Хабари рӯз

Покистон наметавонад дар ду ҷабҳа биҷангад, ё бояд тағйири масир диҳад ва ё ҳам нобуд шавад.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияти миллӣ ва геополитика

Қавси тарсу изтироб бар доираи стратегияҳои Покистон дар Афғонистон ҳалқа зада ва сиёсатҳои он кишварро бо чолишҳои мутааддиде мувоҷеҳ сохтааст, ки бароянди он танҳо фазои мултаҳиби сиёсӣ, иқтисоди варшикаста ва сардаргумии амниятӣ аст.

Ин бор Покистон бояд тасмим бигирад, ки ё худашро аз нобудӣ наҷот дода ва ҳифз кунад ва ё ҳам дар масири мунҷалоби бозиҳои хунини худсохтаи хеш, ғарқ шавад. Ба ҳамин тартиб, маълум мешавад, ки умқи хунбори як стратегияи хунин, ки кобуси тарснокаш солҳои сол аст бар фазои мултаҳиби сиёсии Афғонистон соя афгандааст, ҳоло кам-кам асароти худро бар вазъияти худи Покистон нишон медиҳад.

Ба назар мерасад, ки Покистон дар ҳалқае, ки барои дар контрол доштани Афғонистон, тарсим карда буд, ҳоло худ гир кардааст. Чун ин стратегия дигар ҳамхонӣ бо барномаҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ надорад ва танҳо дар масири таъмини манофеи стратегӣ ва амниятии Покистон ва дар ҷиҳати рақобати ин кишвар бо Ҳинд дар ҳаракат аст. Аз ин манзар, на Амрико ва Англис ва на ҳам муттафиқини осиёӣ ба иқдомоти Покистон дар ин арса арзиш медиҳанд, чун ба дарки ин ҳақиқат расидаанд, ки дар ин бозӣ танҳо Покистон баранда аст.

Аз сӯйи дигар, чун Покистон ҳамвора дар як бозии дуҷониба ҳамаро ғофилгир месозад, пас гоҳе бо Амрико ва гоҳе бо муттафиқин осиёӣ сар аз як гиребон мекашад. Ҳоло мешавад, ки тадовуми ин сиёсат дигар ба нафъи ҳеҷ кас нест ва танҳо роҳи боқимонда дар баробари Покистон ё таъвизи стратегия аст, ки ба маънии марги он хоҳад буд ва ё ҳам ҳамгом шудан бо барномаҳои байналмилалие, ки дар ҷиҳати мухолифи он роҳбурдҳои ҳаётии бақо ва ҳифзи Покистон қарор дорад. Тасаввур мешуд, ки Покистон дар бозии Афғонистон пас аз суқути ҷумҳурият пешқаровул аст ва ба унвони манбаи тағйир дар минтақа ҳисоб мешавад, аммо ҳақиқатҳои имрӯз, чизе фаротар аз таҳлилҳои инчунинӣ аст. Покистон дар як мусалласи хатарнок, дар вартаи нобудӣ аст ва имкон дорад ин мусаллас гулӯяшро дар миёнмуддат хафа кунад. Аммо ин кишвар бо лаҷоҷати тамом ва тавъам бо сиёсатҳои милитаристӣ, ба таъқиби сиёсатҳои амниятии худ барои муқобила бо Ҳинд дар минтақа идома медиҳад, ки бори камаршикан ва ғайри қобили таҳаммул барои низоми сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии ин кишвар аст.

Дар ин маврид, ягона сармояи ин кишвар дар минтақа абзори терроризм ва тундравии мазҳабӣ аст, ки минҳайси силоҳи атомии он дар арсаи рақобатҳои минтақаӣ ба нафъаш амал кардааст. Ҳоло ин абзор аз контроли Покистон берун мешавад ва Покистон бо мадди назар доштани чолишҳои дохилиаш, ки дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ домангири он шудааст, наметавонад ҳамзамон дар  ду ҷабҳа биҷангад. Ин кор мӯҷиб мешавад то қавси бесуботӣ дар ҷуғрофияе ба номи Покистон паҳн шавад ва бозиро дар муодилоти баъдии тавзеи қудрат ва амният, бар хилофи манофеи он бичархонад.

