Хабари рӯз

Ҷойгоҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ин бозиҳо куҷост?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, таҳлилгар

Аз форсӣ баргардони Фирдавси Низом

Аҳамияти роҳбурдии шимоли Афғонистон ва ҳамсоягии он бо қудратҳои рақиби Амрико, ин ҷуғрофияро ба майдони ҷадиди рақобат ва рӯёрӯии истихборотӣ миёни қудратҳои мутахосим, мубаддал сохтааст. Ҷуғрофияи мусоид ва маҳалли таҷаммӯи нерӯҳои террористии байналмилалӣ, зеҳниятсозиҳои қаблӣ барои ҳамворсозии бистари фикрии тундрав ва мавҷудияти ҷабҳаҳои доғи муқовимати  миллӣ бар зидди ҳаюлои терроризм, ин арсаро ҳам барои Амрикову ҳомиёнаш ва ҳам барои кишварҳои ҳавзаи Шанхай, нуқтаи қобили тамаркуз сохтааст. Тавре ки бештарин манобеи иттилоотӣ дар ҳоли ҳозир дар ин бистари ҷуғрофиёӣ кор мекунанд. 

Бар илова, вазъияти ҷуғрофиёии шимоли Афғонистон, ҳар бозии мушу пишакро барои солиёни мутамодӣ мумкин месозад. Намунаҳои зиёде дар ин хусус вуҷуд дорад, ки ин арса бистари мусоиде барои аҳдофи стратегии қудратҳои бузург будааст. Дар замони Бозии Бузург Русияи таззорӣ ва Инглис ҳарду дар минтақа фаъол буданд. Бозиҳои истихборотии бештар дар ин маҳдудаи ҷуғрофиёӣ, яъне шимоли Афғонистон, ҷараён дошт. Баъдан бо оғози рӯёрӯии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА ва дар ҷараёни ҷанги сард, боз ҳам шимоли Афғонистон, маҳалли рӯёрӯиҳо ва бозиҳои оперативӣ миёни қудратҳои бузург буд. Дар марҳалаи баъд аз хатми ҷанг ва хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон, ин майдон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бистари муносиби тасҳили манофеъ тавассути бозигарони дохилӣ ҳисоб мешуд. Бо ҳузури Амрико ва ҳассосиятҳои мавҷуд дар баробари ин ҳузур, кишварҳои ҳавзаи Шанхай, хелеҳо ҷиддан дар баробари ҳар гуна таҳарруки амниятӣ ва истихборотӣ, вокуниш нишон медоданд. Ҳол бо хуруҷи Амрико, ин минтақа бори дигар ба майдони кашмакашҳо ва бозиҳои хатарноки иттилоотӣ ва оперативӣ мубаддал шудааст. 

Агар ҳаводис ва инкишофи авзоъро бо диққат думбол кунем, ин минтақа баъд аз соли 2009 заминасозии лозим шуд, то ба унвони майдони бозиҳои оянда интихоб гардад. Рақобати Амрико бо руқабояш дар ин маҳдудаи ҷуғрофиёӣ, сурат мегирифт. Суқути ғайримунтазираи Кундуз ба дасти Толибон ва бозпасгирии он аз ҷониби ҷумҳурият, тафоҳум ва қарордоди сангарбандии терроризм дар Данди Ғӯри вилояти Бағлон, таҳаррукоти нерӯҳои террористии хориҷӣ дар Бадахшон, Тахор, Кундуз ва Бағлон ҳама ҳокӣ аз дасисасозиҳои мутадовим барои пешбурди ин рақобатҳо буд. Ҳамчунон аз гузаштаҳо, шимоли Афғонистон бистари лозими фикрӣ барои гурӯҳҳои тундрав, монанди  ДОИШ, Ҳизби исломии Ҳикматёр, Алқоида, Ҳизби таҳрир, ДОИШ, Ҷамъияти Ислоҳ ва соири ҷараёнҳои муздбигири бегона, ки динро васила қарор дода ва ба фиреби ҷавонон мепардозанд, будааст. Фаромӯш набояд шавад, ки бисту як гурӯҳи террористии хориҷӣ низ машғули сарбозгирӣ будаанд. Бо ин ҳол, вазъият дар шимоли Афғонистон, ҳар лиҳза ба самти як ҷанги ниёбатӣ, савқ дода мешавад. Ин ҷанги ниёбатӣ, аҳдофи стратегии калон дар сатҳи минтақа, ҳазинаҳои калон ва авоқиби ногуворе хоҳад дошт. Аммо саволи муҳим ин аст, ки чаро ҳамвора шимоли Афғонистон бистари гарми рақобатҳои истихборотӣ аст ва заминаҳои возеҳе аз ҳузури созмонҳои иттилоотӣ дар он, мушоҳида мешавад? Дар посух ба ин савол бояд гуфта шавад, ки ин мавзӯъ чанд иллати муҳим доштааст, ки ба онҳо пардохта мешавад:

