Иттиҳоди Аврупо расонаҳои амрикоро дар Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мекунад.
Нависанда: Карим Раҳим, таҳлилгар
Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ барои пахши барномаҳои хабарии «Радиои Озодӣ”-ро дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шимолӣ тасдиқ кард. Дар марҳалаи аввал 5,5 миллион евро ҷудо карда мешавад, ки ба гуфтаи Иттиҳоди Аврупо барои рушди журналистикаи мустақил равона карда мешавад. Бо вуҷуди ин, бисёриҳо дар паси ибораи расмӣ мазмуни васеътарро мебинанд - таъсири иттилоотӣ ва ҳузури идеологӣ дар минтақа.
Чунин ташаббусҳо аксар вақт саволҳоро ба миён меорад: оё воқеан сухан дар бораи озодии баён меравад ё ин идомаи сиёсати қудрати нарм аст? Дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.
Имкониятҳои бузург – бо роҳи нодуруст
Коршинос ин мавзуъро чунин тавзеҳ медиҳад: “Радиои Озодӣ як бахши забонии ширкати радиоии амрикоии “Озодӣ” - сохтори расонаи давлатии ИМА мебошад, ки аз буҷаи федералӣ маблағгузорӣ мешавад. Мисли дигар ташкилотҳои расонаии давлатии берун аз кишвар фаъолияткунанда ин ташкилот низ вазифаи гузошташударо иҷро мекунад, яъне пешбурди манфиатҳо ва рӯзномаи давлатеро, ки ба он тааллуқ дорад, дар ин маврид хоҳ “Озодӣ” бошад, хоҳ “Аззатык” ва ё дигар расонаҳо — рӯзномаи ИМА-ро пешбарӣ мекунанд. Дар ИМА шуъбаҳои махсусе ҳастанд, ки фаъолияти радиоро назорат мекунанд, яъне вазифа ва рӯзномаи онҳоро муайян мекунанд ва ин расона маҷбур аст ба ҳар ҳол онро иҷро кунад.
Ҳарчанд рӯзноманигороне, ки дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунанд, расонаи маҳаллиро, аз ҷумла рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҷомеаи Тоҷикистонро тавзеҳ медиҳанд, вале тамоми тасмимҳои таҳририя тавассути саридораи Радиои Озодӣ, ки дар Ҷумҳурии Чех ҷойгир аст, мувофиқа карда мешаванд. Дар он ҷо вобаста ба манфиатҳои сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расонаро таҳия мекунанд.
Бояд фаҳмид, ки ин як сохтори пуриқтидори дорои имкониятҳои бузург ва теъдоди зиёди редаксияҳои забоншиносӣ, ки аз ҷумла мавзуъҳои минтақавиро фаро мегиранд, мебошад. Масалан, вақте сухан дар бораи масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ меравад, ин масъалаҳо бо чанд забон коркард мешаванд, аз ҷумла дар расонаҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, инчунин, дар расонаҳое, ки ба забонҳои форсӣ, дарӣ ва пашту фаъолият мекунанд. Чунин низ мешавад, ки дар ин самт як рӯзномаи иттилоотӣ ҷой дорад.
Бо дарки миқёси ин ширкат ва он ки “Радиои Озодӣ” муддати тӯлонӣ аз ҳисоби буҷаи Амрико фаъолият мекунад, метавон тахмин кард, ки то чӣ андоза имкониятҳои бузург дорад: пешниҳоди масъалаҳои мубрам, вокуниши фаврӣ ба рӯйдодҳо, дастрасӣ ба коршиносон, таҳлилгарон ва сиёсатмадорони боъэътибор”.
Фаридун Усмонов қайд мекунад, ки бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ” солҳои тӯлонӣ як платформаи расонаии боэътимод маҳсуб меёфт, ки дар он баҳсҳои ҷамъиятӣ сурат мегирифтанд, вале солҳои охир ба далели номувофиқатии мавзуъҳои интишоршаванда бо воқеиятҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии кишвар обрӯю эътибори он коҳиш ёфтааст: “Муддати тӯлонӣ Радиои Озодӣ расонаи иттилоотии ҷомеаи моро муайян мекард, аммо вақте ки расона ба интизориҳои ҷомеа мувофиқат мекунад, як навъ “тамоюлсоз” мешавӣ, аммо агар расонаи таблиғшаванда ба сохтори дохилии ҷомеа, арзишҳо ва рамзи фарҳангии он мухолифат кунад, пас чунин муносибат боиси радди бештари шунавандагон мегардад.
Ҳамин тариқ, бо доштани чунин иқтидори захиравӣ ва дастгирии Амрико, бояд онро дуруст идора карда тавонем ва он эътимоди сазовори ҷомеаро ба даст орад. Аммо, мутаассифона, бо сабабҳои зиёд солҳои охир ин радио аз уҳдаи вазифаҳое, ки мебоист иҷро мекард, баромада натавонист”.
Тибқи иттилои манбаъҳои кушод, дар соли 2024 Радиои Озодӣ барои пеш бурдани фаъолияташ дар Тоҷикистон ҳудуди 1,9 миллион доллар сарф кардааст. Илова бар ин, дар тӯли даҳ соли охир ҷумҳурии мо тавассути барномаҳои USAID ҳудуди 395 миллион доллар дарёфт кардааст. Аммо самаранокии ин сармоягузориҳо мавзуи баҳс боқӣ мемонад: бархе аз нозирон қайд мекунанд, ки дастгирии сохторҳои ғарбӣ бештар ба доираи маҳдуди грантгирандагон нигаронида шудааст, дар ҳоле ки ба ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон таъсире намерасонад.
