Хабари рӯз

Кӯдакони лаёқатманд ба чӣ имконоти нав даст меёбанд?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Маориф дар ҳама давру замон ҷузъи асосии рушди ҷомеа буд ва боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон беҳтаркунии сифати таҳсилот яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Русия ба ҳисоб меравад. Лоиҳаҳои сершумор, аз ҷумла лоиҳаҳои сохтмони мактабҳо ба беҳшавии  сифати таҳсилот ва умуман системаи маорифи кишвар мусоидат мекунанд. Яке аз ташаббусҳои муҳим тасдиқи сохтмони маркази кӯдакони лаёқатманд мебошад.

Лоиҳаи сохтмони як маркази кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маорифи Русия ва Фонди «Истеъдод ва муваффақият» амалӣ мешавад, ки аз муҳим будани истеҳкоми равобити Русияву Тоҷикистон дар соҳаи маориф шаҳодат медиҳад.

Чанд сол пеш Русия дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 5 мактаби нав ифтитоҳ кард. Дар оянда сохтмони мактабҳои нав ба нақша гирифта шудааст, ки ба шарофати ин имкониятҳои таҳсилоти бачагон тавсеа ёфта, барои фаро гирифтани теъдоди бештари хонандагон ба таҳсилоти  босифат имконият фароҳам оварда мешавад.

 

ЛОИҲА ТАСВИБ ГАРДИД

Маркази таълимии “Сириус”-и шаҳри Сочи, ки соли 2015 дар заминаи мероси олимпӣ таъсис ёфта буд, ба як киштии роҳнамо барои рушди истеъдодҳои кӯдакон дар Русия табдил ёфтааст. Ҳадафи асосии ин марказ - ошкор намудани қобилияту истеъдодҳои кӯдакон дар самтҳои илм, санъат, варзиш ва маориф мебошад. Барномаҳои марказ барои мактаббачагони лаёқатманд имкониятҳои беназир фароҳам меоварад, аз ҷумла, таҳсил таҳти роҳбарии коршиносону олимони варзида ва иштирок дар озмуну олимпиадаҳо.

Акнун дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ чунин як марказ дар Тоҷикистон низ таъсис хоҳад ёфт. Думаи давлатии Русия лоиҳаи таъсиси маркази “Сириус” барои кӯдакони лаёқатмандро тасвиб кард. Ифтитоҳи ин муассисаи нави таълимӣ соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Марказ дар шафати яке аз мактабҳои пешсафи ҷумҳурӣ — мактаби ба номи Гагарин сохта мешавад. Маркази “Сириус” дар Тоҷикистон ба рушди на танҳо ташаббусҳои таълимӣ, балки фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мусоидат хоҳад кард, ки махсусан дар шароити рақамисозӣ ва пешрафти технологӣ бисёр муҳим аст. Яке аз унсурҳои ниҳоят муҳими лоиҳа - табодули таҷриба байни омӯзгорону олимони русу тоҷик хоҳад гардид, ки равобити фарҳангиву маърифатии ду кишварро истеҳком мебахшад.

Интизор меравад, ки ин лоиҳа мактаббачагони лаёқатмандро дар тамоми марҳилаҳои таҳсилашон дастгирӣ намуда, ба онҳо барои иштирок дар барномаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва таҳсили минбаъда на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар  имконият фароҳам меоварад.

Олга Ладигина, доктори илмҳои фалсафа, дотсент, директори Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи славянивии Русияю Тоҷикистон бар ин назар аст: “Ман ташаббуси ҳукуматро дар мавриди таъсиси маркази кӯдакони лаёқатманд комилан ҷонибдорӣ мекунам, зеро аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфтани чунин кӯдакон хеле муҳим аст. Дар ҷомеа фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди ҳар як кӯдак бисёр муҳим аст, аммо дар баробари ин мо дарк мекунем, ки на ҳама кӯдакон яксонанд. Кӯдаконе ҳастанд, ки мушкилоти инкишофи ҷисмонӣ ва ё зеҳнӣ доранд ва барои ҳар як гурӯҳи алоҳидаи кӯдакон шароити муайян фароҳам овардан лозим аст.

Ғайр аз ин, барои пешравии кӯдакони лаёқатманд бояд шароити махсус фароҳам овард ва маҳз ба туфайли таъсис додани чунин марказҳо ва иттиҳодияҳо, ба монанди “Сириус”, чунин шароитро фароҳам овардан мумкин аст.  Дар ҷаласаи Кумитаи умури ИДМ созишнома дар бораи дар Тоҷикистон таъсис додани чунин марказ баррасӣ карда шуд ва ин як иқдоми муҳим аст. Фикр мекунам, марказ дар назди яке аз мактабҳои русӣ сохта мешавад, вале бисёр муҳим  аст, ки ин як бинои махсусгардонидашуда ва бо технологияву таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазшуда бошад. Зеро дар шароити  имрӯза бидуни технологияҳо ва рақамисозӣ рушд кардан ғайриимкон аст”.

«Албатта, ба мо мутахассисоне лозиманд, ки дар ин марказ бо кӯдакон кор карда, истеъдодҳои онҳоро роҳнамоӣ кунанд. Тоҷикистон на танҳо аз захираҳои табиӣ, балки бо мардуми заҳматкашаш бой аст, аз ин рӯ, кишвар барои дар якҷоягӣ бо Русия амали гардонидани чунин лоиҳа тамоми имкониятҳоро дорад».

