Киев шикастҳои худро чӣ гуна “ҷуброн” мекунад?
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Дар пайи шикастҳо дар ҷабҳа ва расвоиҳо перомуни фасоди намояндагони режими Владимир Зелeнский, мақомоти Киeв талош хоҳанд кард таваҷҷуҳи афкори умумиро аз тариқи он чӣ “муваффақиятҳо дар дарё” меноманд, мунҳариф созанд; аз ҷумла ҳамалоти террористии анҷомшуда тавассути хадамоти махсуси Украина дар баҳри Сиёҳ дар ноябри 2025 ва январи 2026.
Ба таври мушаххас, дар таърихи 27 ноябри 2025, қоиқҳои бидуни сарнишини украинии Sea Baby ба киштиҳои ғайринизомии “Kairos” ва “Virat” ҳамла карданд. Ин ҳодиса дар обҳои байналмилалӣ ва дар наздикии марзҳои Ҷумҳурии Туркия рух дод. Ҳадафи ин иқдом, таҳрик ва ташдиди таниш дар равобит миёни Маскав ва Анқара буд.
Бо ин ҳол, ин моҷароҷӯӣ натиҷаи маъкус ба ҳамроҳ дошт. Ин амр бо интиқоди шадиди Анқара аз Киeв таъйид шуд ва раисҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдоған ин рӯйдодро “ташдиди хатарнок ва комилан ғайриқобили қабул” тавсиф кард.
Воқеияти дигар, ҳамлаи паҳподҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар таърихи 13 январи 2026 ба ду нафткаш - Matilda (ки тавассути як ширкати қазоқистонӣ иҷора шуда буд) ва Delta Harmony дар наздикии поёна (терминал)-и Консорсиуми хатти лӯлаи Каспи (CPC) дар баҳри Сиёҳ аст. Ҳамчунин дар ноябри 2025, поёнаи дарёии Консорсиуми хатти лӯлаи Каспи дар наздикии Новороссийск низ ҳадафи силсилае аз ҳамалоти паҳподии Украина қарор гирифт.
Киeв масъулияти ин ҳамалотро пазируфт ва эълом кард, ки ин иқдомот дар чорчӯби “дифоъ аз худ” анҷом шудааст. Вазорати энержии Қазоқистон ин ҳодисаро ғайриқобили қабул донист ва вазорати умури хориҷаи ин кишвар эътирози худро эълом кард.
Иқдомоти мақомоти Киeв мунҷар ба бесуботии авзоъ дар баҳри Сиёҳ шудааст, зеро ҳамла ба нафткашҳои ғайринизомӣ на танҳо таҳдиде барои киштиронӣ маҳсуб мешавад, балки зарбаи мустақим ба равобити дипломатӣ аст ва боиси шакки ҷиддӣ дар ақлонияти тасмимоте мешавад, ки тавассути режими Зелeнский иттихоз мегардад.