АВВАЛ: Дар замони ҳузури амрикоиҳо заминасозӣ шуда буд, то решаҳои идеологияи терроризм дар шимол кошта шаванд ва барои рӯзи мабодо, ки Амрико дар минтақа ҳузур надорад, баҳонаҳое вуҷуд дошта бошад, то ҳамвора Амрико шомили ин бозӣ бошад ва бо рақибҳояш муқобила кунад. Аммо дар муқобил барои анҷоми ин проект чолишҳои икмолотӣ дар соҳа мавҷуд буд, ки раванди такмили ин проектро андаке кунд сохта буд. Зери назари Амрико ва давлати ҷумҳурӣ тартиботе барои тасҳили ин пруса гирифта шуда буд, аммо майдон ҳанӯз ҳам барои идомаи бозиҳои истихборотӣ ва рақобатҳои геополитикӣ дар марҳалаи пасоҳузури Амрико дар Афғонистон омода набуд. Ин буд, ки такмили тартибот барои иҷроӣ сохтани мароҳили мухталифи бозӣ ҳузури Амрико дар минтақа ҳифз гардид.

ДУЮМ: Дар қадим ҳам шимоли Афғонистон бистари муносибе барои рақобат миёни англисҳо ва таззорҳо ва баъд ҳам майдони муносибе барои рақобат миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико дар ҷараёни ҷанг сард буд. Кӯмак ба босмачиҳо, шӯришҳо дар Осиёи Марказӣ, шӯришҳои зиддиҳукуматии болшевикӣ, аз ҳамин бистари шимол тадорук дида мешуд. Зеро шимоли Афғонистон ҷуғрофияи муносиб барои тадоруки ҷангҳои чирикӣ дорад ва тарбияти террористон ва аносири ниёбатӣ кори чандон мушкиле нест. Дар айни ҳол метавон пешбурди ин проектро дур аз анзори омма маҳфуз дошт.

СЕЮМ: Аммо бо ин ҳол, ҷуғрофияи шимоли Афғонистон чандин далеле дорад, то минҳайси тахти бозӣ барои бозиҳои ҷадиди истихборотӣ интихоб шавад, ки якеи он ҷуғрофияи муносиби ҷангӣ, ҳузури аносири интиқолдодашудаи террористони байналмилалӣ, ҳузури неруҳои Ҷабҳаи муқовимати  миллӣ минҳайси як рукни асосии хунсосозии ин тарҳ ва эҷоди сад дар баробари он маҳсуб мешаванд.

 

ҶОЛИШҲО БАРОИ ПЕШБУРДИ ИН ПРОЕКТ:

АВВАЛ: дурии ҷуғрофиёӣ дар ҷиҳати икмоли ҷабаҳоти террористие, ки баъди бо ба қудрат расондани Толибон барои ҳимоят ва эҷоди ақабаи луҷисткии ин бозии хатарнок ба ҳамин манзур сурат гирифтааст. Агар ба фарзи мисол Толибон ба қудрат намерасиданд ва шимоли Афғонистонро танҳо соҳаи ин бозӣ интихоб мекарданд, икмоли он дар дарозмуддат барои ҳомиёни террористиашон чолишзо мебуд. Покистон минҳайси мудири террористон дар минтақа тавоноии анҷоми икмолотро дар ояндаи дур надошт ва проект бо нокомӣ мувоҷеҳ мешуд.

