Хабари рӯз

Афғонистон чӣ гуна дар фоҷиаҳояш ба сафҳаи ҷадиде меравад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Тамоми иқдомоти қудратҳои мутахосим, бавежа Амрико, шурӯъ аз замони ҷанги сард, мудохилаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Афғонистон, ҳимояти Амрико аз гурӯҳҳои муҷоҳидин дар баробари режими таҳти ҳимояти Маскав, ташкилу эҷоди гурӯҳи Толибон ва ҳазорон зермаҷмӯъаи террористии он, суқути ҷумҳурият ва ҳимояти бедареғи сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва низомӣ аз режими Толибон, ҳама дар таҳти як назарияи "эҷод, мудирият ва густариши ошуб" ва фаротар аз он, роҳбурди бесуботсозӣ дар Осиё мегунҷанд.

Ҳоло, бозии мушу гурбаи Амрико бо Толибон, бо эҷоди сенарияи музҳики додгоҳи Гаага ва ҳукми дастгирии "мутаваффо" Ҳайбатуллоҳ Охундзода, рангу паҳлуи дигаре гирифтааст. Ҳайбатуллоҳ бояд ибтидоан колбудшикофӣ шавад, то собит гардад, ки ин мурдаи мутаваффо, аз қабру зери харворҳои хок, тавоноии раҳбарии гурӯҳи Толибон ва Иморати толибониро дорад ё хайр? Аммо таҷриба як чизро собит месозад, ки аносиру абзорҳои истихборотӣ, ҳамвора зинда ва ё мурда, сюжетҳое барои таъқиби барномаҳои стратегӣ барои созмонҳои иттилоотӣ ҳастанд.

Ҳайбатуллоҳ дар соли 2016 дар инфиҷоре дар Покистон кушта шудааст. Курсии вай бо як адад тасвири қобшуда, ҳокими як гурӯҳи ҷоҳил аст, ки бар гурдаҳои мардуми Афғонистон, лагадсаворӣ мекунанд. Ҳоло, додгоҳи Гаага дар як сенарияи фармоишӣ, ҳукми боздошту муҳокимаи Ҳайбатуллоҳро, ки муддатҳо қабл дар додгоҳи илоҳӣ бидуни воситаву васила муҳокима шуда, содир кардааст. Дар назар дорам то ин мавзӯъ ва инкишофи таҳаввулот дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибонро дар як муҷмали таҳлилӣ, хидмати хонандагони хеш ироа кунам.

Ахиран, таҳаввулоти ғайримутараққибае дар Афғонистон, дар ҳоли иттифоқ афтодан аст. Адами инқиёд ва фармонбардории аъзои баландпояи Толибон мабнӣ бар интиқод аз амалкарди раҳбари номаръӣ ва фарозаминии Толибон, таҳаррукоти низомӣ дар вилоятҳои шимолу шимолу шарқи Афғонистон, тахлия ва фирор аз Кобул тавассути мақомоти Толибон, ки бар мабнои он, хонаводаҳои хешро ба берун аз Афғонистон, интиқол додаанд, сафарҳои вузарои хориҷаи минтақа, тафҳими паёми хоси муттафиқини осиёӣ ба Толибон тавассути вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, нигарониҳои доимии Русияву Чин аз вазъияти рӯ ба вахомати амниятӣ дар Афғонистон, талоши Трамп барои таҳти контрол доштани саддарсадии Толибон, бистарсозӣ барои убури мусоиди нерӯҳои резерфии террористие, ки дар Покистону Сурия омодаи амалиёти ҷадид дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон ҳастанд, қатъи кӯмакҳои молии Амрико ба Толибон, ки зоҳиран вазъиятро дар як ҳолати буғранҷу шикананда қарор дода, нишон медиҳанд, ки Афғонистон, камокон дар ҳиттаи доираи бозиҳои гарми амниятӣ ва иттилоотии минтақа ва фароминтақа қарор дорад ва аз аҳамияти он, коста нашудааст.

Рақобат миёни қудратҳои бузург, ки яке хостори ҳифзи вазъи мавҷуд ва дигаре дар пайи тағйири моҳияти он, бунмояи аслии ин фароянд маҳсуб мешавад. Афғонистон дар ин набардгоҳ ва дар баҳбуҳаи рақобат миёни минтақа ва фароминтақа, хосияти амниятӣ дорад ва арсаи рақобат миёни Шарқу Ғарб шудааст. Бо як тафовут, ки ин бор абзори бозии нерӯҳои бунёдгарой, мутаассиби қавмӣ бо тафаккур ба шиддати макиавелистӣ, дар арсаи бозӣ шомили қоидаи ҳимоят аз ниёбатиҳо, ба воситаи Шарқу Ғарбанд.