Ольга Ладыгина, доктори илмҳои фалсафа, дотсент, директори Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

 

ИНКИШОФИ ХАМАТАРАФА

Русия солҳост, ки кӯдакони боистеъдодро дар Тоҷикистон бомуваффақият дастгирӣ карда, дар ҷанбаҳои мухталиф кӯмак мерасонад, аз ҷумла бо дастраскунии (таҳвили) китобҳои дарсӣ ва сохтмони мактабҳо. Яке аз ҷанбаҳои асосӣ - дастрас намудани маводҳои таълимӣ мебошад. Русия мунтазам ба Тоҷикистон китобҳои дарсӣ, бахусус барои мактабҳо ва синфҳои русзабон дастрас мекунад.

Дар ин самт мактаби русию тоҷикии ба номи Ю.А. Гагарин корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.  Директори мактаб Владимир Гудков дар бораи муваффақиятҳои асосии мактаб нақл мекунад: «Аз рӯзи аввал фаъолияти омӯзгорони мо ба амалисозии лоиҳаи «Ақл, истеъдод, шахсият» равона карда шудааст. Мақсади лоиҳа - фароҳам овардани шароит барои ошкор, дастгирӣ, таълим, тарбия ва рушди қобилиятҳои алоҳидаи кӯдакони лаёқатманди мактаб, инчунин фароҳам овардани муҳити мусоид барои ташаккул ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии онҳо мебошад.

«Дар мактаб барои муайян кардан, дастгирӣ ва инкишоф додани қобилиятҳои кӯдакон як системаи самаранок таъсис дода шудааст. Вазифаи тавсеаи имкониятҳои иштироки хонандагон дар чорабиниҳои зеҳнӣ ва эҷодӣ низ ҳал шуда истодааст. Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2022-2023 6780 хонандаи мактаб дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ, умумироссиягӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карданд. Аз ин теъдод 1330 нафарашон ғолиб ва 1345 нафарашон сазовори мукофотҳо гардиданд. Дар соли хониши 2023-2024 теъдоди иштирокчиён аллакай ба 17339 нафар, ғолибон ба 1541 нафар ва дорандагони мукофот ба 7665 нафар расид”.

Владимир Гудков, директори мактаби ба номи Ю.А Гагарин дар шаҳри Душанбе.

Дар соли хониши ҷорӣ хонандагони ин мактаб бори дуюм дар Олимпиадаи умумироссиягии мактаббачагон иштирок карданд. Дар соли хониши 2023-2024 тақрибан 40% хонандагони ин мактаб дар марҳилаи мунисипалӣ дар шаҳри Маскав иштирок намуданд. Мактаб ба қатори ғолибони интихоби озмунӣ барои беҳтарин барномаи байналмилалии Муассисаи федералии давлатии таълимии буҷетии «МДЦ «Артек» ворид гардид (37 нафар мактаббачагон - иштирокчиёни шаш баст). Инчунин дар якҷоягӣ бо Маркази умумирусиягии рушди эҷодиёти бадеӣ ва технологияҳои гуманитарӣ барои 50 нафар мактаббачагон лоиҳа амалӣ карда мешавад, ки ба онҳо дар интихоби касби оянда дар доираи барномаи «Масирҳои касбӣ: оғози роҳ» кӯмак мерасонад.

Дар раванди таълим платформаҳо ва манбаҳои таълимию технологии Русия, инчунин захираҳои техникии мактаб фаъолона истифода бурда мешаванд, аз ҷумла: КВАНТОРИУМ, синфхонаи интерактивӣ (ПЛАНЕТАРИЙ), ки бахшида ба рушди кайҳоншиносӣ бо фармоиши Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия М.В. Мишустин таъсис дода шуда буд, маркази иттилоотию нашриётӣ, телевизиони мактабӣ, маркази матбуот. Бахшида ба аввалин отряди  кайҳоннавардон, муаллимони барҷастаи рус, қаҳрамонони халқии Федератсия Русия ва Тоҷикистон се толори намоиши кушода шуд».

Ин ҳанӯз на ҳамаи комьёбиҳо ва лоиҳаҳои мактаб аст: дар мактаб чорабиниҳои гуногуни таълимӣ ва маъракаҳо гузаронида мешаванд. Ба шарофати фаъолияти ҳамаҷонибааш мактаб лауреати Озмуни III байналмилалии «Беҳтарин мактаби русӣ дар хориҷа» ва барандаи Ҷоизаи миллии маърифатии «Дониш» гардид. “Муассисаи таълимии мо тавсеа додани имкониятҳо ва фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи хуби хонандагонро вазифаи асосии худ медонад”, — хулоса кард директори мактаб.

Лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» низ яке аз самтҳои асосии кор бо ҷавонони Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар доираи ин лоиҳа омӯзгорони рус ба мактабҳои кишвари мо омада, аз забони русӣ ва дигар фанҳо таълим медиҳанд. Онҳо на танҳо ба хонандагон таълим медиҳанд, балки бо ҳамкасбони тоҷики худ табодули таҷриба карда, ба баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо мусоидат мекунанд. Русия ҳамчунин ба масъалаи ғизои мактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таъмин кардани мактаббачагони тоҷик бо ғизои мутавозин, солим ва босифат кӯмак мерасонад.

Ин тадбирҳо аз кӯшиши Русия барои дастгирии системаи маорифи Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои дуҷониба шаҳодат медиҳанд. Кӯшишҳои муштараки ду кишвар ба фароҳам овардани фазои мусоид барои хонандагон ва омӯзгорони мо равона карда шуда, ҳамзамон ба рушди касбию шахсии онҳо мусоидат мекунанд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!