, аммо баръакс бо мушкил чунин бархурд мекунанд, монанди Ҳизби исломии Ҳикматёр, аз ҷумла:
1 - Полони ҷадид меоваранд;
2 - Ҷаву алаф меоваранд;
3 - Нигаҳбони асбро тағйир медиҳанд ва муҳокима мекунанд;
4 - Иҷтимоъот доир мекунанд ба хотири суръати асб;
5 - Комиссияҳоро ташкил медиҳанд, то асби мурдаро таҳлилу таҷзия кунанд, моҳҳо ва солҳо рӯйи он баҳс менамоянд, пешниҳодот ва тарҳҳои мустақбалеро тақдим мекунанд;
6 - Дар ниҳоят комиссия ва кумитаҳо ба ин натиҷа мерасанд, ки асб мурдааст;
7 - Бо вуҷуди ин ҳама зоеии вақту мол асбро бо асбҳои мурдаи дигар муқоиса мекунанд ва тавсия мекунанд, ки асб дуруст тамрин нашуда буду ниёз ба тамрини дуруст дошт;
8 - Бояд барои асб будҷаи кофӣ дар назар гирифта шавад;
9 - Дар ахир барои калимаи мурдаро таърифи муфассал эҷод мекунанд ва лекин худро қаноат медиҳанд, ки асб зинда аст;
Ибрат аз ин дидгоҳ он аст, ки баъзе аз мардум монанди муғаффилин ва маддоҳони Ҳикматёр исрор меварзанд, то аз воқеиятҳо инкор намоянду умри худро зоеъ менамоянду асби мурдаро зинда ҷилва медиҳанд ва барояш зиндабод мегӯнд ва дуои дарозии умр менамоянд.
Ин “дидгоҳи асби мурда” ба ҳолати феълии Ҳикматёр ва Ҳизби исломӣ комилан мутобиқат дорад. Дар иваз ин ки мушкилро аз ибтидо ташхис кунанд, ки мушаххасу возеҳ аст, он ин ки мишри муаззаз ба мишри муғарғар табдил шудааст ва мурда аст. Дигар навоварӣ ва тағйири обу ҳаво ва ғизо барояш фоида надорад, касеро, ки садо мекунанд дигар зинда нест.