Хабари рӯз

Кобул ҳамзамон талош мекунад барои идомаи даргириҳои низомӣ муттаҳидоне биёбад ва дар айни ҳол миёнҷиҳое барои дастёбӣ ба сулҳ бо Исломобод ҷустуҷӯ кунад.

Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори вижа “Независимая газета” (Русия)

Режими “Толибон” дар Афғонистон вориди марҳилае аз буҳрони ҷиддӣ шудааст. Иллати он ҷанг бо Покистони ҳамсоя аст, ки дар феврали 2026 оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад. Вақфае, ки тарафҳои даргир дар давраи Иди Фитр (Иди Рамазон) дар назар гирифтанд, танҳо шиддати таҳдиди низомӣ алайҳи Толибони Афғонистонро барҷаста мекунад; гурӯҳе, ки ҳамзамон талош мекунад ҳам муттаҳидоне барои муқобила бо Исломобод пайдо кунад ва ҳам миёнҷиҳое барои музокира бо он биёбад.

Дар шимоли Афғонистон, ки маҳалли сукунати тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва дигар ақвоми ғайрипаштун аст, дар моҳи марти имсол рӯйдодҳое рух дода, ки то пеш аз ин ғайри қобили тасаввур буд. Фармондеҳони паштун ва коргузорони идории режими “Толибон” ба забони форсӣ бо мардуми маҳаллӣ сухан мегӯянд ва онҳоро мутақоид мекунанд, ки барои дифоъ аз “ватани муштарак” дар баробари таҳдиди Покистон бархезанд. Манобеъе дар Панҷшер, Бағлон, Тахор, Бадахшон, Кописо ва дигар вилоятҳои Афғонистон, ки аксарияти ҷамъияти онҳоро ақвоми ғайрипаштун ташкил медиҳанд, аз қавли суханронони Толибон нақл мекунанд: “Мо ҳама як миллат ҳастем, мо як ватани муштарак дорем ва бояд онро дар баробари таҷовузи Покистон дифоъ кунем”.

Манобеи маҳаллӣ мегӯянд: Шунидани чунин суханон боваркарданӣ нест. Танҳо чанд моҳ пеш, Толибони паштун дар ин ҷо бо ғурур ва ҳамчунон истеъморгарон рафтор мекарданд, бо мардуми маҳаллӣ ба забони пашту суҳбат мекарданд ва забони модарии онҳоро нодида мегирифтанд. Лаҳни гуфторашон комилан таҳдидомез буд: ҷуръат накунед алайҳи аморати исломӣ, ки бар шумо ва ин сарзамин ҳукумат мекунад, иқдом кунед; итоати бечунучаро аз авомири амири Толибон; муҷозоти марг барои нофармонӣ ва ғайра. Ва ногаҳон чунин тағйирот. Ҳоло маълум мешавад, ки мо як кулли воҳид ҳастем, як миллат, ва як ватан дорем, ки бояд аз он дифоъ кунем.

Ин тағйироти чашмгир дар рафтори Толибони Афғонистон ду ҳафта пас аз оғози ҷанг бо артиши Покистон рух додааст. Бар хилофи иддаоҳои таблиғотии Толибон, дар воқеият авзоъ барои режими “муллоҳои хашин” чандон мусоид нест. Нерӯҳои мусаллаҳи Толибон мутаҳаммили талафоти сангин шудаанд, бавижа дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоӣ, мушакӣ ва паҳподии Покистон ба таъсисоти калидии низомии Толибон.

Ба вижа, ба гуфтаи манобеи афғон, ситоди фармондеҳии қулли урдуи 201-и Толибон дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоии Покистон ба таври комил нобуд шуда ва амалан аз кор афтодааст. Қулли урдуи 203 низ осебҳои ҷузъӣ дидааст, ки тавоноии он дар фармондеҳии неруҳоро ба таври қобили таваҷҷӯҳ коҳиш додааст. Дар манотиқи марзӣ, бавижа дар ҳавзаи масъулияти қулли урдуҳои 201 ва 203, артиши Покистон чандин посгоҳи марзии воқеъ дар хоки Афғонистонро тасарруф кардааст. Шумори ин посгоҳҳо ба 13 мерасад ва акнун ҳамагӣ таҳти контроли Покистон ҳастанд. Манобеъ меафзоянд: Толибон аз эътироф ба ин воқеиятҳо худдорӣ мекунад, зеро ин амр иддаои онҳоро дар бораи контрол бар хоки Афғонистон нақше бар об мекунад.

Коршиносони низомии афғон ба аҳамияти вижаи нуқтаи роҳбурдии Ашкин дар вилояти Пактико дар шарқи Афғонистон ишора мекунанд. Пештар дар ин минтақа як пойгоҳи бузурги низомии Амрико мустақар буд ва ин ноҳия аз мавқеияти мусаллате бархӯрдор аст, ки имкони назорати густарда ва контроли минтақаро, аз ҷумла бар ноҳияи Ангур Ада (Покистон) фароҳам мекунад. Ин нуқта акнун дар контроли неруҳои покистонӣ аст.