Сафари аҷибу ғариби Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон, ҷенерол Надим Анҷум, раиси АйЭсАй ва соири мақомҳои иттилоотӣ ва амниятиӣ Покистон ба Афғонистон, дар шароитӣ одӣ сурат нагирифт. Дар ҳоли ҳозир авзои бисёр нигаронкунандае дар Покистон ҳоким аст ва ҳеҷ нишонае аз тағйироти асосӣ дар чашмандози иқтисодии ин кишвар мушоҳида намешавад. Фақат масъала бидеҳӣ (қарз)-ҳои хориҷӣ матраҳ нест, балки баҳси бидеҳии дохилӣ вуҷуд дорад, ки кишварро ба варшикастагӣ наздик кардааст. Покистон акнун дар миёни осебпазиртарин кишварҳо қарор дорад. Таваррум дар ин кишвар ба авҷи худ расида ва тавони кишвар барои кушоиши эътибороти аснодӣ, тавлиди саноеъро ба шиддат таҳти таъсир қарор додааст. Бисёре аз воҳидҳои тавлидӣ таътил шудаанд ё ба сурати ҷузъӣ машғул ба коранд. Дар миёнаи афзоиши бесуботии сиёсӣ ва буҳрони иқтисодӣ, бозгашти терроризм ба Покистон, чолишҳои амниятии ин кишварро ташдид кардааст. Тозатарин мавҷи терроризм акнун пойтахтро фаро гирифта ва нишондиҳандаи зуҳури муҷаддади шабакаи шибҳинизомии ғайриқонунии фаъол аз он сӯйи марзҳост.

Агар ба таҳлили сафари мақомоти амниятӣ ва иттилоотии ин кишвар ба Афғонистон бипардозем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки ин сафар як сафари одӣ нест. Бояд таҳти шароити хоссе ва зери бори маҷбуриятҳои фаврӣ, сурат гирифта бошад, зеро чунин сафарҳо, он ҳам бо ҳузури мақомҳои амниятӣ ва истихборотии Покистон дар шароите сурат мегирад, ки ин кишвар аз лиҳози таҳдидот ба манофеи амнияти миллии худ, бо чолишҳое мувоҷеҳ мебошад, зеро Покистон бо бозие, ки дар ҳамгомӣ бо соири қудратҳои бузург дар чаҳор даҳаи пасин анҷом дода, дигар наметавонад аз зери бори масъулиятҳо ва авоқиби он камар рост кунад. Масалан, истеҳкомияти терроризм дар минтақа, вуҷуди шабакаҳои васее аз қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, эҷод соҳоти худмухтори қабоилӣ ва кӯмак барои рушди беравияи терроризми эътиқодӣ (ҳазорон мадраса дар дохили хоки Покистон) вазъиятро барои низоми сиёсӣ ва амниятии ин кишвар, печида ва ғайри қобили контрол сохтааст. Покистон на тавон дорад ба маҳори чолишҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ бипардозад ва на ҳам метавонад гурӯҳҳои фаромарзии таҳти ҳимояти худро контрол ва дар таҳти фармони худ ҳифз кунад. Намунаи бузургаш ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон аст, ки на ҳарфшунавии чандоне ба Покистон доранд ва таҳти контроланд ва ҳам манбаи илҳом ба соири гурӯҳҳои террористии ҷиҳодӣ шуда, то бар алайҳи низому давлати Покистон қад алам кунанд. Аммо агар мушаххас ба ҷанбаҳои сафари мақомоти покистонӣ ба Кобул бипардозем, ин сафарро ношӣ аз чанд масъала метавон арзёбӣ кард:

Аввал, нигаронии амиқи Покистон аз ташдиди ҳамалот болои манофеъ ва таъсисоти низомиву мулкии Покистон дар моҳҳои ахир. Терроризмеро, ки солҳо худи Покистон парвариш дода буд, ҳоло барояш ғайри қобили контрол аст. Ин ҳамалот дар замоне сурат мегирад, ки маркази он аз Покистон ба Афғонистон мунтақил шудааст. Покистон ҳоло мехоҳад ба василаи нуфуз бар Толибони Афғонистон, Толибони Покистониро маҷбур ба муомила кунад ва нагузорад Толибони Покистони ё ТиТиПи ва гурӯҳҳои балуч, ки дар як эътилофи роҳбурдӣ дар баробари Покистон ва давлати он қарор гирифтаанд, ба нафъи Ҳинд истифода шаванд. Ин сафар паёмҳои мумкин ба Толибон дар Афғонистон бидиҳад, ки бояд Толибони Покистон ва соир гурӯҳҳои вобастаи онро водор ба оташбас бо артиши Покистон намояд. Ҳоло Толибони Афғонистон дар як дуроҳӣ ва дар миёни ду санги осиёб қарор гирифтааст. Ин аввалин бор нест, ки Толибони Афғонистон дар чунин мавқеияти душворе қарор мегиранд, бал дар гузашта низ дар баробари хостҳои Чин низ, ки мебоист дар баробари уйғурҳои зидди давлати Чин иқдом кунанд, дар чунин мавқеияте қарор гирифта буданд. Ҳоло дида шавад ҳосили ин сафар метавонад дар ҷиҳати ҳифзи таъмини суботи амниятӣ ва коҳиши ҳамалот болои он, муассир воқеъ шавад ё хайр?

