Хабари рӯз

Имом Абуҳанифа фақат ба 16 ҳадиси Имом Бухорӣ эътимод кардааст.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Дӯсти азизи ман Беҳзод Озод аз Дания ва аз гуруҳи “Ҷумъа муборак” савол кардааст: "Масъалае, ки ҳазрат Имом Абуҳанифа беш аз 7 ҳадисро дар тамоми ҳадисҳои Паёмбар қабули дуруст намекард, аз чӣ қарор аст?"

Ҷавоб:

Аввалин масъалаеро, ки бояд хуб бидонем, ки дар байни панҷ имоми машҳури ҷаҳони ислом, яъне Имом Ҷаъфари Содиқ, Имом Шофеӣ, Имом Абуҳанифа, Имом Молик ва Имом Ҳанбал, Имом Абуҳанифа машҳуртарин аст ва дар ҷаҳони ислом зиёдтарин пайрав дорад. Ҳеҷ имоми дигар ба андозаи Имом Абуҳанифа пайрав надорад. Дар китоби “Тазкират ул-авлиё”, асари машҳур ва нафиси шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ, Имом Абуҳанифа лақаби “Имоми ҷаҳон” дода шудааст.

Дувум мавзӯъ, ки дар бораи Имом Абуҳанифа бояд бидонем, ки имом асаре аз худ ба ҷо нагузоштааст ва ҳар матлаб, ки дар бораи ӯ медонем, тавассути шогирдони ӯ ҷамъоварӣ шудааст, махсусан Имом Абуюсуф, ки аз имомони машҳури аҳли суннату ҷамоат аст. Агар шумо дар ҷое хонда бошед, ки таълифи Имом Абуҳанифа, бидонед, ки иштибоҳ аст, зеро Имом аз худ таълифот надорад.

Имом Абуҳанифа зиёдтар ба қиёс фатво медод ва аз ақл кор мегирифт ва шароити замону макон барояш шадид матраҳ буд. Дар байни имомон, ки дар фавқ ном бурдем, аз озодмаништарин Имом ба шумор меравад. Бо ин ки мо як китоб зери унвони "Фиқҳи осон " аз Имом Шофеӣ дорем ва аммо фиқҳи Имом Абуҳанифа осонтарину ҷомеътарин ва мӯътабартарин аст.

Дар мавриди ин ки ҳафт ҳадисро қабул кардааст, бигӯмагӯ зиёд аст ва аммо ду мавзӯъ собит аст.

Аввал ин ки ҳама аҳодисро рад накардааст, ҳатто, ки ҳақати онро қабул карда бошад ва дувум ин ки он қадар ба асолати ақл эътиқод дошт, ки қодир буд бидуни рӯияти ҳадис фатво диҳад. Ба ҳар сурат, дар китоби "Таърихи сиёсии ислом", асари машҳури доктор Ҳасан Иброҳим Ҳасан, тарҷумаи донишманди гаронпояи Эрон Абулқосим Поянда, соли чоп 1376 ҳиҷрии хуршедӣ, сафҳаи 284 чунин мехонем:

"Бухорӣ ҳафт ҳазору дувисту ҳафтоду панҷ ҳадис фароҳам оварда, ки бисёрии он мукаррар аст ва аҳодиси номукаррар беш аз чаҳор ҳазор нест. Бухорӣ, чунончи гӯянд, аз сесад ҳазор ҳадиси роиҳ баргузида ва бо вуҷуди ин Абуҳанифа фақат шонздаҳ ҳадиси вайро эътимод карда ва аз ин ҷо метавон гуфт, ки ҷаълу таҳриф дар кори ҳадис то куҷо будааст."

Банда, Фарид Юнус, аз сӣ сол аст, ки рӯи ҳадис, ки баъд аз Қуръон марҷаъи дувум дар шариат аст, кор мекунам ва то ҳол се маҷмӯаи ҳадисро, ки дуи он дар “Амазонка” аст, ба нашр супурдаам.

Ҳадис на танҳо, ки мақоми дувумро дар шаръ дорад, боиси эҷоди фарҳанги исломӣ шудааст. Яъне агар касе ба ҳадиси сиққа дастрасӣ надошта бошад, фарҳанги исломӣ наметавонад дошта бошад.

 Мушкили ҳадис аз нигоҳи таҳқиқоти имрӯзӣ ва модерн дар се масъала аст:

Аввал, аҳодиси ҷаълӣ шомили мутуни динии мо шудааст ва имрӯз касе ҷуръат намекунад то онро софкорӣ кунад.

Дувум, матолиб аз исроилиёт дохили ҳадис шудааст.

Севум, фарҳанги бумии араб шомили мутуни ҳадис шудааст.

Пас барои ин ки ҳадиси сиқаи паёмбарро шиносоӣ кунем, бояд диққат кунем, ки ҳадис ба чаҳор асли зайл мутобиқат дошта бошад:

Аввал, мутобиқат бо Қуръон.

Дувум, мутобиқат бо шахсияти волои Паёмбар (с) зеро Қуръон паёмбар (с)-ро раҳматулоламин хитоб мекунад.

Севум, мутобиқат бо адолат, зеро Қуръон назди мусулмонон китоби адолат аст ва Қуръон мегӯяд, "ва азо ҳикматум байнуннос ан таҳаккуму билъадл" (агар шумо миёни мардум қазоват мекунед, пас қазовати одилона кунед) ва чаҳорум, ҳадис мутобиқат ба илм дошта бошад, зеро Қуръон ба вазоҳат мегӯяд, ки "ва иналлоҳи қад аҳот би кулли шайи илман" яъне Худованд ба ҳар чиз иҳотаи илмӣ дорад.

Ҳастанд касоне, ки танҳо ба Қуръон такя мекунанд ва ҳадисро нодида мигиранд, дар ҳоле ки ҳадиси сиқаи Паёмбар (с) муфассири аслии Қуръон аст. Ва ҳамчунон ҳастанд касоне, ки худро суннии ҳанафӣ мегӯянд ва зери таблиғоти ваҳҳобӣ ҳастанд ва на аз ақл кор мегиранд ва на шароити замону маконро мадди назар мегиранд.

Лутфан китоби "Ҳадиси ҳафта", ки сад ҳадиси сиқаи Паёмбар (с) ба забони форсӣ аст ва ба забони фаронсавӣ ҳам тарҷума шудааст ва ё китоб “Maxims of the Prophet” ба забони инглисӣ барои ҷавонон тадвин шудааст, аз сайти “Амазонка” ба даст биоваред.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!