Ба ин манзур изъон мекунам, ки расидани Трамп ба қудрат, таҳаввули соддае нест. Ин таҳаввул, таъсироти зиёде бар тамоми ҷаҳон хоҳад дошт. Аммо ба таври ахас, ба масобаи хонатаконӣ дар сохтори қудрати Толибон ва муҳандисии ҷадиди ин таҳдиди амниятӣ барои минтақа аст. Аслан, ҳадафи ба қудрат расонидани Толибон, эҷоди буҳрону ташдиди фазояндаи таҳдидҳои амниятие буд, ки бояд дар баҳбуҳаи рақобат миёни Ғарбу Шарқ барои танзими сохтори низоми байналмилал сурат мегирифт.

Ба ин манзур аст, ки изъон мекунем, ки Афғонистон, камокон мавқеияташро дар ин бозии хунин ҳифз мекунад. На ба ҳошия рафтааст ва на ҳам аз назари қудратҳои минтақа ва фароминтақа, ба дур мемонад. Чун ба асоси фалсафаи аслӣ, суқути Афғонистон ба партгоҳи хушунату бесуботӣ, тавре санҷида шудааст, ки аз ин захми носур барои фишори руқабо истифода шавад. Ҳамзамон бо он бояд ҳамонанди Афғонистон чандин ҷабҳаи дигаре бар зидди Чин, Русия ва Эрон боз шавад то ин тақаллову талоши меҳвари Осиё барои тағйири моҳияти низоми мубтанӣ бар сулҳи амрикоӣ, башиддат саботаж гардад. Ба ин ҳисоб, дунё дорад ба шакл бесобиқае дар ҳарҷу марҷ фурӯ меравад. Ин ҳарҷу марҷ, танҳо як далел дорад ва он ҳам ин ки мо дар марҳалаи гузор ҳастем ва ҳама чиз бояд дубора танзиму муҳандисӣ гардад ва як бори дигар дар сохтору динамики амният, сиёсат ва қудрат дар се сатҳ: низоми байналмилал, низоми минтақаӣ ва низомҳои миллӣ, шоҳиди як бозсохт хоҳем буд.

Дар ин миён, мавқеияти мо бисёр ба зарар тамом мешавад. Чун бо Толибон бо анвоъи мухталиф бозӣ мешавад. Толибон мумкин ягона нерӯи ниёбатие бошад, ки дар ин марҳалаи гузору кашмакаш миёни қудратҳо, фурсати бештари бақо дар майдонро ёфтаанд. Аммо гоҳе авқот, қоидаи бозӣ ва манофеъи мутазодди қудратҳои таъсиргузор бар вазъияти Афғонистон эҷоб мекунад то тағйироти ҷиддӣ дар сохту кайфияти нерӯҳои ниёбатӣ, монанди Толибон, рӯнамо гардад.

Ба ҳамин манзур аст, ки таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, қатъи кӯмакҳои Амрико ба Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, фармони дастгирии Ҳайбатуллоҳи ғоиб, эҷоди фишор бар ин гурӯҳ, мавқифгирии Покистон, минтақа ва ташдиди рақобат миёни минтақаву фароминтақа, боиси сардаргумӣ дар таҳлили ҳаводис мешавад. Масалан, иттилоот мерасонад, ки Толибон теъдоде аз фомилҳои хешро, ки дар Панҷшер ва Андароб оварда буданд ва он ҷо зиндагӣ доштанд, ба вилоятҳои ҷануб интиқол додаанд. Тамоми сохторҳои низомиро, ки дар шимол ҷиҳати икмолоти ҷанг барои Панҷшер ва Андаробҳо, мустақар сохта буданд, дубора ба ҷануб интиқол додаанд. Мумкин таҳаввулоте дар шарфи вуқӯъ аст, ки Толибонро ногузир сохтааст то даст ба чунин коре бизанад.

Аз сӯи дигар, дар як ҳаракати намодин ва эътирозӣ, ҷамъе аз муллоҳои норозӣ аз сиёсати инҳисори қудрат дар Қандаҳор, интиқод мекунанд ва ин мавзӯъ ба як сархати расонаӣ мубаддал мешавад. Мумкин аст дар таҳти чунин шароите, ин чунин манёвре ба таври худҷӯш, сурат гирад?

