Нависанда: Яъқуб Ясно, нависанда ва пажӯҳишгар, узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Як нависанда ва пажӯҳишгар ва ҳар касе, вақте мавзӯеро матраҳ мекунад, бояд он мавзӯъро бо истидлол ва далел баррасӣ ва арзёбӣ кунад. Ман як форсизабони хориҷӣ ҳастам, яъне аз Тоҷикистон нестам, аммо дар бораи мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мақола менависам. Пурсиш ин метавонад бошад, чаро бояд мақола бинависам? Посухи ман ин аст, ки амалкарди фарҳангии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон барои посдорӣ аз фарҳанги ҳамаи форсизабони ҷаҳон судманд ва боаҳамият аст. Бинобар ин, бар мани форсизабон ҳақ дорад, ки дар бораи эшон бинависам, қадрдон ва сипосгузори Ҷаноби Олӣ бошам, зеро эшон бо посдорӣ аз фарҳанги тоҷикон ва ориёиён аз ҳувият ва фарҳанги ҳар ориёӣ ва форсизабон дар ҷаҳон дифоъ мекунад.
Дар унвони ин ёддошт ду мавзӯъро дар бораи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон матраҳ кардам, ки яке “Паёмовари сулҳ” ва дувумӣ “Паёмовари огоҳии миллӣ” аст. Чунонки дар оғози навишта ишора шуд, ҳар мавзӯе бояст бо далел ва истидлол мавриди баррасӣ қарор гирад. Бар ин асос, ман бояд дар бораи ду мавзӯъ далел биоварам ва истидлол кунам, ки чаро ин ду мавзӯъро дар бораи Ҷаноби Олӣ матраҳ мекунам.
Мавзӯи аввалро мехоҳам бо як матали форсӣ ва достоне аз “Гулистон”-и Саъдӣ маврид воковӣ қарор диҳам. Дар “Гулистон"-и Саъдӣ достонест, ки подшоҳе бо ҷамъе аз афрод дар киштӣ савор буданд, аммо яке аз афрод, ки ҳеҷ гоҳе савори киштӣ нашуда буд, аз тарс бисёр нороҳатӣ ва сарусадо мекард. Ҳакиме дар киштӣ буд, аз подшоҳ иҷоза гирифт, то он фардро ором кунад. Подшоҳ иҷоза дод. Ҳаким гуфт, ӯро ба дарё андозед, чанд сарбоз ӯро ба дарё андохтанд ва пас аз чанд лаҳза аз мӯяш гирифтанд, ба киштӣ баргаштонданд. Он фард дар гӯшае хазид ва ором гирифт ва қадри киштиро фаҳмид. Ҳаким гуфт, касе “қадри офиятро медонад, ки ба мусибате гирифтор ояд”. Он фард то ғарқ шудан ба мусибате гирифтор наомада буд, қадри офият дар киштиро намедонист.
Ин достонро барои ин ривоят кардам, ки имрӯз миллати Тоҷикистон ба хотири мудирият ва сиёсати мудаббирона ва ақлонии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва раҳбари давлати Тоҷикистон, дар офият, амният ва оромӣ ҳастанд. Шояд бархе аз афрод ин офиятро дарк накунанд ва ончунон ки лозим аст, қадри ин офиятро надонанд. Чаро? Барои ин ки аз рӯзе, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон паёми сулҳро овард ва сулҳу ваҳдати миллиро дар кишвари Тоҷикистон бунёд гузошт ва ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон поён дод, хушбахтона, аз он ба баъд мардуми Тоҷикистон дигар мусибатеро надидаанд, ки қадри офияти мавҷудро бидонанд. Бино бар ин, бояд мардумро мутаваҷҷеҳи офияти мавҷуд кард, то мусибати гузаштаро ба ёд биоваранд ва қадрдони офияти мавҷуд бошанд. Афғонистони ҷангзадаро дар наздики худ ва кишварҳои ҷангзадаи дигари ҷаҳонро бубинанд, ки мардумашон чӣ қадар дучори мусибатанд, аммо хушбахтона, дар Тоҷикистон бинобар тадбири ин инсони бузург, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, амнияту осоиш барқарор аст ва кишвари Тоҷикистон яке аз кишварҳои амну ором ҷаҳон аст. Ба назари ман, фард-фарди мардуми Тоҷикистон қадри раисҷумҳур ва офияти мавҷуд дар кишварро бояд бидонанд, то офият ва амнияти мавҷуд дар кишвар ҳар чӣ бештар пойдор ва барқарор бимонад.
Вақте ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ва ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон бунёд гузошт, ба мавзӯи бисёр сарнавиштсози дигар таваҷҷуҳ кард, ки мавзӯи огоҳии миллӣ ва бедории миллии тоҷикон буд.
Агар аз ҳақиқат нагузарем, он чӣ имрӯз ба номи ҳувияти эронӣ, адабиёти эронӣ, ривоят ва ҳамосаи миллӣ, адабиёти форсӣ ва забони форсӣ ёд мешавад, дар давраи Сомониён асос ва бунёд гузошта шуданд. Сомониён тоҷик буданд. Тоҷикон яке аз ақвоми бузурги ориёӣ ҳастанд. Фикр кунем, агар ҳукумати Сомониён рӯи кор намеомад, имрӯз мо адабиёти форсӣ, ҳамоса ва ривояти миллиро дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва... доштем?!
