Тарси он вуҷуд дорад, ки Амрико ин меҳвари аслии шарорат, бо идомаи девонавори сиёсати гегемонияталабӣ, буҳрони Украинаро то он ҷо амиқ карда ва оташи ҷангро ончунон шӯълавартар намояд, ки дуди он чашмони тамоми мардуми ҷаҳон ва бештар аз ҳама чашмони аврупоиён - муттаҳидон ва думболаравони Амрикоро кӯртар кунад.
Нависанда: Исмоили Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)
"...Ҷаҳон дар баробари чашмони мо ба таври ғайри қобили баргаште дар ҳоли тағйир буда ва ба ноҳинҷориҳои гузашта боз нахоҳад гашт. Мо сабр нахоҳем кард то дунёи ҷадид бидуни иродаи мо ва миллатҳои дигар шакл бигирад... Ҳаққи иттико ба худ, ҳаққи доштани истиқлоли иқтисодӣ, ҳаққи доштани фанноварӣ ва худкифоии иқтисодӣ бо шароити баробар, ҳаққи тамоми мардум рӯи замин аст..."
Инҳо нукоти барҷастае аз изҳороти равшану таърихии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аст, ки ҳамвора ва бор-бор тайи суханрониҳои таърихиаш ба баён оварда ва ахиран дар остонаи яксолагии ҷанги Украина ҳам ба наҳве ва бо қотеъияти бештар ба забон овард. Ин изҳорот, ки навиддиҳандаи сарнавишти оянда ва тағайюри қудратҳо дар ҷаҳон аст, бо истиқболи гарми гурӯҳҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар дохили Русияву кишварҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст.
Бархӯрдҳои гуногун ва ноҳамгуни кишварҳои ҷаҳон дар ҳодисаи Украина тайи як соли гузашта ба сароҳат нишон дод, ки ҷаҳони мо дар роҳи тағйироти бунёдӣ ва навин аст. Назми навини ҷаҳоние, ки ба ибтикори Русия, Чин ва Ҳиндустон дар ҳоли шаклгирии таърихӣ аст, ба қулдуриҳо, зӯргӯиҳо ва яккатозиҳои Амрико, ки муддатҳост Аврупоро ҳам бо зӯру таҳдид ба думболи худ кашондааст, барои абад хотима хоҳад дод.
Ҷанги Русия дар Украина, дар воқеъ ҷанг дар баробари Амрикои зӯргуст, дар баробари кишваре, ки гоҳе бо истифода аз ҳукмронии молии доллараш бар иқтисоди ҷаҳонӣ, кишвар ё кишварҳоеро ба зону даровардааст ва замоне бо зӯри низомиаш ба баҳонаҳои гунагун, ироқӣ, либиёӣ, венезуэлоӣ, Сурия ё афғонистониро музмаҳил ва бечора месозад.
Гегемонияталабӣ, зӯргӯӣ ва зиёдахоҳиҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, умдатарин омили барҳам хӯрдани назми ҷаҳонӣ ва пешрафти сулҳомези башарият аст.
Ҳақоиқ ва шавоҳиди таърихӣ собит месозад, ки тайи 120 соли ахир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бетаваҷҷуҳ ба тамоми нормаҳо, қавонин, маншурҳо ва муоҳидоти байналмилалӣ, бор-бор ба баҳонае буҳрон ё даргириеро дар як нуқтаи ҷаҳон эҷод карда, ва ё ҳатто бо истифода аз зӯр, низоми давлатеро сарнагун кардааст.
Танҳо пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум, Амрико барои сарнагунии беш аз 50 ҳукумати мунтахаб талош намуда, кам аз кам дар умури интихоботи беш аз 30 мамлакат мудохилаи мустақим карда ва дар талоши мустақим барои куштани беш аз 50 раҳбари ҷаҳон даст доштааст. Тамоми ин дахолатҳо ва талошҳо барои судҷӯии бештар ва таҳкиму таҳаққуқи ҳамон гегемония ва оқоӣ бар ҷаҳон сурат гирифтааст.
