Хабари рӯз

Тафовути исломи кишварҳои арабӣ то исломи Афғонистон аз куҷо то куҷост?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Тазодҳое, ки на танҳо мояи ранҷу сардаргумии мусулмонон шуда, балки нишондиҳандаи истифодаи абзорӣ аз дини ислом барои аҳдофи сиёсӣ ва ҳифзи қудрат аст. Ин таноқузҳо дар иҷрои аҳкоми динӣ, маро бо дард, андӯҳ ва ашк водор ба навиштани ин сутур кард. Яқин дорам инсонҳои бовиҷдон, бошараф ва касоне, ки мусулмони воқеианд, ин сутурро бо диққат хоҳанд хонд.

Дар ҳоле ки Толибон дар Афғонистон бо ҳимояти Қатар ба қудрат расиданд ва мутобиқи фармоиши амири Қатар фаромини сахтгиронае содир кардаанд ва занонро ба пӯшидани бурқаъ водор кардаанд, дар кишварҳои дигари исломӣ, монанди Арабистони Саудӣ, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ислом ба гунае комилан мутафовит тафсир ва иҷро мешавад, бахусус ба пешвозу истиқболи оқои Трамп, хонуми амири Қатар бо тамоми мардҳои куфру мусулмон даст медиҳад ва ҳеҷ навъ ҳиҷобро муроот намекунад.

Бароям хеле дилчасп буд, ки дар кишварҳои арабӣ мардҳояшон ҳиҷобро муроот кардаанд, вале занҳояшон ҳеҷ навъ ҳиҷоби исломиро муроот накарда буданд.

Барои намуна, дар ҷараёни сафари Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ба кишварҳои арабӣ маросимҳои расмии истиқбол дар Амороту Қатар бо ҳузури занон баргузор шуд. Дар аморот, занон дар канори мардон дар рақси суннатии “Алаёла” мӯҳои худро такон мидоданд ва ширкат доштанд ва дар Қатар занон бидуни ҳиҷоби суннатӣ, бахусус хонуми амири Қатар дар канори мақомоти мард ҳозир шуданд ва бо Трамп ва соир мардони бегонаи куфр даст доданд. Ин дар ҳолест, ки дар Афғонистон занон ҳатто аз ҳузур дар содатарин фаъолиятҳои умумӣ низ маҳруманд.

Аммо дар сарзамини ман, яъне Афғонистони азиз:

Занон на танҳо аз ҳаққи таҳсил ва кор маҳрум шудаанд, балки ҳатто иҷозаи хурӯҷ аз хона бидуни маҳрамро надоранд. Ин маҳдудиятҳо сабаби афзоиши хушунатҳои хонаводагӣ ва фишорҳои шадиди равонӣ бар занон шудааст.

Ман намедонам, ки воқеан чӣ касе исломи воқеиро мешиносад, дар ҳоле ки арабҳо худро пешвои кишварҳои исломӣ мегӯянд, чӣ касе гумроҳ аст ва чӣ касе дар роҳи ҳидоят ва худопарастӣ гом бармедорад, чӣ касе зеҳни бисёре аз мусулмононро даргир кардааст. Мо намедонем, кӣ мусулмон аст, кӣ кофир...

Вақте дар Арабистони Саудӣ рақсу овозхонии Ҷенифер Лопез “исломӣ” талаққӣ мешавад ва дар Афғонистон, омӯзиши духтарон “зидди ислом” шумурда мешавад, бояд бипурсем: ин кадом нусхаи ислом аст, ки бо таъми машруби арабӣ меомезад ва бо хуни мардуми Афғонистон “ҳаросат” мегардад?

Занон бо рақси мӯй аз Доналд Трамп дар кишваре истиқбол мекунанд, ки агар занони бумӣ бихоҳанд мӯйи худро бидуни иҷозаи шавҳар такон диҳанд, мумкин аст ба ҷурми фасоди ахлоқӣ ба сахтӣ муҷозот шаванд.

Қатар, бо он қутри кӯчак, аммо пурқудрат, замоне, ки мизбони бозиҳои олимпӣ буд, тамоми абзори лаҳву лаъбро аз нӯшиданиҳои алкулӣ гирифта то клубҳои рақси шабона муҳайё кард. Аммо ҳеҷ кадом аз инҳо зидди ислом талаққӣ нашуд, чун меҳмонон хориҷӣ буданд ва аъроб бовар доранд, ки Худованд меҳмонро дӯст дорад.

Ҳамин шайхҳо бо тасбеҳҳои алмосӣ панҷоҳ сол аст, ки мардуми Афғонистонро ба баҳонаи дифоъ аз ислом ба қурбонгоҳ мефиристанд. Аз мадориси динии Покистон гирифта то эҳдои чекҳои миллиондолларии имзошуда барои парвариши ҷангҷӯён мефиристанд, ин аст ислом, ки пайравоне дорад.

Шояд рӯзе бирасад, ки ин муодила воруна шавад аммо феълан, яке овоз мехонад, яке мемирад. Яке нону дигаре хун мехӯрад в хун мегиряд. Яке дар вилла бо манзараи дарё ибодат мекунад ва дигаре зери осмони беситора, бо тани хунин, фотиҳаи худашро замзама мекунад.

 

Натиҷагирӣ

Ин таноқузҳо дар тафсиру иҷрои шариати исломӣ нишон медиҳад, ки аҳкоми динӣ дар бисёре аз маворид ба сурати гузинишӣ, ба хотири таҳаффузи қудрат ва бар асоси манофеъи сиёсӣ аъмол мешаванд, на бар мабнои Қуръону ҳадис. Дар ҳоле ки дар як кишвари исломӣ, ҳиҷоб амре ихтиёрӣ аст ва ҳатто рақсу истиқболи гарм аз раҳбарони ғарбӣ амре роиҷ аст, рақсеро, ки Доналд Трамп дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дид, дар ҳеҷ кишвари ғарбӣ ва яҳудӣ надида буд, вале дар кишвари дигаре ба номи Афғонистон ҳамон занон бо зӯру иҷбор маҳдуд мешаванд, латукӯб мишванд ва ҳатто дарра мехӯранд.

Ин рафторҳои дугона на танҳо ба асли дину шариат осеб мезананд, балки боиси беэътимодӣ ва сардаргумӣ дар миёни мусулмонон низ мешаванд.

Касоне, ки мусулмони ҳақиқӣ ҳастанд, худ аз ин навиштаи ман қазоват хоҳанд кард ва хоҳанд донист, ки чӣ касоне гумроҳанд ва аз номи дини ислом баҳрабардории сиёсӣ мекунанд ва исломи азизро олаи дасти худ қарор медиҳанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!