Хабари рӯз

Ин як талоши дигар хоҳад буд барои тасбити нақши Покистон дар сиёсатҳои минтақаиву байнулмилал.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Маршал Осим Мунир, раиси артиши Покистон, барои сеюмин бор дар давраи раёсатиҷумҳурии Доналд Трамп ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар мекунад. Ӯ бар иловаи дидор бо раисҷумҳури Амрико, бо вазири ҷанги Амрико, вазири умури хориҷа ва шуморе аз мақомҳои аршади низомиву амниятии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла теъдоде аз аъзои Конгресс, дидору гуфтугӯ менамояд.

Аҳдофи аслии ин сафарро метавон дар се меҳвари асосӣ хулоса кард:

1 - Тавзифи 10 ило 15 ҳазор асокири покистонӣ ба номи ҳофизи сулҳи байни Исроилу Фаластин.

2 - Масъалаи сарнавишти Имронхон, нахуствазири собиқи Покистон, ки Осим Мунир мехоҳад Имронхон шадидан муҷозот гардад ва аз сиёсат канор зада шавад. Ва мехоҳад дар ин ҳисса пуштибонии Амрикоро бо худ дошта бошад.

3 - Масъалаи сарнавишти Афғонистон.

Дар шароите, ки таҳаввулоти минтақаиву ҷаҳонӣ бо суръати бесобиқае дар ҷараён аст, ин сафар ба ақидаи ман, сирфан ташрифотӣ нест, балки нишондиҳандаи муҳосиботи роҳбурдии Покистон барои бозтаърифи нақши худ дар муъодилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ аст.

а) Мушорикати Покистон дар нерӯи ҳофизи сулҳи байни Исроилу Фаластини як дастоварди бузурге барои Покистон шумурда мешавад.

Покистон дар пайи он аст то ҳудуди даҳ ило понздаҳ ҳазор нерӯи низомиро ба унвони ҳофизи сулҳ миёни Исроилу Ғазза мустақар кунад. Исломобод ин иқдомро фурсате барои иртиқои ҷойгоҳи сиёсӣ ва дипломатии худ, бавижа дар ҷаҳони ислом ва кишварҳои ғарбӣ медонад. Гарчи ин тасмим як дастоварди бузург аст, аммо метавонад бо мухолифатҳои дохилӣ, печидагиҳои амниятии минтақа ва вокуниши манфии тарафҳои даргир низ мувоҷеҳ шавад.

б) Сарнавишти Имронхон ва суботи сиёсии Покистон.

Меҳвари дувуми музокирот, парвандаи Имронхон, нахуствазири собиқи Покистон аст. Осим Мунир хоҳони тарҳест, ки то Имронхон шадидан муҷозот шавад ва барои ҳамеша аз сиёсат канор биравад ва ба дунболи таъйини таклифи ниҳоии ӯст, ки Имронхон дигари натавонад барои Покистон мушкиле эҷод кунад. Ин масаъла аз он рӯ аҳамият дорад, ки бесуботии сиёсӣ дар Покистон метавонад пайомадҳои минтақаӣ дошта бошад. Амрико низ талош хоҳад кард аз ташдиди буҳрони дохилӣ ва табдили он ба як чолиши геополитикии ҷадид ҷилавгирӣ кунад.

в) Сарнавишти Афғонистон

Сеюмин меҳвари гуфтугуҳо вазъияти Афғонистон аст. Покистон мехоҳад дар мавзӯи Афғонистон, бахусус майдони ҳавоии Багром, ки амрикоиҳо алоқаманди он аст, нақш бозӣ кунад.

Ва Амрико Покистонро ба унвони ҳамсояи асаргузор дар таъомул бо Толибон шарики калидии худ медонад. Ҳамкорӣ дар ҳавзаи амният, мубориза бо тероризму мудирияти муҳоҷират аз ҷумлаи интизороти Вашингтон аз Исломобод аст.

Дар кул натиҷагирӣ:

Сафари Маршал Осим Мунир ба Амрико баёнгари талоши Покистон барои ифои нақши фаъол дар буҳронҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст, ки ин барои покистониҳо як дастоварди бузург аст. Талоше, ки метавонад ҷойгоҳи байналмилалии ин кишварро тақвият карда, ба мудирияти буҳрони дохилии Покистон кӯмак кунаду масири ҳамкорӣ дар парвандаи Афғонистонро ҳамвор созад.

Бо ин ҳол, муваффақияти ин раванд ба тавони дипломатии Покистону маҳорати он дар эҷоди тавозун миёни фишорҳои дохилӣ ва илзомоти байналмилалӣ вобаста аст, ки Осим Мунир бо ин сиёсат барандаи сарнавишти минтақа хоҳад буд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!