Меҳвари бозии пинҳони Толибону Покистон чист?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Намоиши тозаи “таҳвилдиҳии 800 узви Таҳрики Толибони Покистон ба Исломобод” дар идомаи ҳамон театри истихборотӣ аст, ки моҳҳо миёни Толибону Покистон ҷараён дорад; театре, ки ҳадафаш на рафъи таҳдид, балки тағйири шакли он ва мудирияти бардоштҳои берунӣ аст.
Иддаои дастгирӣ ва интиқоли якбораи садҳо ҷангҷӯ, бо тавваҷуҳ ба сохторҳои пароканда, кӯҳистонӣ ва печидаи ТТП, на аз назари иҷроӣ қобили бовар аст ва на аз назари истихборотӣ. Пурсиши аслӣ ҳамин аст: чӣ касе ин афродро боздошт кард? Чигуна чунин амалиёти азиме бидуни нашти иттилоотӣ, бидуни муқовимати шабака ва бидуни радгириҳои моҳвораӣ сурат гирифт? Дарвоқеъ ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки Толибон зерсохти аслии ТТП-ро ҳадаф қарор дода бошанд , бино бар ин, ин муомила бештар як “муомилаи намоишмеҳвар” аст, то иқдоми амниятии воқеӣ.
Агар фарз кунем бахше аз афрод воқеан таҳвил дода шуда бошанд, низ буҳрони бунёдӣ побарҷост. ТТП фақат дар Ҷанубу Шарқ фаъол нест; бахши аслии хатарноку истихборотии ин гуруҳ дар Шимолу Шимолшарқи Афғонистон мустақар шудаву Толибон ҳеҷ иродае барои барчидани ин бистар надоранд. Ҳазфи чандсад нафар, на шабакаи амалиётиро аз байн мебарад ва на зарфияти нуфузии онро коҳиш медиҳад. Афзун бар ин, ин иқдом мумкин аст вокуниши гуруҳҳои террористии дигарро барангезад; зеро ҳамаи ин шабакаҳо бо як “рӯҳияи муштараки зиддипокистонӣ” ва як “зистбуми идеологии воҳид” дар Афғонистон танаффус мекунанд. Ҳар гуна муомилаи гузинишии Толибон бо Исломобод, ин гуруҳҳоро машкук, беэътимод ва эҳтимолан таҳоҷумитар месозад.
Дар ин миёни Толибон талош доранд ин иқдомро ба унвони жести “ҳукуматдории масъулона” ва “қатъи вобастагӣ аз Покистон” ба ҷаҳон бифурӯшанд. Аммо воқеияти майдон ин аст, ки Покистон ҳеҷ гоҳ ҳозир намешавад Толибон аз мадори истихборотии Исломобод фосила бигиранд. Агар Толибон воқеани 800 узви ТТП-ро таҳвил дода бошанд, Покистон ба ҷои эътимоди бештар, акнун нигарон аст, ки Толибон ин дороиҳои стратегиро дар оянда дар ихтиёри бозигарони дигарӣ, бавижа руқабои Покистон қарор диҳанд. Ин ҷо ҳамон нуқтаи таниши пинҳон аст: Исломобод мехоҳад таҳдидро дар контроли худ дошта бошад, на дар контроли Толибон ё дигарон.
Боздошти чанд узви ТиТиПи тавассути Толибон бештари як “амалиёти саҳнасозӣ” аст то тағйир дар сиёсат. Толибон нерӯи аслии шабакаро на танҳо ҳадаф нагирифтаанд, балки бо дур кардани онон аз марз дар ҳоли иҷрои як нақшаи ҷадид анд: ҷобаҷоии таҳдид, на рафъи он.
Ин сиёсат кӯмак мекунад то Толибон ҳам таҳдидро ҳифз кунанд ва ҳам онро инкор кунанд; ҳам ба Покистон имтиёзи тактикӣ бидиҳанд, ҳам дар сатҳи минтақа вонамуд кунанд, ки “иродаи ҳамкорӣ” доранд. Покистон аз ин бозии дугона огоҳ асту дақиқан ба ҳамин далел эҳсос мекунад Толибон аз тавофуқоти хомӯши Давҳаву тафоҳумоти истихборотӣ фаротар рафтаанд ва дар пайи афзоиши истиқлоли ногаҳонии худ ҳастанд.
Дар ниҳоят, ин вазъият нишон медиҳад, ки Толибону Покистон ҳар ду дар як чорчӯби муштарак, аммо мутазод амал мекунанд: ҳар ду таҳдидро бузург месозанд ва ҳар ду аз таҳдид метарсанд; ҳар ду аз ТТП ба унвони абзори фишор истифода мекунанд ва ҳар ду вонамуд мекунанд, ки дар пайи ҳалли буҳронанд. Толибон аз “ибҳоми амниятӣ” ба унвони сутуни стратегии бақои худ баҳра мебаранду Покистон аз “буҳронсозии контролшуда” барои ҷалби ризояти Ғарбу машрӯъиятбахшӣ ба нақши минтақаии худ истифода мекунад.
Он чӣ акнун рух дода на нишонаи тағйири воқеӣ, балки бахше аз чархаи мудирияти таҳдид аст; чархае, ки на бунбаст миёни Толибону Покистонро мешиканад ва на хатароти амниятии минтақаро коҳиш медиҳад, балки танҳо онро дар қолаби ҷадиде бастабандӣ ва ба оянда партоб мекунад.