ДУЮМ: Бистари шимол дар айни муносиб будани майдон барои ин бозӣ, бо чолишҳое назири мавҷудияти ҷабаҳоти муқовимат, мувоҷеҳ аст. Ҳар гуна таҳарруки террористӣ аз ду тараф бо вокуниш мувоҷеҳ хоҳад шуд: аввал, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кӯмаки Русияву Чин ва аз тарафи дигар, ҷабаҳоти муқовимат, ки ин кор ба нафъи ин проект нест ва ба зудӣ ин тарҳи террористӣ дар абъоди минтақаӣ, бо шикастҳое мувоҷеҳ хоҳад шуд.

СЕЮМ: Имкони тақобули кишварҳои минтақа бо Толибон, ки ақабаи стратегӣ ва ҳимоятию лужистикиро барои гурӯҳҳои террористӣ мусоид сохтаанд, зиёд вуҷуд дорад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар кулли Паймони амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, ҳавсалаашон сар меравад ва зуд бо кӯмаки ҷабаҳоти муқовимати  миллӣ дар даруни Афғонистон, бар зидди Толибон вокуниш нишон медиҳанд ва ин вокуниш нуқтаи оғози тақобул миёни қудратҳои минтақа ва Амрикову ҳомиёнашон хоҳад буд.

ЧОРУМ: Агар ҳолати сеюм иҷроӣ шавад ва таҳаққуқ ёбад, бистари рӯёрӯии кишварҳои минтақа ба шумули Амрико, Покистон, Туркия, Қатар ва соири ҳомиёни тундравони Толибон мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар тарафи муқобил Русия, Эрон, Ҳинд ва Чин камарбанди ҳалқаии амниятиро ба вуҷуд хоҳанд овард. Ин кор боис мешавад, то ин ҳалқаҳои вокуниши амниятӣ ба масоили ҷорӣ дар Афғонистон нишон диҳанд, ки вокуниш нишон додани онҳо ба масобаи доғ шудани майдони ҷанг хоҳад шуд.

 

ФУРСАТҲОИ ПЕШРАВИИ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТ  ДАР ИН БОЗӢ

АВВАЛ: Ҷабҳаи муқовимат бояд аз фурсати пеш омада истифодаи аъзаме бикунад. Агар муқовимат ба шакли феълӣ, шаш моҳи дигар идома диҳад, имкони бозигарӣ ва ҳисоб боз кардан рӯйи он аз ҷониби кишварҳои ҳавзаи Шанхай ва Паймони амнияти дастҷамъӣ, ба сурати қатъӣ вуҷуд дорад. Ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар воқеъ марги толибонизм ва террористони байналималилӣ дар шимоли Афғонистон хоҳад буд.

ДУЮМ: Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бояд кори фикрӣ ва иттилоотиеро барои ҷамъоварии иттилооти мавриди ниёз, суръат бахшад. Рӯҳияи ҳамкорӣ дар миёни мардум дар ҳадди боло ба иллати зулм ва истибдоди Толибон вуҷуд дорад. Сармоягузорӣ рӯйи манобеъи инсонӣ иллати аслии муваффақият дар як бозии истихборотӣ аст. Ин кор натанҳо ниёзҳои ҷабҳаро дар майдонҳои мубориза бо Толибон бароварда месозад ва сангарҳои онро ҷиҳати бештар зарба ворид кардан ба Толибон, истеҳком мебахшад, балки заминаро барои имтиёзгирӣ ва эҷоди иртибот бо кишварҳои ҳавзаи Шанхай, мусоид месозад.