Дувум, беалоқагии Толибон ба сиёсатҳои иршодии Покистон дар чанд моҳи ахир, Покистонро сахт нигарон сохта ва нишон медиҳад Покистон аз ин ҳарос дорад, ки мабодо пойи Ҳинд дар Афғонистони таҳти контроли Толибон, боз шавад. Махсусан, гурӯҳҳои сиёсии Толибон, монанди гурӯҳи Мулло Бародар ва Мулло Яъқуб тамоюли бештар ба наздикӣ бо Ҳинд доранд ва чун аз сиёсатҳои ҳимояти Покистон аз Шабакаи Ҳаққонӣ дар ҷиҳати ҳифзи сарвату қудрат, маъюсу хаста шудаанд, бинобар ин дар ҷустуҷӯйи бадиле ҳастанд. Покистониҳо ҳарос доранд мабодо дар як тағйири драматик дар вазъияту наздикӣ ва машғулияти Ҳинд дар таомулот ва қазоёи марбут ба Афғонистон, аз ҷойгоҳи инҳисории Покистон дар қазияи Афғонистон коста шавад. Ин нигаронӣ замоне бештар мешавад, ки Покистон дар ҳимояти бедареғ аз як гурӯҳ қарор гирифта ва соири гурӯҳҳои Толибонро аз назар дур андохтааст.

Севум, мавзӯи бисёр мӯҳтамали дигаре, ки мумкин пойи мақомоти амниятии Покистонро ба Афғонистон кашонда бошанд, мавзӯи доғ шудани ихтилофот миёни Толибон аст. Тақсими ин гурӯҳ ба се ҷиноҳ, монанд Шабакаи Ҳаққонӣ, гурӯҳи Мулло Яъқубу Мулло Бародар ва гурӯҳи Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари гурӯҳи Толибон, заминаро барои аз контрол берун шудани ин гурӯҳ аз дасти Покистон мусоид сохта, ба Ҳинд ва соири руқабо мавқеъ медиҳад, то дар майдони Афғонистони таҳти контроли Толибон, мавқеи бозӣ пайдо кунанд. Ихтилоф миёни гурӯҳҳои мутааддиди Толибон, ҳатто боис шуда, ин гурӯҳ бар сари дуроҳӣ ҳукумат кардан ва тадовуми дар қудрат боқӣ бимонад ва натавонад коре ба нафъи барномаҳои минтақаии Покистон анҷом диҳад. Ин мавзӯъ ба шиддат мӯҷиби нигаронии сиёсатҳои Исломобод ва АйЭсАй аст ва метавонад тамоми дастовардҳои ин кишвар дар Афғонистонро нақш бар об кунад.

Чаҳорум, ихтилофот миёни Толибон метавонад мунҷар ба фурӯрехти пояҳои ҳокимияташон гардад. Ин кор мавриди назар ва ризояти Покистон нест ва Покистон намехоҳад ба ҳеҷ сурат Толибон аз қудрат халъ шаванд, зеро набуди Толибони Афғонистон дар қудрат ин бор ба маънои нобудиашон дар арсаи сиёсӣ ва низомӣ хоҳад буд. Агарчи то ҳол кадом нишонаи дол бар пирӯзии Толибон дар арсаи сиёсӣ дида намешавад ва ин гурӯҳ натавониста муваффақият дар амри касби машрӯъият байналмилалӣ ва шиносоии режимашон ба даст оварда бошад, аммо талошу умедвории Покистон бар ин аст, то аз тамоми имконот барои таҳаққуқи ин амр, ки натиҷаи сиёсатҳои чиҳилсолаи Покистон аст, кор бигирад ва ин амри муҳимро, ки ба таҷдиди ҳаёти Покистон мунҷар мешавад, ба курсии самар бинишонад.

Панҷум, даргириҳои марзӣ миёни низомиёни покистонӣ ва Толибон дар чанд моҳи гузашта, мӯҷиби нигаронии Покистон аст. Ин кор аз як тараф престижи сиёсӣ ва ҳайсиятии Покистонро дар назди руқабояш дар арсаи рақобатҳои минтақаӣ зери савол мебарад ва аз сӯйи дигар, ба мизони тиҷорати Покистон, ки ҳадафи ниҳоии он, Осиёи Марказӣ ва худи бозорҳои Афғонистон аст, садамоти ҷуброннопазире ворид мекунад.

Пас, ин сафар дар буҳбуҳаи ин мавҷи бесобиқа ва азими бесуботии сиёсӣ, ошуфтагии амниятӣ ва варшикастагии иқтисодие, ки домангири Покистон шуда, ниёз маҳсуб мешавад ва мақомҳои покистонӣ барои таҳаққуқ ва матраҳ сохтани нигарониҳои худ бо Толибони Афғонистон, ки гӯш ба фармонашон ҳастанд, ба Кобул сафар кардаанд.

Биноан натоиҷ ва ҷузиёти ин сафар мумкин баъдан маълум шавад ва асароти он дар вазъияти Афғонистон мушоҳида гардад, аммо иҷолатан таҳлиле, ки метавон аз ин сафар ва инкишофи вазъият дар минтақа, бахусус Афғонистон ва Покистон нишон дод, ҳамин аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!