Иттиҳоде, ки ба зӯри истихбороти хориҷӣ бино шуд, аммо ба чизе даст наёфт.
Нависанда: Муҳаммад Абдуллоҳ, махсус барои “Сангар”
1 январи 1994 оғози яке аз наҳстарин давраҳои таърихи муосири Афғонистон аст, ки даҳҳо ҳазор қурбонӣ, садҳо ҳазор овораву вайрониҳову осебҳои ҷуброннопазир дар пай дошт.
Баъд аз суқути ҳукумати Ҳизби Ватан (Ҳизби Демократики Халқ) ба раҳбарии доктор Наҷиб ва рӯи кор омадани давлати муҷоҳидин ба раҳбарии Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ дар 28 апрели 1993, Афғонистон барои чанд ҳафта вазъияти ором дошт, аммо тарокуми нерӯҳои мусаллаҳи ҷиҳодӣ дар пойтахт оромиши пеш аз тӯфонро монанд буд, зеро пеш аз 28 апрел нерӯҳои Ҳизби Исломии Гулбуддин Ҳикматёр тавассути нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳ Масъуд аз шаҳри Кобул берун ронда шуда буданду талафотии ҷонӣ низ ба тарафайн ворид гардида буд.
Дар нахустин ҳафтаҳои зимомдории Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ Ҳизби Ваҳдати исломӣ ба раҳбарии Абдулалӣ Мазорӣ ҷангҳоеро дар соҳоти Деҳбурӣ, Кӯтаи Сангӣ, Кортаи Чаҳору манотиқи перомуни онҳо оғоз карданд, ки дар натиҷа шумори зиёде аз нерӯҳои Иттиҳоди исломӣ ба раҳбарии Абдулраб Расул Сайёфро ба қатл расонданд ва бар нерӯҳои Комиссиюни муваззафи амниятӣ низ ҳамлавар шуданд, ки танишҳо ба зудӣ хомӯш гардид.
Дар нахустин ҳафтаҳои моҳи апрели он сол нерӯҳои Абдулалӣ Мазорӣ ҳамалоти густардаро болои нерӯҳои атрофашон дар ғарби Кобулу манотиқи Пули Ортал, синамои Помир ва чанд ҷои дигар оғоз карданд, ки ҷараёни ҷанг ба васотати ҳайатҳои мусолиҳа хомӯш шуд, аммо боздошти шаҳрвандони ғайриҳазора ва бавижа паштунҳо тавассути нерӯҳои Ҳизби ваҳдат дар манотиқи ғарби Кобул оғоз гардид ва идома ёфт. (1)
Ҳикматёр тайёраи ҳомили Сибғатуллоҳ Муҷаддадиро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод, ки сабаби тахриби тайёраи Боинг гардид, аммо ба сарнишинон осеб нарасид. (2)
Нерӯҳои таҳти фармони Абдурашид Дӯстум, Расул Паҳлавон, Ғаффор Паҳлавон ва шуморе аз соҳибмансабони нерӯҳои ҳукумати пешин дар соҳоти Болоҳисори Кобул, Теппаи Маранҷон, Майдони ҳавоии Кобул, Қасабаи Хонасозӣ ва чанд маҳалли дигари пойтахт мустақар буданд ва нерӯҳои таҳти амри Сайид Мансур Нодирӣ дар соҳоти Тайманӣ ва Таҳияи Маскани Кобул қароргоҳ доштанд, ки ҳар аз гоҳе дар манотиқи перомуниашон ва бавижа дар манотиқи микрорайони куҳнаву наздикиҳои Ҷодаи Майванд ба зӯргирӣ, сирқати мусаллаҳона ва боздоштҳо иқдом мекарданд.