Илова бар ин, дар натиҷаи ду ҳафта даргирӣ, бархе мавозеъи Толибон дар вилоятҳои Пактиё ва Нангарҳор низ тавассути артиши Покистон ишғол шудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони низомии афғон, бо вуҷуди талоши Толибон барои намоиши иқдомоти Покистон сирфан ба унвони амалиёти ҳавоӣ, шавоҳид нишон медиҳад, ки пешравии заминии қобили таваҷҷӯҳ низ сурат гирифтааст.

Ин пешравӣ ҳадафе комилан мушаххас дорад: Исломобод ошкоро дар пайи он аст, ки на танҳо зерсохтҳои низомии режими Толибони Афғонистонро нобуд кунад, балки як минтақаи ҳоили амниятӣ дар имтидоди “хатти Дюранд” бо умқи то 30 километр дар хоки Афғонистон эҷод намояд. Иҷрои ин тарҳ, ба гуфтаи таҳлилгарони афғон, метавонад тавозуни низомӣ-ҷуғрофиёиро дар манотиқи марзӣ ба таври қобили таваҷҷӯҳ тағйир диҳад.

Дар чорчӯби ин роҳбурд, нерӯҳои покистонӣ ба бахши шарқии минтақаи фурудгоҳи Кобул (Кампи Феникс) ва ҳамчунин минтақаи Доруламон ҳамла карданд. Дар натиҷа, ҳудуди 300 воҳиди таҷҳизоти низомӣ нобуд шуд. Ҳамчунин дар Багром як анбори марказӣ, ки таҷҳизоти низомӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, ҳадаф қарор гирифт. Ҳадафи аслии ин иқдомоти Исломобод, маҳрум кардани Толибон аз худравҳои зиреҳӣ, таслиҳоти сангин ва зерсохтҳои калидии низомӣ аст.

Ва тарафи покистонӣ то ҳадди зиёде дар ин амр муваффақ будааст. Ба гуфтаи коршиносони низомии афғон, нотавонии Толибон дар ҳифзи мавозеъи марзӣ то ҳадди зиёде ношӣ аз камбуди муҳиммот, силоҳ ва таҷҳизоти дифоӣ аст. Манобеи огоҳи афғон гузориш медиҳанд, ки амири Толибон, Мавлавӣ Ҳайбатулло, ҳудуди 1,6 миллиард афғонӣ (наздики 30 миллион доллар) барои хариди силоҳ ва муҳиммот ихтисос додааст. Бо ин ҳол, ин пурсиш ҳамчунон боқӣ аст, ки дар шароити кунунӣ чӣ касе ҳозир аст ба Толибон силоҳ бифурӯшад.

Чашмандози шикасти низомии Толибон дар сурати идомаи даргирӣ бо Покистон комилан муҳтамал ба назар мерасад. Дар ин росто, Толибон ба таври ҳамзамон талош мекунад ҳам муттаҳидоне барои идомаи ҷанг биёбад ва ҳам миёнҷиҳое барои дастёбӣ ба сулҳ бо Исломобод пайдо кунад. Дар 5 то 8 рӯзи ахир, ҷангҷӯён ва фармондеҳони Толибон ба манозили аъзои хонаводаи неруҳои собиқи давлати ҷумҳурии Афғонистон муроҷиа карда ва аз онҳо даъват мекунанд, ки аз Эрон ва дигар кишварҳо бозгарданд то бо ҳам аз ватани муштарак дифоъ кунанд.

Бо ин ҳол, неруҳои собиқ, ки аз таҷрибаҳои талхи гузашта дарс гирифтаанд, барои посух додан ба ин даъватҳо аҷалае надоранд. Талошҳо барои ёфтани миёнҷӣ низ чандон муваффақ набудааст: Исломобод бартарии худро дар майдони набард эҳсос мекунад ва дар ҳоли ҳозир бар дастёбӣ ба муваффақияти низомӣ мутамарказ аст.

Дар ин шароит, чеҳраҳои калидии режими Толибон тақрибан аз диди мардуми Афғонистон нопадид шудаанд: раҳбарони гурӯҳҳои аслии Толибон ба вазъияти нимамахфӣ рафтаанд ва ҷангҷӯён ва фармондеҳон аз тарси ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Исломобод, шабҳо дар пойгоҳҳои худ намемонанд. Дар воқеъ, режими “муллоҳои хашин” ба тадриҷ контроли пешини худро бар фазои шаҳрҳои бузург ва бархе вилоятҳо аз даст медиҳад.

Ба назар мерасад буҳрон дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, таҳти таъсири ҳамалоти Покистон ва дар ғайби ҳимояти дохилӣ, рӯ ба ташдид хоҳад гузошт.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!