СЕЮМ: Дар буҳбуҳаи ин корзори истихборотӣ, басиҷ ва созмондиҳии ҷабаҳот аз ҷуғрофияи Панҷшер, Андароб, Кописо, Бадахшон ва Тахор фаро рафта, бояд ҳастаҳои ҷадиди муқовимат барои муқобила бо Толибон эҷод шавад. Эҷоди шабакаҳои шаҳрии муқовимат, айни тактикаи ҳавсалагирии Шабакаи Ҳаққонӣ аст, ки дар бист соли гузашта ҳалқи низоми ҷумҳуриятро танг карда буд ва қудрату тавонмандии болое барои Шабакаи Ҳаққонӣ ҷиҳати иҷрои амалиётҳо, дода буд. Ин кор боис мешавад Ҷабҳа аз ҳолати маҳзи ҷангӣ берун шуда, бо истифода аз нуфузи нарм, таблиғот, кори фикрӣ, ба тақвияти ҳастаҳои пинҳони муқовиматӣ дар шаҳрҳо бипардозад. Ҳифзи иртибот бо шабакаҳои махфӣ ва ҳастаи пинҳони муқовимат дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон, зарбаи маҳкаме бар рӯҳияи ҷангҷуёни террористи Толибон ва террористони хориҷӣ ворид мекунад.

 

НАТИҶА ЧӢ МЕШАВАД?

АВВАЛ: Бозӣ бо корти Толибон тағйир мекунад ва иншиоб дар суфуфи ин гурӯҳ ба вуҷуд меояд. Шиддати ҳамалоти ҷабҳоти муқовимат  бар Толибон ҳам дар ҷабҳоти ҷанг ва ҳам дар ҳастаҳои шаҳрӣ, монанди ҳадаф қарор додан раҳбарон ва фармондаҳони низомӣ, чеҳраҳои пурнуфуз мазҳабӣ, ҳомиён ва лобигарон расонаҳои иҷтимоии Толибон, кишварҳои минтақа, ба хусус аъзои Шанхайро мутаваҷҷеҳ зарфияти ин ҷабҳа месозад. Ин кор муодиларо тағйир медиҳад ва боис мешавад, то бо қуввати бештар дар майдон амал кунад ва дар ояндаи таҳаввулот нақш муҳиме дошта бошад.  

ДУЮМ: Иншиоб дар сохтори зоҳиран якпорчаи Толибон ҳатмӣ аст. Ихтилофот миёни ҳаққониҳо, гурӯҳи Қатар, қандаҳориҳои тарафдори Мулло Яъқуб, бар сари тақсими манобеъ ва сарвати давлатӣ, маодин, қочоқи маводи мухаддир, наҳваи тақсими пулҳои додашуда аз ҷониби кишварҳои ҳомӣ, ҳар рӯз бештар мешавад. Ин кор боис мешавад, то гурӯҳҳои дигари террористӣ низ бо мушоҳидаи ихтилофот дар миёни Толибон, рӯҳияи ҷангиро аз даст бидиҳанд ва пирӯзиҳое насиби ҷабҳоти муқовимат шавад.

СЕЮМ: Натанҳо шимоли Афғонистон, бал ҷуғрофияи моварои он манотиқе монанди Вахон ва дигар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки дарвозаи вурудӣ ба Русия ҳастанд ва амнияту суботи Осиёи Марказӣ ба он тааллуқи мустақим ва ногусастанӣ дорад, ноором шаванд ва Толибон контроли ин манотиқро аз даст бидиҳанд. Ин тағйири муодила дар ҷанг ва майдони бозиҳои истихборотӣ дар шимоли Афғонистон, дар воқеъ нуқтаи оғози тағйири драматикӣ дар авзоъ ва ба нафъи Ҷабҳа муқовимат хоҳад буд;

ЧОРУМ: Ҷабҳаи муқовимат бар иловаи эҷоди сангарҳои ҷадид, густариши ҳавзаи муқовимат, эҷоди ҳастаҳои шаҳрӣ ва гурӯҳҳои пинҳони ҷангӣ, ба кори фикрӣ ва афзоиши қуввати нарми худ низ бояд таваҷҷуҳ кунад. Дар ин ҷабҳа қуввати нарм ва кори фикрӣ, нақши ашхоси фарҳангӣ, нависандагон, таҳлилгароне, ки ваҷҳи муштарак бо ҷабҳа доранд ва Толибонро душман медонанд, хеле таъсиргузор аст. Кори иттилоотӣ ва корзори ҷангӣ, ниёзманди фикри санҷидашуда ва эҷоди ҳамоҳангӣ миёни фикри майдони сиёсат, кори истихборотӣ ва таҳаррук дар майдонҳои ҷанг аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!