Хабари рӯз

Чаро Иёлоти Муттаҳида набояд фиреби Исроилро хӯрад?

Нависанда: Дуглас Макгрегор, полковники бознишастаи артиши Амрико, назарияпардози низомӣ, барномарези чандин амалиёти бузурги низомии Амрико, мушовири масоили низомӣ-сиёсӣ, муфассири телевизионӣ.

Матлаби аслӣ: US Colonel: 'America First, Not Israel'

Дар ҷараёни 72 соати гузашта, замоне, ки музокирот миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дошт, Исроил даст ба ҳамлаи пешдастона бар Эрон зад.

Гарчи Эрон аз ин ҳамла ғофилгир шуд, аммо бар хилофи пешбинии Исроил, бисёр сареъ ба ҳолати омодабош даромад — дуруст монанди як “лаҳзаи Перл Ҳарбор”-и ҷадид.

Танҳо 18 соат пас аз ин ҳамлаи ногаҳонии Исроил, Эрон бо вокуниши шадид садҳо мушаки баллистикӣ — шомили мушакҳои ҳиперсоник (фавқуссадо) — ро ба сӯи Телавив ва манотиқи мухталифи Исроил партоб кард.

 Дар ҳамин ҳол, системи дифоъии “Гунбади оҳанин”-и Исроил аз кор афтод. Истихбороти Исроил ноком шуд. Акнун Бинёмин Нетанёҳу аз Вашингтон илтимос мекунад, ки бо қудрати низомии Амрико, Исроилро аз шикаст наҷот диҳад — шикасте, ки худаш ба дастури Вашингтон онро рақам зад.

Дар ҳамин ҳол, Русия, Чин, Покистон ва аксарияти кишварҳои мусулмон ба ҳимоят аз Эрон гирди ҳам омадаанд.

Акнун ирсоли сареъи таҷҳизот, кӯмакҳои фаннӣ ва лужистикӣ ба Эрон оғоз шудааст.

Акнун замони рӯёрӯӣ бо воқеият аст:

Иёлоти Муттаҳида аз соли 2003 то кунун беш аз 12 трилион долларро дар Шарқи Миёна масраф кардааст. Натиҷа? 7000 сарбози амрикоӣ кушта, 50 ҳазор захмӣ, сарҳадот боз ва солона 100 ҳазор амрикоӣ дар асари маводи мухаддири фентанил ҷон медиҳанд.

Имрӯз Амрико дар қарзи 37-трилиондолларӣ ғарқ аст — он ҳам бидуни эҳтисоби қарзаҳои идороти давлатӣ. 77 миллион амрикоӣ ба Доналд Трамп ба ин умед раъй доданд, ки ҷангҳои хориҷиро поён хоҳад дод ва аз бурузи ҷанги ҷаҳонии севум ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Дастури маъмурияти Трамп ҳанӯз ҳам ҳамон аст: аз сарҳадот, бандарҳо ва марзҳои баҳрии Иёлоти Муттаҳида дифоъ шавад. Муҳоҷирини ғайриқонунӣ ихроҷ гарданд, муҷримоне, ки мардуми Амрикоро ба қатлу таҷовуз таҳдид мекунанд, саркӯб шаванд, ҳокимияти қонун бозгардонда шавад. Аммо дигар ҳатто як қатра хуни амрикоӣ набояд дар ҷангҳои хориҷӣ рехта шавад.

Агар Исроил ба ҷазираи Хорг — ҷое ки 90 дарсади содироти нафти Эрон аз он ҷо анҷом мешавад — ё Бандари Аббос ҳамла кунад, Эрон тангаи Ҳурмузро хоҳад баст. Ва ин яъне 20 дарсади арзаи нафти ҷаҳон.

Баъд чӣ хоҳад шуд? Занҷира таъмин мутаваққиф, таварруми ғайриқобили контрол, қимати бензин ба 7 доллар дар ҳар галон хоҳад расид. Зиндагии табақаи коргар аз ҳам мепошад, транспорт мутаваққиф мешавад, арзаи маводи ғизоӣ қатъ мегардад, иқтисод нобуд мешавад — фақат ба ин далел, ки Исроил бо ин ҷанг девонавораш, Амрикоро ба даруни як ҷанги бузургтар мекашонад? Ҷанге, ки ҳатто метавонад ба истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ мунҷар шавад?

Мо 40 ҳазор нерӯи низомии амрикоӣ дар Иморот, Қатар ва Халиҷи Форс дорем — ҳама ба аҳдофи осон барои ҳамалоти Эрон мубаддал шудаанд. Қимати як дрони “Шоҳид 136”-и эронӣ танҳо 20 ҳазор доллар аст. Қимати як мушаки “Патриот”-и амрикоӣ 4 миллион доллар аст.

Фикрашро кунед — мо тамоми захоир мушакиамонро аз даст хоҳем дод, варшикаста хоҳем шуд — ва тобутҳои бештар аз сарбозони мо ба кишвар бархоҳанд гашт.

Шарқи Миёна дар лабаи партгоҳ аст. Акнун коре, ки Вашингтон бояд анҷом диҳад, чунин аст:

1 - Як нишасти изтирории Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардад. Дархости фаврӣ барои оташбас эълом шавад ва равшан гардад, ки Амрико хоҳони нобудии Эрон, Исроил ё ҳеҷ кишвари дигар дар Шарқи Миёна нест.

2 - Аз Исроил хоста шавад, ки қатли фаластиниёнро мутаваққиф кунад ва нерӯҳояшро аз Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ берун бикашад.

3 - То замоне, ки Исроил ин шароитро иҷро накунад, тамоми кӯмакҳои низомии Амрико ба Исроил ба ҳолати таълиқ дарояд.

4 - Пешниҳод шавад, ки нерӯҳои бетарафи байналмилалӣ дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ мустақар шаванд то сулҳ ҳифз гардад.

5 - Як конфронси сулҳ бо ҳузури Амрико, Русия, Чин, Ҳинд ва Бразилия баргузор гардад то ба мунозиъа миёни Эрон, Исроил ва кишварҳои ҳамсоя хотима диҳад.

Ман шахсан сарбозони амрикоиро дар майдони набард раҳбарӣ кардаам. Ман аз наздик тобутҳоеро дидаам, ки бо байрақи миллӣ пӯшонда шудаанд. Дигар намехоҳам ҳатто як тобути дигар бубинам. Тоҷирони ҷанг дар Вашингтон 22 сол аст, ки дар қудратанд — онҳо ноком шуданд, дурӯғ гуфтанд ва дар ҳамин ҳол суди ҳангуфте ба даст оварданд — дар ҳоле ки Амрико дар хун ғарқ шуд.

Акнун дигар вақт тамом шудааст.

“Аввал Амрико”, яъне фақат “аввал Амрико”. На аввал Исроил, на аввал Украина, на аввал НАТО — танҳо ва танҳо “аввал Амрико”.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!