“Роҳбурди Шумо куҳна ва шикастхӯрда аст”
Манбаъ: сафҳаи X (Твиттер) - Ҷон Ачакзай, вазири пешини иттилооти Иёлати Балучистони Покистон
Бародари гиромӣ,
Шумо сиёсати мубтанӣ бар қавмиятро ноболиғ медонед, дар ҳоле ки руқабои шумо низ ҳамин суханонро такрор мекунанд, аммо дар амал сохтори як давлати такқавмиятиро дар Афғонистон бино мениҳанд.
Бо пазируфтани чорчӯби фикрии онҳо, Шумо дарси падари шаҳидатонро нодида мегиред: Ӯ “афғоният”-ро пазируфт, худро афғон номид ва аз арзишҳои фарогир дифо кард, аммо дар ниҳоят аз сӯи паштунҳо тард , мунзавӣ ва хиёнат шуд.
Шумо дар минтақае хокистарӣ фаъолият мекунед; мекӯшед паштунҳоро алайҳи муқовимат таҳрик накунед ё онҳоро ба сӯи Толибон савқ надиҳед. Аммо ин роҳбурд куҳна ва шикастхӯрда аст.
Дар тӯли таърих паштунҳо ҳамзистиеро, ки мусталзими вогузории султа ё тақсими қудрат дар як давлати чандқавмиятӣ бошад, напазируфтаанд. Онҳо қавмиятро бар адолату инсоф тарҷеҳ медиҳанд. Аз халқӣ ва парчамӣ гирифта то муҷоҳидину Толибон улгу равшан аст: қавмгароии паштунӣ ба унвони силоҳе алайҳи тоҷикҳо ва дигарон ба кор рафтааст - идеология дар дараҷаи дувум қарор дорад.
Бояд марзи равшане миёни мутаҷовизу ҳамзистии воқеӣ кашида шавад. Покистон низ бояд ҳамин марзро бо паштунҳои афғон тарсим кунад.
Ҳофизаи миллии Покистон захмҳои амиқеро бо худ дорад. Мо дар соли 1947 дар миёни кинатузии нухбагони ҳиндӣ мутаваллид шудем - осебпазиру захмхӯрда. Паштунҳои афғон аз ин вазъият сӯъистифода карданд; ҳамаи марзҳоро ба расмият шинохтанд ҷуз марзи мо - ва ҳанӯз ҳам муддаии хоки мо ҳастанд. Мо зинда мондем ва рушд кардем, аммо ҳамчунон бо таҳрикоти пружаи “Паштунстони бузург” ва нерӯҳои ниёбатӣ мувоҷеҳем.
Паштунҳои афғон ҳаргиз масъулияти рафтори худ бо Покистон ё ҳарҷу марҷеро, ки дар Афғонистон эҷод карданд, напазируфтаанд.
Дар талош барои асолату амалгроӣ - бо умед ба ҷудо кардани паштунҳои мунсиф аз Толибон - Шумо аз ҳақиқати аслӣ туфра меравед: ҳатто бидуни Толибон паштунҳо сохтори қудрати қавммеҳварро танҳо аз тариқи гуфтугӯ ва инсоф канор нахоҳанд гузошт.
Мо аз шумо намехоҳем, ки нафрати онҳо аз Покистон ё табониашон бо Ҳиндро поён диҳед. Мо ба дунболи шарокатҳои амалгароёна бо ғайрипаштунҳо ҳастем то султаҷӯии таҳоҷумии паштунҳоро маҳор кунем. Онҳо насли ҷадидеро алайҳи тоҷикҳо, дигар ақвому Покистон радикал кардаанд – ва паштунҳоро ба мутаҷовизи муштарак табдил кардаанд.
Бо дар назар гирифтани ин воқеият ба унвони бозтобе аз эҳсосоти насли ҷадид умедворам акнун дар шаклдиҳӣ ба ривоятҳои тавонмандсоз барои Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон нақш ифо кунед.
Дар ниҳоят, онҳо ҳамвора нақши қурбониро бозӣ мекунанд, дар ҳоле ки худ омили таҷовуз ҳастанд - ин ҳамон нусхаи классики Макиавелли аст.
Макиавелли ҳушдор медиҳад: ҳаргиз бо мутаққаллибон мунсифона бозӣ накун; инсоф қудратмандонро маҳдуд мекунад. Пирӯз аст, ки қонуну таърихро менависад. Ахлоқ танҳо пас аз тасбити қудрат маъно меёбад; то он замон бақо мусталзими хам кардан ё шикастани қавоид аст.
Пирӯзӣ, равишҳои худро “роҳбурд” меномад, на “тақаллуб”.
Барои ояндае равшан ва чашмандози шумо аз Афғонистони сулҳомез, ки дар он ҳамаи ақвом, аз ҷумла бо Покистон, дар ҳамзистӣ зиндагӣ кунанд.
Бо эҳтиром,
Ҷон Ачакзай,
шаҳрванди Покистон