Хабари рӯз

Нависанда: Раҳматуллоҳ Ориёнпур, пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии “Ривоят”

Дар таърихи муосири Афғонистон шаклгирии ҳувияти сиёсии ақвом беш аз он ки маҳсули равандҳои табиии давлат-миллатсозӣ бошад, натиҷаи тасмимҳо ва сиёсатҳои мушаххаси зимомдорон, раҳбарони сиёсӣ ва мудохилоти кишварҳои зинафъу зидахл дар умури ин кишвар аст. Дар ин миён ҷомеъаи ҳазора яке аз ақвоме шумурда мешавад, ки барои нахустин бор дар авохири нимаи дувуми садаи бистум, ба сурати расмӣ вориди сохтори қудрати сиёсии кишвар гардид. Ин вуруд беш аз ҳама марҳуни сиёсатҳои давлати Бабрак Кормал ва пас аз он, ҳукумати устод Бурҳонуддин Раббонӣ мебошад.

Нахустин бор дар таърихи Афғонистон Бабрак Кормал, раисҷумҳури тоҷиктабори кишвар, ҳазораҳоро аз ҳошияи сиёсӣ берун оварад ва барои онон ҷойгоҳи “шаҳрванди сиёсӣ” қойил шуд. Таъйини Султоналии Кишманд ба унвони нахуствазири Афғонистон, нуқтаи атфе дар таърихи сиёсии ҳазораҳо ба шумор меравад. Афзун бар он, садҳо тан аз ҳазораҳо дар радаҳои мутавасситу миёнии ҳукумат ба кор гумошта шуданд. Ин амр то он замон дар сохтори қудрати сиёсии Афғонистон бесобиқа буд.

Пас аз Бабрак Кормал, устод Бурҳонуддин Раббонӣ, яке дигар аз раисҷумҳурони тоҷиктабори Афғонистон, дуюмин зимомдоре буд, ки нақши таъйинкунандае дар тасбити ҷойгоҳи сиёсии ҳазораҳо ва ҷомеъаи ташайюъ ифо кард. Дар даврони ҳукумати вай, на вазоратхона ба ҳазораҳо ва аҳли ташайюъ ихтисос ёфт, ки панҷ вазорат ба ҳизби Ваҳдати исломӣ ба раҳбарии устод Абдулалии Мазорӣ ва чаҳор вазорати дигар ба ҳизби Ҳаракати исломӣ ба раҳбарии шайх Осиф Муҳсинӣ супурда шуд.

Ба қавли генерали Маҳмадалии Муқаддасӣ, як тан аз фармондеҳони пешини ҳизби Ваҳдати исломӣ: “Ҳукумати устоди Раббонӣ барои ҳизби Ваҳдати исломӣ, илова бар панҷ вазорат, маносиби калидии дигарӣ аз ҷумла муовинати раёсатиҷумҳурӣ, муовинати вазорати дифо, муовинати вазорати дохила, муовинати Раёсати умумии амнияти миллӣ, раёсати Донишгоҳи Кобулу раёсати Банки Марказиро дар назар гирифта буд”. Ин сатҳи мушорикати сиёсии ҳазораҳо дар таърихи Афғонистон, бепешина буд.

Дар канори ин ду раисҷумҳур, се шахсияти барҷаста аз миёни худи ҳазораҳо низ нақши асосӣ дар иртиқои манзалати сиёсӣ ва иҷтимоии ин қавм ифо карданд, ки яке аз онон, Султоналии Кишманд буд. Ӯ ба унвони як сиёсатмадори ҳазора, нигоҳи қавмӣ ба сиёсатро пинҳон намекарду ошкоро дар ҷиҳати ҳимоят аз ҳазораҳо амал менамуд. Устоди Муҳаммади Муҳаққиқ низ дар китоби хотироташ, ки ба тозагӣ чоп шуда, аз Кишманд ёдоварӣ намуда ва талошҳои вай барои тақвияти ҷойгоҳи сиёсӣ ва низомии ҳазораҳоро ситоиш кардааст. Бо вуҷуде, ки дар он замон, ҳарду дар ду ҷабҳаи мухолиф, алайҳи якдигар меҷангиданд. Дарвоқеъ, Кишманд ба унвони як раҳбари сиёсии ҳазора, нахустин бор барои ин тойифа, ҳувияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъриф шуда бахшиду ононро ба унвони як нерӯи машрӯъ дар муъодилоти қудрат матраҳ сохт.

Ду тани дигар аз раҳбарони ҳазора, устод Муҳаммад Муҳаққиқ ва устоди Карим Халилӣ ҳастанд. Агар Кишманд пояҳои ҳувияти сиёсии ҳазораҳоро дар сохтори давлат гузошт, Муҳаққиқ ва Халилӣ ин ҳувиятро дар чаҳор даҳаи пурошӯби ҷангу сиёсати ҳифзу тасбит карданд.

Пас аз он ки устод Абдулалӣ Мазорӣ ба таҳрики Толибон таслим ва сипас тавассути онон кушта шуд, устоди Муҳаммад Муҳаққиқ ва устоди Карим Халилӣ дар майдони набард боқӣ монданду муборизаи сиёсӣ ва низомии худро дар чорчӯби ҳукумати Устоди Раббонӣ ва таҳти фармондеҳии вазири дифои вақт, Аҳмадшоҳ Масъуд идома доданд. Ин истодагӣ нақши таъйинкунандае дар тадовуми ҳузури сиёсии ҳазораҳо дар сохтори муқовимат ва давлат дошт.

Дар бист соли ҷумҳурият фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Муҳаққиқу Халилӣ, дар муқоиса бо ҳар раҳбари ҳазора дар гузашта, густардатар ва асаргузортар буд. Дар ин давра ҳазораҳо ба маносиби баланди давлатӣ даст ёфтанд, даҳҳо ҳазор тан аз ҷавононашон дар дохилу хориҷ аз кишвар ба таҳсилоти олӣ пардохтанд ва аз миёни онон як насли ҷадиди таҳсилкарда ва қаламбадаст шакл гирифт.

Бо ин ҳама, таноқузи таърихи муосир дар он аст, ки шуморе аз ҳамин насли таҳсилкарда ба ҷои таҳлили мунсифонаи гузашта ва қадрдонӣ аз нақши раҳбарони таърихии тоҷику ҳазора, ба нақдҳои эҳсосӣ, ғайримустанад ва гоҳ тафриқаафканона рӯй овардаанд. Ин гуна нақдҳо, бештар бозтоби уқдаҳои сиёсӣ имрӯз асту рабте бо фаҳми дақиқ аз шароити печидаи дирӯз надорад.

Нақди раҳбарони сиёсӣ, амри машрӯъ ва зарурӣ маҳсуб мешавад, аммо ин нақди замонӣ арзишманд аст, ки бар пояи воқеиятҳои таърихӣ, тавозуни қизовату дарки шароити замонӣ сурат гирад. Нодида гирифтани нақши Бабрак Кормал, профессор Бурҳонуддин Раббонӣ, Султоналии Кишманд, устод Муҳаммад Муҳаққиқ ва устод Карим Халилӣ дар шаклгирии ҳувияти сиёсии ҳазораҳо таҳрифи таърих аст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!