Набарди пешгиронаи Русия дар баробари идома ва густариши зӯргӯиҳои бесарҳади Амрико, тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба ин тафаккур ва такопӯ водоштааст то ҳама бо ҳам биандешанд, ки чаро бояд ҷаҳон тавассути танҳо як қудрати бузург ва тасаллути биломунозиъаи системаи молии доллар бар тамоми раванди додуситади иқтисоди ҷаҳон, идораву контрол шавад? Чаро набояд ҷаҳони мо тавассути як сохтори солимтар ва одилонатаре идораву танзим нагардад?
Ҳузури қудратманди Чин, Русия, Ҳиндустон ва Бразилия дар муъодилот ва муомилоти иқтисодӣ - амниятии ҷаҳон, акнун барои тамоми кишварҳое, ки озодӣ ва худиродияти воқеӣ мехоҳанд ин имконро баробар кардааст то бо илҳом аз Чин, Русия, Эрон, Сурия, Венэсуела, Куба ва дигар кишварҳои пархошгар, далерона дар муқобили яккатозӣ ва зӯргӯӣ боистанд ва ҳаргиз ба Амрикои ҷаҳонхор таслим нашаванд.
Ҳақоиқ нишон медиҳад, ки Чину Русия барои истиқрори назми навини чандқутбӣ, одилона ва демократӣ мустақиман бо ҳам ҳамкорӣ карда ва бо матонату ҷиддият дӯшодӯши ҳам ба пеш гом мегузоранд.
Ҳар ду кишвар ҳамгом бо Ҳиндустон, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, Туркия, Эрон, кишварҳои қудратманди арабӣ, африқоӣ ва Амрикои Лотин саъй бар он доранд, то ҷаҳонро аз зери тасаллути истисморгарона ва зӯргуёнаи молӣ, сиёсӣ, низомии Амрико раҳоӣ бахшида, назми одилонатари молӣ - сиёсӣ дар ҷаҳон барқарор намоянд.
Қудратнамоиҳои низомӣ-амниятии Русия дар саҳнаи ҷаҳонӣ (бахусус дар ҳаводиси саркӯби ДОИШ дар Сурия ва боздорӣ аз нуфузи НАТО дар Украина) ва баробар ба он поён додани даврони инҳисори илмӣ - технологии Амрико ва муттаҳидинаш дар ҷаҳон тавассути Чин, хатми таърихи сиёҳи ҷаҳони такқутбӣ ва тасаллути сеқарнаи Аврупо ва Амрико бар сарнавишт ҷаҳонро рақам хоҳад зад.
Амрико, ки бо сархӯрдагиҳои солҳои ахир (расвоиҳои интихобот, ҳуҷуми мӯътаризони амрикоӣ ба кохи Конгресс ва хурӯҷи ғайримасъулона аз Афғонистон ва таслим додани қудрат ба Толибони террорист) гегемония ва эътибори ҷаҳониашро дар хатар медид, ин бор саъй намуд то бо бесубот кардани душмани аслии худ Русияи федералӣ ва шояд ҳам баъдан бесубот кардани Чин аз тариқи Тайван, ҳамон гегемонияи серинопазири худро дубора сероб кунад, ки ман фикр мекунам, таҳаққуқи ин орзуҳо номумкин ва ғайриамалист. Зеро ҳам Амрико дигар он тавони иқтисодии дирӯзро надорад ва ҳам руқабои ҷаҳонии Амрико чун Чин, Русия, Эрон, Ҳиндустон ва Бразилия ҳоло аз қудрати боздорандаи бузурги иқтисодӣ ва низомӣ бархурдор шудаанд.
Тарси он вуҷуд дорад, ки Амрико ин меҳвари аслии шарорат, бо идомаи девонавори сиёсати гегемонияталабӣ, буҳрони Украинаро то он ҷо амиқ карда ва оташи ҷангро ончунон шӯълавартар намояд, ки дуди он чашмони тамоми мардуми ҷаҳон ва бештар аз ҳама чашмони аврупоиён - муттаҳидон ва думболаравони Амрикоро кӯртар кунад.