Хабари рӯз

Як сохтори федерал метавонист Сурияро дар марзҳои қаблиаш ҳифз кунад.

Нависанда: Николай Плотников, раиси Маркази иттилоотии илмиву таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ.

Мақолаи аслӣ: Образ "новой Сирии"

Ба думболи куштори дастаҷамъии алавиён ва масеҳиён дар вилоёти Лозиқия ва Тартуси Сурия дар авохири моҳи апрел, даргириҳои маргбор дар манотиқи сукунати ақаллияти қавмии дигар, яъне друз рух дод. Онҳо як ҷомеаи мазҳабии арабзабон ва наздик ба исмоилиён ҳастанд, ки дар оғози қарни ёздаҳум ҷудо шуданд. Теъдоди тақрибии онҳо дар Сурия 500 ҳазор нафар аст (дар маҷмӯъ дар ҳудуди 3 миллион друз дар ҷаҳон зиндагӣ мекунад ва ҷавомеъи бисёр кӯчаки онҳо дар Лубнон, Исроил ва Урдун вуҷуд дорад).

Друзҳо бо мақомоти ҷадид дар мавриди ҷойгоҳи худ дар давлати Сурия музокира мекунанд. Раҳбарони онҳо аз Димишқ хостори худмухторӣ шудаанд зеро аз онҳое, ки то ин авохир Идлибро контрол мекарданд, хавф доранд. Зоҳиран, касе мехост друзҳоро бештар ром созад – як забти савтии ҷаълӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарз кард, ки дар он гӯё як рӯҳонии друз ба паёмбар Муҳаммад тавҳин мекард. Пас аз рехтани аввалин хун, вазорати дохилаи Сурия гуфт, ки ин забт ба иштибоҳ ба намояндаи друз нисбат дода шудааст.

Шайх Ҳикмат Алҳаҷрӣ, раҳбари маънавии друзҳои Сурия, ин хушунатҳои фирқаиро ба масобаи як “корзори ғайри қобили тавҷеҳи наслкушӣ” маҳкум кард. Ӯ бо нашри эъломиае хостори мудохилаи фаврии «нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ ва ҷилавгирӣ аз идомаи ин ҷиноёт» шуд, ки ин амр низ нишондиҳандаи адами эътимод ба мақомоти ҷадиди Сурия аст. Аммо, дар 4 май, давлати Сурия бо ҷомеаи друз ба як тавофуқ амнияти онҳоро тазмин кард. Аммо, дар асл ҳеҷ кас бовар надорад, ки он татбиқ хоҳад шуд.

Хушунати қавмиву мазҳабӣ дар Сурия идома дорад. Қатлу одамрабоиҳо Қатлу одамрабоиҳо барои интиқом ё боҷ тақрибан дар ҳама ҷо иттифоқ меафтад. Дар Ҳумс аз сарнавишти беш аз 900 боздоштшуда хабаре нест. Мусодираи хонаҳову дороиҳо аз алавиён, исавиён ва друзҳо, аз ҷумла бо истифодаи аслиҳа, як шеваи маъмул шудааст.

Мақомот маҷбур шуданд дастур диҳанд, ки саҳнаҳои хушунатро дар тилфонҳои ҳамроҳ филмбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ин амр бар тасвири Сурияи ҷадид таъсири манфӣ мегузорад. Аммо, бандаҳои ҳозир дар маҳалҳо, ки бисёре аз онҳо ҷангҷӯёни хориҷианд, онро нодида мегиранд. Ин ҳама нишондиҳандаи нотавонии Аҳмад Алшаръ, раисҷумҳури муваққат ва давлати ӯ дар контроли авзоъи кишвар аст.

Яке аз шарикони Институти шарқшиноси Академияи улуми Русия дар Шарқи Миёна, ки бо авзоъи Сурия ба хубӣ ошноӣ дорад, гуфт, ин кишвар ба таври физояндае аз ҳам пошида мешавад. Алшаръ дар густариши салоҳияти давлати худ дар саросари қаламрави худ ноком мондааст. Бар иловаи друзҳо, курдҳо ҳамчунон мехоҳанд, ки аз Димишқ дар мавриди ояндаашон минҳайси бахше аз Сурияи ҷадид вазоҳат ба даст биоваранд. Онҳо ҷонибдори ҳифзи тамомияти арзии кишвар, аммо бо таъмини ҳуқуқи хосеанд, ки дар режими Башшор Асад надоштанд.

