Вилояти шимолшарқи Афғонистон ба майдони набарде барои рақобатҳои геополитикӣ ва танишҳои қавмӣ табдил мешавад.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: «آتشفشان خفته»، یا بادخشان به کدام سو میرود
Бадахшон имрӯз беш аз ҳар замони дигар ба саҳнае барои чолишҳои амниятӣ ва геополитикӣ алайҳи ҳокимияти такқавмии Толибон бадал шудааст. Мавқеияти стратегии ин вилоят, манобеъи зерзаминии ғанӣ ва қарор гирифтан дар тақотуъи се ҳавзаи амниятии муҳим - Ҷануби Осиё (аз тариқи Читроли Покистон), Осиёи Марказӣ (аз марз бо Бадахшони Тоҷикистон) ва Ҷумҳурии халқи Чин (аз тариқи тангаи Вахон ва Кошғар) - аҳамияти Бадахшонро дучандон кардааст. Агар ин чолишҳо ба дурустӣ мудирият шаванд, метавонанд ба фурсате барои раҳоии Афғонистон аз чанголи терроризми қавмӣ ва тақвияти ҷунбиши муқовимат табдил шаванд; Аммо агар танҳо бозигарони мафияии дохилӣ ва хориҷӣ майдондор бошанд, умеде ба тағйири мусбат ба нафъи мардум нахоҳад буд.
Дар дили кӯҳҳои хомӯш ва маодини дурахшони Бадахшон, набарди пинҳон аммо сарнавиштсоз ҷараён дорад. Ин набард сирфан миёни фармондеҳони маҳаллӣ ва муҳофизони ширкатҳои чинӣ нест; Балки бозтобе аз тазоддҳои амиқи қавмӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ аст, ки ояндаи шимолшарқи Афғонистонро дар остонаи инфиҷор қарор додааст. Ҳодисаи амниятии ахир дар шаҳристони Шаҳри Бузурги Бадахшон, на фақат як даргирии мусаллаҳона, балки як заминларзаи сиёсӣ-амниятӣ бо паёмадҳои густурда дар сатҳи Афғонистон ва минтақа аст.
Дар се соли ахир, Бадахшон ба яке аз калидитарин нуқоти ҷуғрофияи форсизабонон ва тоҷикҳо бадал шудааст. Аҳамияти ин вилоят барои ояндаи Толибон ва нақши он дар суқути доминои шимоли кишвар, ғайриқобили инкор аст. Гузоришҳое аз ҳузури фаъоли гурӯҳҳои террористии чандмилиятӣ, талоши Покистон барои тасоҳуби Вахон ва ҳассосияти Чину Русия нисбат ба ин минтақа, нишон медиҳад, ки Бадахшон дар доктринаи амниятии минтақа ҷойгоҳе вежа дорад.
Аммо воқеан дар Бадахшон чӣ мегузарад? Оё ин ҷуғрофия обистани таҳаввулоти чолишбрангез барои Толибон ва оғози марҳалае ҷадид аз рақобат миёни Амрико, Русия ва Чин аст? Ҳодисаи ахир дар минтақаи Овези шаҳристони Шаҳри Бузург, ки дар пайи даргирии шадид миёни афроди Домулло Насриддин (яке аз чеҳраҳои бонуфузи ҷиҳодӣ) ва муҳофизони ширкатҳои чинӣ рух дод ва ба кушта шудани дасти кам 8 нафар аз ҷумла чаҳор табааи Чин ва Қорӣ Абдулворис (писари фармондеҳ Насриддин) анҷомид, шиддати буҳронро намоёнтар кард. Манобеъи майдонӣ мегӯянд, даргирӣ замоне рух дод, ки афродӣ Домулло Насриддин хоҳони саҳм аз маъдани тило буданд, аммо бо муқовимати мусаллаҳонаи муҳофизони чинӣ мувоҷиҳ шуданд. Шиддати хушунат то ҷое буд, ки аҷсоди бархе аз чиниҳо ба рӯдхона андохта шуд.
Қудратҳои бузург ба далели мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва манобеъи зерзаминии Бадахшон, талош доранд то нуфузи худро дар ин вилоят афзоиш диҳанд ва аз манобеъи он баҳрабардорӣ кунанд. Таҳлили ин ҳодиса бидуни дарки сохтори қудрати кунунии Толибон ноқис аст. Толибон, муташаккил аз шабакаҳои қабилаии ҷануб, бо шиори амният дар ҳоли бознависии сохтори қудрати маҳаллианд. Канор задани фармондеҳони бумӣ ва ҷойгузинии онҳо бо мӯҳраҳое аз Ҳилманду Қандаҳор, бахше аз проекти геополитикии даруни Толибон аст. Толибон на танҳо шарики проектҳои чинӣ ҳастанд, балки мудирияти муҳандисишудаи манобеъ ва саркӯби муқовиматҳои маҳаллиро низ дар дастури кор доранд.
