“Агар афғон нестед, агар Афғонистонро ватани худ намедонед, пас аз ин хок берун шавед!”
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Ба бовари ман, ҳаштаги “Ман афғон нестам” аз дили як фазои сангини тарс зода шуд; замоне, ки як фарди афғон ё паштун, муртабит бо созмони СиАйЭй, дар иқдомии барномашуда муртакиби ҷиноят шуд ва дар пайванд бо он Доналд Трамп дастури бозбинии парвандаи тамоми касонеро содир кард, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба хоки он кишвар мунтақил шуда буданд.
Аммо ин ҳаштаг хеле зуд ҳақиқати пинҳон дар сӯи адолатхоҳиро ошкор сохт ва аз сатҳи як вокуниши лаҳзаӣ фаротар рафт ва ба шиори эътирозӣ барои ҳамаи огоҳони ғайриафғон бадал шуду баландии девори ҷудоӣ миёни афғонҳо ва ғайриафғонҳоро беш аз ҳар замони дигар табйин кард.
Ҳамзамон ин шиор ҳақиқати пинҳони дигарро низ нишон дод, ки дар паси ниқобҳои ҳазорчеҳраи нухбагони паштун ҳамеша вуҷуд доштааст. Ин ҷамоат солҳо бо лаҳни мулоим ва дар нақши “бародари бузург” аз “бародарӣ” мегуфтанд, аммо ҳақиқат нишон дод, ки дар жарфои зеҳнашон бартариҷӯии қавмӣ, расизму фашизми хашинро ҳамчуи ханҷари пинҳон нигаҳ медоштанд. Бахши бузурге аз инҳо ҳамонҳоеанд, ки аз баракати забону фарҳанги порсӣ босавод ва “соҳибқирон” шудаанд, вале дар робита ба султаи афғонӣ чун санги сахт афғону душмани дигар ақвом ҳастанд.
Акнун ин тоифаи афғонҳо барои “дифоъ” аз худ ҳамла мекунанду таърихро воруна месозанд ва ба додхоҳон мегӯянд:
“Агар афғон нестед, агар Афғонистонро ватани худ намедонед, пас аз ин хок берун шавед!”
Танзи талхи таърих дақиқан ҳамин ҷост:
Имрӯз фарзандони ҳамон ишғолгарон, ноқилону чаповулгарони заминҳои тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, пашшаиҳо ва даҳҳо қавми дигар, барои соҳибони аслии ин сарзамин нусха мепечанд ва ҳукм медиҳанд, ки “аз хонаи худ берун шавед”.
Посух сареҳ, қотеъ ва бераҳм аст:
“На; Мо намеравем. Ин шумо ҳастед, ки рӯзе аз манотиқи ишғолӣ берун ронда хоҳед шуд!”
Ва аммо ба он чеҳраҳои тоҷик ё ғайриафғон, ки сабукмағзона, бе он ки лаҳзае ба хуну ҳофизаи таърихӣ ва ҳувиятии қавмашон фикр кунанд, бедиранг фарёд заданд “Ман афғон ҳастам”, бояд гуфт:
“Шумо на намояндагони ҳувият, балки захмҳои чиркине ҳастед, ки шарафро дар пои маслиҳатҳои беарзиш қурбонӣ карда ва мекунед”.
Бо ин “даста” бояд ҳамон кард, ки муқовиматгарони аврупоӣ бо “душмани ёрон” ва “ҳамкорон” - и нозӣ дар даврони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ карданд: бояд онҳоро аз матни ҷомеъа ба ҳошияи нанг ронд ва бевақфа ифшояшон кард то чеҳраи ҳақиқии онҳо як лаҳза аз чашми мардум пинҳон намонад.
Ин даста аз афрод, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз дар баробари масолеҳи таърихӣ ва ҳувиятии ҷомеъаи худ истоданд, ба ҷои дашном, бояд бо нақди мустанаду равшангарии пайваста мавриди бозпурс қарор гиранд. Зарурӣ аст рафтору мавзегириҳои онон бо диққат таҳлил, сабт ва ба сурати мудовим ба чолиш кашонда шавад то ҷомеъа битавонад чеҳраи воқеии ононро ба унвони муддаиёни дуруғини қавмӣ ва ҷудошуда аз манофеъи ҷамъӣ бишносад.
Ин афрод бояд дар расонаҳо, маҷомеъи гуфтугӯи ҳавзаҳои тасмимгирии умумӣ канор гузошта шуда ва ба инзиво кашонда шаванд; инзивое, ки на аз сари интиқом, балки натиҷаи ошкор шудани воқеиятҳо ва фаҳми пайомадҳои рафторашон барои ҳувияти ҷамъӣ аст.