Нерӯҳои аслии хориҷие, ки ҳузури воқеӣ дар хоки Сурия доранд, Исроил, Туркия ва Иёлоти Муттаҳидаанд. Сиёсати Исроил дар қиболи Сурия амалан возеҳ аст. Барои Тал Абиб, режими Асади секулор дар кул қобили пешбинӣ буд. Ҷиҳодиҳои салафие, ки ба қудрат расиданд, идеологияи Алқоида (як созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия)-ро пайравӣ мекунанд ва дидгоҳашон радикалтар аст. Исроил намехоҳад илова бар Ҳизбуллоҳу Ҳамос, душмани қавии дигаре дар дарвозаи худ дошта бошад. Билофосила пас аз сарнагунии Асад, сарбозони исроилӣ хатти ҷудоии 1974-ро, ки баландиҳои Ҷавлони ишғолшуда тавассути Исроилро аз боқии Сурия ҷудо мекард, убур ва қаламрави изофиро ишғол карданд ва онро ба як минтақаи ҳоил табдил доданд. Нерӯи ҳавоии Исроил бо ҳадафи аз байн бурдани бақоёи силоҳҳои артиши давлати пешин, садҳо ҳамлаи густурдаро бар хоки ин кишвари ҳамсоя анҷом дод.

Бо қазоват аз аъмолу изҳороти раисҷумҳур Раҷаб Тайиб Урдуғон, Туркия дар талош аст то ба як бозигари калидӣ дар Сурия табдил шавад ва ба таври муассир ҷои Эронро дар он ҷо бигирад. Тавре ки Гидеон Саар, вазири хориҷаи Исроил изҳор дошт, Анқара ҳар кори мумкинро анҷом медиҳад то Сурияро ба таҳтулҳимояи худ табдил диҳад. Анқара мухолифи як сохтори федерал барои Сурия аст, ки дар он ба курдҳо ҳар гуна истиқлолияте дода шавад. Туркия аз ҳадафи худ барои аз байн бурдани воҳидҳои дифоъи худӣ дар хоки Сурия, ки онро шохае аз Ҳизби коргари Курдистон медонад, ақибнишинӣ нахоҳад кард.

Туркия мумкин дар мавриди сохтори ояндаи Сурия бо Исроил, ки ба навбаи худ қасди тарки манотиқи ишғолшударо надорад ва кори ҳадафмандро барои эҷоди ихтилофот дар иттиҳоди ҷомеаи друз дар Сурия анҷом медиҳад, дар мухолифат қарор гирад.

Бо талошҳои истихбороти Исроил баёнияҳо ба миён андохта мешаванд, аз ҷумла ин ки бархе аз друзҳои сурӣ мехоҳанд ба унвони бахше аз Исроил зиндагӣ кунанд, на таҳти раҳбарии ифротиёни суннӣ. Аммо баид ба назар мерасад, ки даргириҳои мустақими низомӣ миёни артиши Туркия ва Исроил рух диҳад. Амрикоиҳо иҷоза нахоҳанд дод, ки ин иттифоқ биафтад. Ҳар ду муттаҳиди онҳо ҳастанд. Ин мавзӯъ дар гуфтугӯҳои телефонии Урдуғон бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико таъйид шуд.

Ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Амрико барои нахустин бор пас аз 25 сол бо раҳбари Сурия дидор кард. Охирин боре, ки ин иттифоқ афтод, дар соли 2000 буд. Он замон Бил Клинтон, раисҷумҳури Амрико бо Ҳофиз Асад музокира кард.

Дидори Трамп бо Ашшаръ дар Риёз сурат гирифт. Як рӯз қабл, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида қасди худро барои лағви таҳримҳои Амрико алайҳи Сурия эълом кард. Димишқ ин гомро "нуқтаи атфи сарнавиштсоз барои мардуми Сурия" хонд. Бошандагони шаҳрҳои Сурия ин хабарро бо хушҳолӣ истиқбол карданд.

Ба назар мерасад, ки амрикоиҳо қарор нест Сурияро тарк кунанд. Онҳо бо хурӯҷи гурӯҳе, ки баъд аз оғози юриши ҷиҳодиҳо ба Димишқ аз пойгоҳҳои Ироқ оварда шуда буданд, иктифо карданд.

Дар айни замон, дар Ғарб дар мавриди сиёсати Русия дар ҷиҳати Сурия гумоназаниҳои зиёде доранд. Институти мутолиоти амниятии Иттиҳодияи Аврупо, ки як утоқи фикри сиёсати хориҷӣ ва амният маҳсуб мешавад, то он ҷо пеш рафт, ки гуфт, шуйӯъи хушунат дар Лозиқия бо "мудохилоти мудовими Русия дар Сурия" муртабит аст. Гузориш шудааст, ки Русия дар ҳоли тарҳрезии барномаҳое барои эҷоди ҷумҳурии алавист. Изҳороте аз ин навъ аксаран аз Брюссел ва Париж шунида мешавад. Инҳо ба таври хос ин воқеиятро пинҳон намекунанд, ки ҳар коре мумкин бояд анҷом шавад то ҳузури Русия на танҳо дар Сурия, балки дар кулли минтақаи Медитарона ба "ҳадди ақали мутлақ" коҳиш ёбад.

