Хабари рӯз

Оё Ҷумҳурии Исломӣ дар лаби партгоҳ қарор дорад?

Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси умури минтақа (Афғонистон, Олмон)

Воқеъгароии сиёсӣ ҳукм мекунад, вақте раҳбари як низом бидонад, ки хуруҷ аз қудрат ба маънои зиндон рафтан ё таҳвили душман шудан аст, дар ин ҳолат гузинаи ақибнишинӣ ё мусолиҳа амалан ҳазф ва аз байн меравад. Дар Венесуэла парвандаи боздошти Мадуро ва ҳазфи ӯ аз қудрат, бақияи мақомоти Венесуэларо таҳти фишор қарор дод ва онҳоро ба бозигароне табдил кард, ки дигар чизе барои аз даст додан надоранд. Аз он лаҳза ба баъд, бақои раҳбарон комилан бо бақои низом гиреҳ хӯрд. Ин ҳамон нуқтае аст, ки сиёсати фишори хориҷӣ, нохоста ба сиёсати ҳабс дар қудрат табдил мешавад.

Агар ин таҷрибаро ба Эрон татбиқ диҳем, пайомади он бисёр амиқтар аст. Дар Эрон бар хилофи Венесуэла, сохтори қудрат чандлоя, аммо башиддат амниятӣ аст ва бахши муҳиме аз нухбагони ҳоким, ояндаи худро на дар бознишастагии сиёсӣ, балки дар масунияти қазоӣ мебинанд. Ҳар гуна таҳдиди сареҳ ба муҳокима, боздошт ё таъқиби байналмилалии раҳбарон, дар амал ин паёмро мунтақил мекунад, ки қудратро аз даст бидиҳед — озодии худро аз даст додаед.

Дар чорчӯби асли бақои режимҳо, чунин паёме асари маъкус дорад. Ба ҷойи шикофи дарунӣ, инсиҷом меоварад; ба ҷойи нармиш сарсахтӣ тавлид мекунад. Дақиқан ҳамон гуна, ки дар Венесуэла, артиш ва ниҳодҳои амниятӣ ба ин натиҷа расиданд, ки суқути Мадуро ба маънои оғози занҷираи боздоштҳост, дар Эрон низ таҳдиди мушобеҳ метавонад нухбагони миёнӣ ва амниятиро ба ин ҷамъбандӣ бирасонад, ки ҳеҷ ояндае берун аз низом барои онҳо мутасаввир нест.

Аз манзари амнияти инсонӣ, ин рӯйкард низ пайомадҳои сангин дорад. Вақте раҳбарон эҳсоси муҳосараи қазоӣ мекунанд, мантиқи ҳукумат аз мудирияти буҳрон ба бақои изтирорӣ тағйир меёбад. Дар чунин вазъият, ҷомеа дигар на шаҳрвандӣ, балки худ ба унвони мутағаййири амниятӣ талаққӣ мешавад. Эътирози иҷтимоӣ ба таҳдиди вуҷудӣ бозтаъриф мегардад, чунончи то кунун 20 ҳазор қурбонӣ гирифтааст, то ҷое ки саркуби муътаризин на як интихоб, балки зарурат ҷилва дода мешавад. Таҷрибаи Венесуэла нишон дод, ки таъқиби шахсии раҳбарӣ на танҳо ба коҳиши ранҷи мардум мунҷар нашуд, балки буҳрони инсониро музминтар кард.

Агар Трамп имрӯз таҷрибаи Мадуроро ёдоварӣ мекунад, маънои он дақиқан ҳамин аст: боздоштмеҳвар кардани буҳрон, роҳи хуруҷ барои сиёсат намесозад ва чӣ басо хатарнок хоҳад буд. Дар мантиқи равобити байналмилал, сиёсати муассир он аст, ки роҳи фирор боқӣ бигузорад. Раҳбароне, ки роҳи хуруҷ дошта бошанд, мумкин аст муомила кунанд; аммо раҳбароне, ки худро дар остонаи зиндон бибинанд, то охирин лаҳза муқовимат мекунанд. Ин қоидаест, ки аз Панама то Либӣ, аз Венесуэла то намунаҳои дигар, борҳо такрор шудааст.

Дар татбиқ бо Эрон, ин яъне ҳар сиёсате, ки ба таври аланӣ бар муҳокима, боздошт ё ҳазфи комили раҳбарони он таъкид кунад, эҳтимоли гузори камҳарҷро коҳиш медиҳад ва эҳтимоли радиколиза шудани ҳокимиятро афзоиш медиҳад. Чунончи Хоманаӣ дар охирин сухани худ аз он ёд кард, ин ба маънои дифоъ аз ҳукумат нест, балки тавсифи сард ва инсонии як воқеият дар равобити байналмилал аст: вақте қудратмандон эҳсос кунанд, ки ояндае ҷуз суқут ва зиндонӣ шудан надоранд, ҷомеаро низ бо худ ба лаби партгоҳ мебаранд.

Ба баёни инсонитар, таҷрибаи Мадуро ба мо мегӯяд, ки адолат бидуни сиёсат метавонад ба инсидоди сиёсат мунҷар шавад. Агар ҳадаф коҳиши ранҷи мардум ва гушодани уфуқи тағйир бошад, таҳдид ба боздошти раҳбарон — чӣ дар Венесуэла, чӣ дар Эрон — бештар аз он ки роҳгушо бошад, аксаран ғофилкунанда аст. Ин ҳамон дарсест, ки Трамп, огоҳона ё нохудогоҳ, бо ёдоварии Венесуэла ба он ишора мекунад.

Дида шавад, ки дар пайи охирин нишасти тими корӣ ва мушовирони амниятии Трамп, чӣ гузинае рӯи даст гирифта шудааст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!