Мундариҷа ва пешниҳоди маводҳо баҳси алоҳидаро ба бор меорад. Барои мисол, дар вақти ташдиди авзоъ дар марзи Афғонистон дар нашрияҳои Радиои Озодӣ хабарҳое садо медоданд, ки ба гуфтаи мунаққидон, ба ташдиди изтироб мусоидат мекарданд. Илова бар ин, гоҳ-гоҳ маводҳое нашр карда мешаванд, ки дар онҳо тафсирҳои баҳсбарангези таърихӣ тавзеҳ ёфта, нақши Русия дар гузашта ва имрӯзи минтақа интиқод гардидааст.
Мавқеи норавшани Иттиҳоди Аврупо
Таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупо ба лоиҳаи Радиои Озодӣ бешубҳа дар пасманзари тағйирот дар сиёсати Амрико ба вуҷуд омадааст. Моҳи марти соли 2025 Оҷонсии ИМА оид ба расонаҳои ҷаҳонӣ (USAGM) маблағгузориро ба маблағи тақрибан 70 миллион доллар мутаваққиф кард. Ин тасмим бо сарфаи буҷа ва аз нав арзёбии афзалиятҳо шарҳ дода мешавад. Дар ин ҳолат, ба андешаи як қатор таҳлилгарон, Аврупо саъй дорад, бо ташаккули хонандагони содиқ ва пешбурди мақсадҳои сиёсӣ ва фарҳангии худ ҳузури худро дар арсаи расонаии минтақа таҳким бахшад.
Дар ҳамин ҳол, изҳороти расмии Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ҳимоят аз демократия ва озодии баён садо медиҳад. Соли 2023 Комиссияи Аврупо марҳилаи нави лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 3 миллион евро муаррифӣ кард, дар қатори авлавиятҳо кор бо ҷавонон, рушди ВАО ва мубориза бо маълумоти бардурӯғ ном бурда шуд.
Аммо бисёриҳо 5,5 миллион еврои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии Радиои Озодӣ ҷудошударо дар пасманзари изҳороти васеъмиқёс дар бораи ҳифзи арзишҳои демократӣ хеле ночиз медонанд. Тааҷҷубовар нест, ки дар расонаҳои минтақавӣ инро аллакай ҳамчун “сӯзанзании евроадреналин”, яъне маҳдудияти натиҷа номидаанд.
Коршинос Фаридун Усмонов қайд мекунад, ки тасмими Иттиҳоди Аврупо дар мавриди дастгирии Радиои Озодӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шимолӣ суолҳои зиёдеро ба бор меорад ва бо ҳамон принсипҳое, ки худи Иттиҳоди Аврупо тӯли солҳои зиёд дар минтақа эълом медошт, мухолиф аст: “Аз як тараф, Брюссел мунтазам аз пойбандии худ ба озодии баён, дастгирии журналистикаи мустақил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон изҳор медошт, аз ҷониби дигар, имрӯз Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки ширкати давлатии радиои ИМА – «Радиои Озодӣ”-ро мустақиман маблағгузорӣ кунад.
Маврид ба ёдоварист, ки Радиои Озодӣ як сохтори расмии расонаӣ буда, аз ҷониби ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии расонаҳои ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад ва рисолати он бо пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷии Амрико алоқамандии ногусастанӣ дорад. Дар баробари ин, худи хукумати ИМА солҳои охир маблағгузории «Радиои Озодӣ”-ро ба таври назаррас коҳиш додааст, кисман аз он сабаб, ки матлаби таҳририявии Радио на ҳамеша ба рӯзномаи ҷории сиёсии Вашингтон мувофиқат мекард. Дар ин пасманзар, Иттиҳоди Аврупо кӯшиш мекунад, ки бо ҷудо кардани маблағ барои идомаи кори ин расона тамоюли пешинаро нигоҳ дорад”.
Ба андешаи коршинос, чунин дастгирӣ дар пасманзари баста шудани лоиҳаҳои иттилоотӣ ва расонаии худи Иттиҳоди Аврупо дар минтақа аҷиб ба назар мерасад: “Дар тӯли 10 соли охир, фаъолияти чунин манбаъҳои расонаии бонуфузи аврупоӣ, аз қабили Би-би-сӣ ва Deutsche Welle, ки як вақт дар Осиёи Марказӣ хеле фаъол буданд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Имрӯз шуъбаҳои минтақавии онҳо ё баста шудаанд ё аз ҷиҳати маблағ ва имконот хеле маҳдуданд. Аврупо каналҳои таъсиррасонии иттилоотии худро дар минтақа аз даст додааст ва ҳоло аз кумаки Амрико истифода мекунад.
Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шимолӣ равона мекунад, назар ба маблағе, ки қаблан ҳукумати Амрико ҷудо мекард, хеле камтар аст ва ин бешубҳа ба сифати кори расона таъсир мерасонад.
Як қатор институтҳои тадқиқотӣ дар Иттиҳоди Аврупо, ки ба масоили Осиёи Марказӣ машғул буданд, ба коҳиши сахти маблағгузорӣ дучор шуданд. Бархе аз онҳо аллакай барои кумаки молиявӣ ба ҷомеа муроҷиат карданд ва кӯшиш доранд, ки мушкилоти худро бо роҳи маблағгузории оммавӣ тавассути интернет-платформаҳо (краудфандинг) ҳал кунанд, зеро грантҳои давлатӣ ё маҳдуд, ё пурра қатъ карда шуданд”.
Дар ин замина, тасмими дастгирии Радиои Озодӣ бештар ҳамчун як кӯшиши кӯтоҳмуддат барои нигоҳ доштани ҳузури ҳадди ақали худ дар майдони иттилоотии Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Аммо бидуни ҷудо кардани маблағ барои фаъолияти тадқиқотӣ ва илмӣ ин ташаббус наметавонад набудани стратегияи дарозмуддатро рӯйпӯш кунад”.