Дард ман ҳоюҳӯи дирӯзӣ, қотилам шаҳрванди бефардо.
Ҷасадам рӯдхона мехоҳад, дарди ман дар кафан намегунҷад...
Муаллиф: ҲАСИБ НИМО
Нафаси охир аст? Меҷангам, марг дар зеҳни ман намегунҷад,
Метапам то ба охири дардам, мавҷ дар як лаҷан намегунҷад.
То ба поёни роҳ меистам, аз заминларзаҳо наметарсам,
Ишқро ҷиғ мезанам мардум! Хомӯшӣ дар даҳан намегунҷад.
Шаҳр равшан зи қаҳқаҳи борут, сояҳо даври шӯъла мерақсанд,
Оташ аз саргузашт ғарқам кард, сӯхтан дар сухан намегунҷад.
Дард ман ҳоюҳӯи дирӯзӣ, қотилам шаҳрванди бефардо.
Ҷасадам рӯдхона мехоҳад, дарди ман дар кафан намегунҷад,
Ишқ, яъне биҳишти ин дунё, ишқ яъне шурӯъи бедорӣ,
Ишқ, яъне бараҳна дар борон, рақс дар пераҳан намегунҷад.
Нафси охир аст? Ҳаргиз на! Ишқ ҳамчун парандаи захмист,
Ними парвоз ним озодист, дар қафас пар задан намегунҷад.