Дар даҳаи аввали моҳи май ҳамалоти рокетии Ҳикматёр (нахуствазири давлати муҷоҳидин) бар шаҳри Кобул оғоз гардид, ки баъд аз сипарӣ шудани муддати кори думоҳаи Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ ва оғози кори Бурҳонуддини Раббонӣ ҳамалоти ракетии Гулбуддин Ҳикматёр идома дошт ва шиддат гирифт. (3)
Гулбуддин Ҳикматёр мавҷудияти генерал Бобаҷон, генарал Дӯстум, малишаҳои шимолу афроди давлати Наҷиб дар Давлати исломиро баҳона барои ҳамалоти ракетиву масдуд кардани роҳҳои шаҳри Кобул унвон мекард ва Абдулалӣ Мазорӣ чандин баҳона барои идомаи ҷанг меовард. (4)
Абдулалӣ Мазорӣ ва Ҳикматёр ба васотати Эрону Покистон нишастҳое доштанд ва ба эътилофҳое даст ёфтанд, ки дар тирамоҳи соли 1993 ҳамалоти муштаракро бар мавозеъи давлат дар ғарби Кобул анҷом доданду соҳоти Доруламон ва Деҳдоно то сафорати Русия ба тасарруфи нерӯҳои Гулбуддин Ҳикматёру Абдулалӣ Мазорӣ даромад ва арозии ҳар ду ҷараён ба ҳам васл гардид. Нерӯҳои Ҳикматёр ба ҳимояти нерӯҳои Абдулалӣ Мазорӣ дар манотиқи шимолу ғарбии шаҳри Кобулу иртифооти Афшор низ мустақар шуданд. (5)
Ҳамзамон бар он ҷанг дар ҷумҳуриятҳои озодшуда аз Шуравии вақт шуълавар буд, ки шуморе аз танзимҳои ҷиҳодӣ (Иттиҳоди исломӣ ва Ҳизби Исломӣ ба раҳбарии Ҳикматёр) бо эъзоми нерӯ ва “ҳимоят аз ҷиҳодгарони араб” дар фикри густариши ҷиҳод буданду ҷангҳое дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва баъзе ҷумҳуриятҳои Шӯравии собиқ ҳимоят мекарданд.
Гулбуддин Ҳикматёр чандин маркази савқу идора дар Эрон ва бавижа дар шаҳри Машҳад дошт, ки умури ҷалб, ҷазб, инсиҷом ва ирсоли нерӯи башарӣ ба ҷангҳои Озарбойҷон дар он марокиз мудирият мешуд.
Ва раҳбарии нерӯҳо дар Озарбойҷонро Ваҳидуллоҳ Сабовун, раиси иттилооти Ҳизби Исломӣ ӯҳдадор буд. (6)
Кишварҳои минтақа, бавижа Эрону Покистон, бо тавваҷуҳ ба нуфузе, ки доштанд, миёни Ҳизби Исломӣ ба раҳбарии Гулбуддин Ҳикматёр, Ваҳдати исломӣ ба раҳбарии Абдулали Мазорӣ, Ҷунбиши исломӣ ба раҳбарии Абдурашид Дӯстум ва Наҷоти миллӣ ба раҳбарии Сибғатуллоҳ Муҷаддадиро зери унвони Шӯрои ҳамоҳангӣ шакл доданд ва муоҳидаи миёни онҳо дар Боку, пойтахти Озарбойҷон имзо шуд.
Инҷинер Насим Маҳдӣ ва Ҳумоюн Ҷарир ба намояндагӣ аз Ҳикматёр, генерал Малик ва Абдуқодир Дӯстум ба намояндагии Абдурашид Дӯстум, Муҳаммад Карим Халилӣ ва доктор Толиб ба намояндагӣ аз Абдулалӣ Мазорӣ, Ҳашмат Муҷаддадӣ ва ***** Шаҳид ба намояндагӣ аз Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ аз ҷумлаи фаъолини музокироту тими пешбарандаи умури Шӯрои ҳамоҳангӣ буданд.
Ин Эътилоф дар 1 январи 1994 иқдоми низомии тамомайёрро ба манзури сарнагунии Давлати исломӣ ба раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ дар пойтахту шимоли кишвар оғоз кард, ки ба номи кудатои Шӯрои ҳамоҳангӣ мавсум гардид.