 Дар ин миён, Покистон нақши ҳушмандона ва фаъоле, ки Инглису Амрико барояш додаанд, бозӣ мекунад. Аммо маҷбур аст дар баробари меҳвар осиёӣ истодагӣ кунад. Ё минтақаро интихоб кунад ва даст аз бозии хунин дар Афғонистону минтақа бардорад ва ё ин ки бо фароминтақа, ба тадовуми чунин бозие бипардозад. Зеро шавоҳиди майдонӣ нишон медиҳад, ки ҳамин масъала таҳдидҳои фазояндаи амниятии Покистон, натиҷаи фишори меҳвари минтақаӣ аст, ки иҷоза надоданд то Покистон нақши фаротар бозӣ кунад. Аммо ҳоло бо тағйири рӯйкарди фароминтақа дар қиболи Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, Покистон нақши ҷиддитареро бозӣ хоҳад кард.

Талоши Амрико барои тасоҳуби дубораи Афғонистон ва эҷоди расадгоҳҳои амниятӣ ва иттилоотӣ барои муқобилаи беҳтар бо муттафиқини осиёӣ, ҳамдастии Ҳиндустон дар ин роҳ, мудохила ва саҳми фаъоли кишварҳои арабӣ ва Туркия дар ин проект, фаъол шудани Покистон дар ин барнома, метавонанд нишонаи ин фасли тозае аз рақобат миёни Шарқу Ғарб дар Афғонистон бошанд. Бар илова, ташдиди фаъолиятҳои иттилоотӣ миёни Толибон, арабҳо ва Амрико, сафарҳои гуногуни Ҳаққонӣ, Васиқ ба кишварҳои шайхнишин, ташкили ҳалқаи Бародар, Яъқуб, Ҳаққонӣ ва Стоникзай, як иттифоқи одӣ нест. Талош барои таъвизи раҳбарии Толибон ва идомаи театри хомӯши хушунату бераҳмӣ, дар паси ҳамин таҳаррукот нуҳуфтааст.

Ҳамзамон бо он, эҷоди шикоф дар миёни Толибон барои эҷоди буҳрони амниятӣ ва мубаддал сохтани он ба унвони як сиёҳчолаи амниятӣ, таъмиқи рақобатҳои геополитикии минтақа бо фароминтақа, талош барои дастрасӣ ба манобеъи Осиёи Марказӣ, симои дигари ин бозӣ аст, ки Ғарб ва Амрикои таҳти раҳбарии Трамп ба машвараи Инглис ва муттаҳидонашон, пеш мебаранд. Агар ин тарҳ ба унвони “тарҳи B” шикаст бихӯрад, идомаи бозӣ хатарнок аст.

Бадили Толибон зишттару бераҳмтар аз худаш хоҳад буд. Ба иборате, шикасти ин тарҳ ба маънои оғози ҷанги дохилии ваҳшатноке хоҳад буд, ки ҷуйҳои хун дар Афғонистон ҷорӣ шавад. Бидуни шак, ки ДОИШ гузинаи баъдии Толибон дар майдони Афғонистон хоҳад буд. Он чи ки ба унвони як асли ғайри қобили инкор метавон бовар кард ин аст, ки Толибон наметавонанд мустақилона тасмим бигиранд. Чизе, ки дар хат аст, ҳамон тавр мешавад. Кори хонагии Толибон тавассути ҳомиёнашон, барояшон дода мешавад то мутобиқи он амал кунанд. Агар бозӣ хилофи қоидаи он пеш биравад, мӯҳраҳо иваз мешаванд. Ҳанӯз бисёрие аз муҳраҳои дастнахӯрда боқӣ мондаанд, ки метавонанд муассиртар аз Толибон амал кунанд.

Ғарбу Шарқ ҳарду дар талоши истифода аз фурсати мухарриби Афғонистон дар бозии бурду бохт дар арсаи рақобатҳои оянда ҳастанд. Бозии мушу гурба ба ин гӯянд, чун ҳама чиз аз душманиву дӯстӣ, дар гарави тасаннӯъот хобидаанд. Ҳеҷ чиз қобили эътимод нест ва ҳама дар варои манофеъи истеъморӣ ва империалистии қудратҳои бузург мечарханд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!