Ба назари ман, надоштем, зеро шоҳони сомонӣ ва дарбори фарҳангии Сомониён буд, ки асоси адабиёти форсӣ ва ривояту ҳамосаи миллиро гузоштанд. Аммо пас аз ҳукумати Сомониён нақши Сомониён ва тоҷикон дар шаклгирии забону адабиёти форсӣ ва ривояту ҳамосаи миллӣ ва мардум ба фаромӯшӣ сипурда шуд ва шаклгирии забону адабиёти форсӣ бештар тааллуқ гирифт ба ҳукуматҳо ва ақвоми дигари ориёӣ, аз ҷумла ба эрониён. Дуруст аст, ки ҳамаи ақвоми ориёӣ дар шаклгирии адабиёт ва забони форсӣ нақш доштаанд, аммо нақши асосиро пас аз ислом дар шаклгирӣ ва ривоҷи забону адабиёти форсӣ ва ривояти миллӣ Сомониён ва тоҷикон доштанд.
Нақши тоҷикон дар шаклгирии забон ва адабиёти форсӣ ва ривояти миллӣ пас аз Сомониён то рӯи кор омадани раҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба фаромӯшӣ сипурда шуда буд. Хушбахтона, бо рӯи кор омадани раҳбарии эшон буд, ки тоҷикон аз назари фарҳангӣ ва миллӣ дар ҷойгоҳи таърихии худ қарор гирифтанд ва ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар нақши тоҷикон дар шаклгирии ҳувият ва фарҳанги ориёӣ кард ва кишварҳои минтақаву ҷаҳон, ҷойгоҳи тоҷиконро дар шаклгирии фарҳанги ориёӣ, адабиёту забони форсӣ ва ривояту ҳувият миллӣ дарк карданд.
Биёед, воқеъбинона ин саволро матраҳ кунем, ки кадом шахсияти сиёсӣ дар кишварҳои форсизабон бештар аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон барои фарҳанги тоҷикон ва дар кул барои фарҳанги ориёӣ ва адабиёту забони форсӣ заҳмат кашида ва талош кардааст? Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ривоҷдиҳии фарҳанги ориёӣ талош карда ва заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред! Ҳақиқат ин аст, ки дар замони муосир дар кишварҳои форсизабон, мо ғайр аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон шахсияти сиёсии дигареро надорем, ки дилсӯз барои ҳувият ва фарҳанги тоҷикон, ориёиҳо ва форсизабонҳо бошад.
Ҷашни Наврӯз, ҷашни Чилла (Ялдо), ҷашни Меҳргон ва соири ҷашнҳои ориёӣ ва ривоятҳои миллию мардумии ориёӣ дар кишварҳои форсизабон ва дар ҷаҳон дар ҳоли фаромӯшӣ буданд. Ин талош ва иқдоми ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ҷашни Наврӯз ва ҷашни Чилла аҳамияти ҷаҳонӣ бахшид ва мӯҷиби ривоҷи ҷашни Меҳргон ва дигар ҷашнҳои ниёгон дар сатҳи миллӣ шуд.
Хушбахтона, бар асоси раҳбарии фарҳангӣ ва сиёсатгузории фарҳангии таъсиргузори мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари Тоҷикистон марказ ва ҳувияти фарҳанги тамаддуни ориёӣ аст. Дар Эрон ва дар ҳеҷ кишвари форсизабони дигар тандисҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Куруш ва соири шахсиятҳои форсизабон ва ориёӣ дида намешванд. Қобили ёдоварӣ ва хурсандӣ аст, ки дар кишвари Тоҷикистон боғҳо ба номи ин бузургон номгузорӣ шуда ва барои ёду эҳтироми ин бузургон тандисҳояшон сохта шудаанд, то аз як тараф, ин бузургон фаромӯш нашаванд ва аз тарафи дигар, наслҳои ҷавон ва баъдӣ ҳарчи беҳтар ва бештар бо гузаштаи фарҳангӣ ва бо бузургони фарҳангии худ ошно шаванд.
Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон фаротар аз иқдомҳои амалӣ, барои ҳимоят ва посдорӣ аз фарҳанги ниёгон ва ҳувияти тоҷикон, андеша, идея ва фикр низ эҷод кардааст. Ҷаноби Олӣ дар китоби “Забони миллат - ҳастии миллат” барои ҳифз ва бақои ҳувияти як миллат, доштани забони модариро лозим ва зарурӣ медонад ва ин идеяро матраҳ мекунад, агар бихоҳем ҳувият ва огоҳии тоҷиконаро ҳифзу тақвият кунем, барои ҳифзу тақвияти ҳувият ва огоҳии тоҷикӣ ва миллӣ, забони тоҷикӣ ва модарӣ ниёз аст, зеро вуҷуд (ҳастӣ) ва ҳувияти миллат бо забони миллат пайванд ва иртиботи ногусастание дорад.
Бинобар ин, ҷаноби мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар замони ҳозир метавон содиқтарин ва кӯшотарин фарзанди ориёӣ ва тоҷик барои фарҳанг, ҳувият ва ривояти ориёӣ ва тоҷикон донист. Аз ин назар, ҳар тоҷик ва форсизабон чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ берун аз Тоҷикистон бояд қадрдон ва сипосгузор эшон бошад.