Аъзои Шӯрои ҳамоҳангӣ дар пойтахт муваффақ ба тасарруфи соҳоти таҳти контроли давлат нашуданд ва дар шуморе аз марокизашон, монанди Майдони ҳавоии Кобулу атрофи он, Тайманӣ, Таҳияи маскан ва баъзе марокизи дохили шаҳр саркӯб низ гардиданд.
Шӯрои ҳамоҳангӣ дар шимоли кишвар манотиқи зиёдеро аз Форёб ило Бағлону ҳумаи шаҳри Қундуз тасарруф кард, ки ҷангҳои хунин дар он манотиқ оғоз гардид.
Шӯрои ҳамоҳангӣ иқдом ба чопи пул кард, ки Ҳикматёр аз адреси нахуствазир, Карими Халилӣ аз адреси вазири молия ва Ғулом Муҳаммад Яйлоқӣ аз адреси вазири тиҷорати Давлати исломӣ “машрӯъиятдиҳанда”-и чопи банкотҳои мазкур буданд, ки ба номи пули ҷунбишӣ машҳур буду миёни муталифин тақсим мешуд.
Баъд аз фирори Ҳикматёр аз Кобул ва кушта шудани Абдулалӣ Мазорӣ тавассути Толибон дар марти 1995 Шӯрои ҳамоҳангӣ аз байн рафт, аммо нерӯҳои Ҳизби Ваҳдат дар шимоли кишвар ҳамчун зермаҷмӯъаи Ҷунбиши исломӣ ва ё мутталифи Ҷунбиш то суқути шимол ба дасти Толибон ҳузур доштанд.
ПАЙНАВИШТ:
1 - Шаҳрвандони зиёде ба баҳонаҳои мухталиф тавассути нерӯҳои Абдулалии Мазорӣ дар ғарби Кобулу Афшор боздошт шуд ва бисёриашон лодарак гардиданду достони талаффузи “қурут” (крут) яке аз ёдвораҳои он давра аст.
2 - Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ ҳамла ба тайёраи ҳомилашро дар конфронси матбуотӣ маҳкум карду Гулбуддин Ҳикматёрро бо алфози ракик омили қазия донист.
3 - Дар файсалаи танзимҳои ҷиҳодӣ мансаби нахуствазирӣ ба Ҳизби Исломӣ тафвиз шуда буд, ки Ҳикматёр як тан аз фармондеҳонаш ба исми устод Фаридро таъйин кард, аммо дар мавҷудияти вай дар садорат бар Кобул файр мекард.
4 - Абдулалӣ Мазорӣ генерал Худойдоди ҳазораро ба ҳайси вазири амният муаррифӣ карда буд, ки бо мухолифати шадиди соири танзимҳои ҷиҳодии аҳли ташайюъ мувоҷеҳ гардид ва яке аз баҳонаҳои ҷанг алайҳи давлати вақт гардид.
5 - Дар пайи тасарруфи манотиқи Доруламон садҳо тан аз нерӯҳои таҳти амри Аҳмадшоҳ Масъуд тавассути нерӯҳои Ҳикматёру Абдулалӣ Мазорӣ кушта, асир ва нопадид шуданд.
6 - Даҳҳо ҳазор аз нерӯҳои ҷиҳодии Афғонистон ва ҷиҳодгарони арабӣ, минҳайси нерӯи пиёданизом дар ҷангҳои даҳаи 90-и милодии Озарбойҷон алайҳи Арманистон иштирок карданд, ки танзиму раҳбарии онҳоро дафотири Ҳизби Исломӣ дар шаҳри Машҳади Эрон ӯҳдадор буд.
7 - Ин навиштаи фишурда дар ҳадди ёдоварии он ҳаводис хунин аст, ки мустанадоти мактубу мусоҳибаҳои зиёде дар ин бора мавҷуд аст ва пажӯҳишгарон метавонанд аз онҳо истифода кунанд.