Вуруди чиниҳо ба маодини Афғонистон, дар зоҳир бо ваъдаи технологӣ ва иштиғол ҳамроҳ аст, аммо воқеияти майдонӣ чизи дигаре аст. Ширкатҳои чинӣ бо ҳимояти Толибон, ба баҳракашӣ аз маодин машғуланд. Коргарони маҳаллӣ бо музди ночиз ва бидуни ҳеҷ гуна амнияти шуғлӣ истисмор мешаванд ва суди проектҳо ба Кобул, Қандаҳор ва Пекин сарозер мешавад. Чин дар ин муодила танҳо як сармоягузор нест, балки шарики стратегии Толибон дар иҷрои навъе истеъмори иқтисодӣ аст, ки бо ризояти бахше аз ҳукумати марказии Толибон сурат мегирад. Ин модел, тақлиде аз проектҳои мушобеҳи чинӣ дар Африқост; Бо ин тафовут, ки дар Афғонистон мувозинаи қудрати қавмӣ ва собиқаи муқовимати таърихӣ монеае ҷиддӣ дар баробари султаи комили Пекин аст.
Пурсиши асосӣ ин аст, ки ин таҳаввулот ва чолишҳои амниятӣ то чӣ андоза метавонад ба нафъи тақвияти муқовимат ва афзоиши чолишҳои амниятӣ барои Толибон тамом шавад? Бо кушта шудани фарзанди Домулло Насриддин ва шӯълавар шудани хашми умумӣ, мардуми минтақа ба сурати якпорча дар атрофи фармондеҳони маҳаллӣ таҷаммӯъ кардаанд. Ин вокуниш, на сирфан як ғамномаи хонаводагӣ, балки танини оғози як муқовимати ҷадиди бумӣ аст; Муқовимате алайҳи чаповули манобеъ, тасаллути қавмӣ ва истеъмори хориҷӣ. Ин бор масъала фақат кукнор нест, балки хоки аҷдодӣ ва ҳувияти таърихии мардум аст, ки ба тороҷ меравад.
Ҳамзамон бо ин вақоеъ боздошти Махдум Олим Раббонӣ (шахсияти ӯзбектабор ва аз фармондеҳони Толибон) тавассути истихбороти Толибон, бахше аз амалиёти муҳандисишудаи Толибон барои хомӯш кардани ҳар гуна садои мухолиф аст. Ин иқдом занги хатаре барои сарнавишти ақвоми шимол ва ҳазфи систематики чеҳраҳои ғайрпаштун аз муодилаи қудрат дар иморати Толибон аст. Ин ҷарақаи инфиҷори иҷтимоӣ дар шимолшарқ,мумкин аст Толибонро ба саркӯби бештар ва ҳазфи ғайрпаштунҳо аз сохтори қудрат водор кунад.
Дар натиҷа, ҳаводиси Бадахшон ва тадовуми раванди чаповули маодин бо ҳимояти Толибон ва Чин, беэътиноӣ ба фармондеҳони бумӣ ва ҳазфи ақаллиятҳои қавмӣ аз қудрат, метавонад шикофҳои дохилии Толибонро ба як гусали сиёсӣ табдил кунад. Такрори даргириҳои мушобеҳ ва бедории умумӣ нисбат ба абъоди ин истеъмори навин, заминасози шаклгирии мавҷҳое аз эътирозоти мусаллаҳона, ҷунбишҳои худмухтор ё ҳатто тамоюлоти истиқлолталабона дар шимолшарқи Афғонистон хоҳад шуд.
Толибон ба хубӣ медонанд, ки Бадахшон фақат як сарзамин нест; Балки ҳофизаи таърихӣ, ғурури қавмӣ ва сармояи мутааллиқ ба тамоми Афғонистон аст. Ончи дар Овез рух дода, нишонае аз як буҳрони бузургтар аст: буҳрони машрӯъияти Толибон дар шимол, буҳрони эътимоди мардум ба проектҳои хориҷӣ ва буҳрони намояндагии қавмӣ дар сохтори ҳоким. Ин набард на фақат бар сари тило, балки барои бозпасгирии ҳувият ва ҳаққи моликияти мардум бар сарзаминашон аст. Агар ин раванд идома ёбад, ин бор на танҳо аз кӯҳҳои Панҷшер, балки аз маодини тилои Бадахшон, садои як муқовимати навин шунида хоҳад шуд.