Дар ҷараёни ҳаводиси фоҷиабор дар Лозиқия, низомиёни Русия бар хилофи мансабдорони аврупоӣ, ба касоне, ки ниёз доштанд, кӯмаки воқеӣ расонданд. Дар мавриди нақши иддаошудаи мухарриби Маскав, раисҷумҳур Владимир Путин дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Аҳмад Алшаръ тазаккур дод, ки Русия ва Сурия "аз назари таърихӣ тавассути равобити дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судманд бо ҳам иртибот доштаанд." Ӯ мавзеъи усулии худро дар ҳимоят аз «ваҳдат, ҳокимият ва тамомияти арзии давлати Сурия” эълом кард.

Дар моҳи апрел, як киштии борбарии хушк таҳти парчами Русия 6.6 ҳазор тон, як бастаи хеле бузурги гандумро ба бандари Лозиқия таҳвил дод. Ин нахустин таҳвили гандум ба ҳукумати ҷадиди Сурия аст. Дар сурати лағви таҳримҳои Ғарб, кӯмакҳои башардӯстона метавонад афзоиш ёбад.

Сурия ба маънии воқеии калима ба ҳама чиз ниёз дорад. Барои бозсозии зерсохтҳои тахрибшуда ба маблағ ниёз аст, беш аз 90% мардуми Сурия дар фақр зиндагӣ мекунанд ва аз ҳар чаҳор нафар як нафар бекор аст. Бар асоси гузориши Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, хисорати тавлиди нохолиси дохилии Сурия дар ҷараёни ҷанги 2011 то 2024 ҳудуди 800 миллиард доллар будааст. Бо мизони рушди кунунӣ, беш аз 50 сол тӯл хоҳад кашид то Сурия ба сатҳи иқтисодие, ки қабл аз ҷанг дошт, баргардад ва барои тасреъи ин раванд, сармоягузориҳои бузурге ниёз аст.

Давлати муваққат умедвор аст, ки таҳримҳои пойтахтҳои ғарбӣ рафъ ва ҳамчунин ҳимояти молии кишварҳои арабии Халиҷи Форс ниҳоӣ шавад. Бо қазоват аз конфронси матбуотии муштарак дар 7 май дар Париж байни Ашшаръ ва раисҷумҳури Фаронса Эммануел Макрон, Иттиҳодияи Аврупо аз тариқи раисҷумҳури Фаронса, "барои лағви тадриҷии таҳримҳои аврупоӣ алайҳи Сурия кор хоҳад кард."

Ваъдаҳои Трамп барои лағви таҳримҳо ба ин маънӣ нест, ки ҳамин ҳоло борони сармоягузорӣ бар Сурия хоҳад борид. То замоне, ки назми асосӣ дар кишвар барқарор нашавад ва ҳукумати ҷадид нишон надиҳад, ки воқеан қодир ба контроли кулли кишвар ва таъмини амнияти сармоягузорони хориҷӣ ва маблағи онон аст, баид ба назар мерасад, ки афроди зиёде ҳозир ба сармоягузории пул дар як кишвари вайроншудае бошанд, ки бандаҳои мутааддид бо муофият аз муҷозот фаъолият мекунанд. Илова бар ин, Алшаръ омодагии худро барои инъиқоди як тавофуқномаи захираҳо бо Иёлоти Муттаҳида эълом кард, мушобеҳ ба тавофуқе, ки Вашингтон бо Киев дошт. Ин ба маънои контроли комили амрикоииҳо бар судовартарин бахшҳои иқтисоди Сурия хоҳад буд. Дигарон хӯрдаҳоеро ба даст хоҳанд овард. Илова бар ин, амрикоиҳо шуморе аз шароитро барои Алшаръ матраҳ карданд, ки вай ибтидо бояд онро бароварда кунад, бавежа тамоми ҷангҷуёни хориҷиро, ки қаблан мақомҳои баландеро дар нерӯҳои амниятии Сурия дарёфт кардаанд, аз ин кишвар ихроҷ кунад. Барои Алшаръ, ин ба маънии даргирӣ бо касонест, ки ба ӯ дар расидан ба қудрат кӯмак карданд.

Пешбинии ояндаи Сурияи чандқавмӣ ва чандмазҳабӣ душвор аст. Дар замони режими Башшор Асад, алавиён то ҳадде қудратро бо намояндагони дигар адён шарик месохтанд, аммо ҳоло аъроби суннӣ қасд доранд ба танҳоӣ бар ҷомеаи Сурия тасаллут дошта бошанд. Магар курдҳо, туркманҳо, друзҳо, черкасҳо, арманиҳо ва ошуриҳо баид аст, ки бо ин мавзӯъ канор биёянд. Ақаллиятҳои мазҳабӣ – алавӣ, шиа, масеҳӣ – бо озору азияти динии салафиҳо мувофиқ нахоҳанд буд. Фақат як роҳи берунрафт вуҷуд дорад – ба як тавофуқ бирасанд ва барои худ тасмим бигиранд, ки Сурия чигуна бояд бошад. Беҳинатарин гузина сохтори федералии кишвар аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!