Гегемонияи қавмӣ ва ҷобаҷоии Толибони покистонӣ дар Афғонистон чӣ гуна таҳаққуқ меёбад?
Нависанда: Ҳазрат Нангарҳорӣ, махсус барои “Сангар”
Дар акс: намое аз канали Қӯштеппа (3D) дар шимоли Афғонистон, ки қарор аст дар ду канораш паштунҳои Покистон ҷобаҷо карда шаванд
Ин матлаб 9 марти соли равон дар вебсайти “Сангар” ба нашр расид ва он чӣ дар он гуфта шуда буд, таҳаққуқ пайдо кард.
“Паштунсозии Афғонистон”: Толибону Покистон чӣ нақша доранд?
Ашраф Ғанӣ барои ин ки тоҷик, ҳазора ва ӯзбекро аз қудрат ҳазф ва ҳукуматро аз назари қавмӣ комилан такқавмӣ кунад, ҳукуматро ба Толибон сипурд. Ин марҳалаи аввал буд.
Феълан ин проект ба марҳалаи дувум расидааст. Дар марҳалаи дувум, сарони сиёсӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии қавми паштун аз Толибон ҳимояти сиёсӣ мекунанд (як намунааш ҳамин овозхон Нағма аст) то проект ба марҳалаи севум ва ниҳоии худ бирасад.
Марҳалаи севум, марҳалаи машрӯъиятбахшии намодин аст, ки Толибон ва дигар сарони сиёсии қавми паштун бо ҳам сулҳ мекунанд ва гегемонияву султаи қавмӣ аз назари низомиву сиёсӣ такмил мешавад.
Аз ахбори расонаҳои ғарбӣ ва он чӣ дар дохили Афғонистон мегузарад, метавон натиҷа гирифт, ки Мулло Яъқуб, вазири дифоъ, бо ҳимояти Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон, қудратро дар Афғонистон ба даст мегирад, зеро Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари кунунӣ ва “амирулмуъминин”-и ин гурӯҳ вуҷуд надорад ва дар сурати вуҷуд доштанаш ҳам, бояд қудратро ба писари Мулло Умар, бунёнгузори Толибон таслим диҳад. Дасти кам расонаҳои таҳти амри Амрико ва Ғарб дар ин маврид бузургнамоӣ ва фазосозӣ мекунанд. Ин раванд эҳтимолан бо сари қудрат омадани Мулло Яъқуб ва ба расмият шинохтани Толибон аз сӯи Амрико ва думравонаш анҷом меёбад.
“Амири Шабаҳ”: оё Ҳайбатуллоҳ вуҷуд дорад?
Пас аз такмили ин се марҳала, татбиқи маншури сақовии дувум зери номи проектҳои сохтусоз оғоз мешавад, ки ҳадаф аз ин проектҳо, интиқоли афроди қавм паштун дар самти шимол, тасарруфи сарзаминҳои мардуми тоҷику ӯзбек ва кӯчи иҷбории онҳо аст. Ин проект ҳамин акнун шурӯъ шуда, аммо дар ояндаи наздик боқувваттар ва мунсаҷимтар амалӣ мешавад.
Толибон бо Покистон рӯи ин тавофуқ кор мекунанд, ки Толибони Покистон (ки аксаран ҳамон паштунҳо – афғонҳо ҳастанд) дар Афғонистон, ба вежа дар марзҳои Афғонистон, аз ҷумла дар марзҳои Шимолу Ғарб ҷо ба ҷо шаванд, аммо бо ин шарт, ки ҳазинаи проектҳои ҷобаҷоӣ ва сохтани шаҳракҳо барои онҳоро ҳукумати Покистон бояд бипардозад.
Амалан Покистон аз паштунҳои хашин ва барояш хатарнок халос мешавад, аз сӯи дигар, Толибон – паштунҳои Афғонистон – кишварро пурра аз нуқтаи назари физикӣ “афғонӣ” мекунанд ва нуфуси худро ҳам аз ҳисоби овардани паштунҳои покистонӣ ва ҳам рондани ғайрипаштунҳо аз сарзаминҳои обоиашон зиёд мекунанд. Барномае, ки ҳудуди 100 сол ба ин сӯ дар ҷараён аст...
Агар ин тавофуқи байни Толибон ва ҳукумати Покистон таҳаққуқ пайдо бикунад, вазъият на танҳо дар Афғонистон барои ақвоми тоҷик, ӯзбек ва ҳазора сахту печида мешавад, ҳатто барои кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъият ҳушдордиҳанда мешавад.
Зеро Толибони покистонӣ, ки аз қавми паштун ҳастанд, Толибони Афғонистон мехоҳанд онҳоро дар проекти Қӯштеппа ва дигар манотиқи марзӣ ҷо ба ҷо кунанд. Толибони Афғонистон аз як тараф мехоҳанд гегемонияи қавмии худро дар самти шимол ва марзҳои шимоли Афғонистон бештар кунанд ва аз тарафи дигар мехоҳанд марзҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ноамн кунанд ва дар марзҳо лонаҳову ошёнаҳои террористӣ эҷод кунанд ва дар сурати зарурат аз ин лонаҳои террористӣ, афроди тундрав ва интиҳорӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид кунанд.
Мақомоти Толибон расман интиқоли ҷангҷуёни Таҳрики Толибони Покистон (TTP) ба шимоли Афғонистонро таъйид карданд. Ахиран расонаҳо аз ҷобаҷоии 120 хонаводаи ҷангиёни ТТП дар вилояти Тахор дар марзи Тоҷикистон хабар доданд. Возеҳ аст, ки ситезаҷуёни ТТП ба кишоварзӣ машғул нахоҳанд шуд. Онҳо барои саркӯби муқовамат дохилӣ ва ҳамла ба кишварҳои Осиёи марказӣ омода мешаванд. Сохти шаҳракҳо дар имтидоди канали Қӯштеппа бахше аз ин тарҳ аст. Ба таври куллӣ, проекти интиқоли ҷобаҷоии ҷангиёни ТТП ва паштунҳои покистонӣ ба Шимолро Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон раҳбарӣ мекунад ва сармоягузории онро кишварҳои хориҷӣ, қабл аз ҳама, Қатар ба дӯш доранд.
Cироҷуддин Ҳаққонӣ - мудири проекти паштунсозии Шимол
Як суол халқ мешавад: агар чунин шавад, ғайрипаштунҳо – тоҷик, ӯзбек ва ҳазора куҷо бираванд? Гумони инҷониб ин аст, ки онҳо бояд бо корвони террористони ҳозир дар Афғонистон, ки дар созмонҳое, назири Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ ва ғайра ҷамъ омадаанд, бо шиорҳои “Озодии Бухоро – маркази ислому дин” ва ғайра роҳи Осиёи Марказиро пеш гиранд.
Дуруст ҳамон чизе, ки Мулло Умар, раҳбари Толибон, замоне гуфта буд: “Тоҷик ба Тоҷикистон, ӯзбек ба Ӯзбекистон ва ҳазора ба Муғулистон биравад!”
Дарвоқеъ, паштун-афғонҳо аҷаб тарҳҳое дар сар мепарваранд ё ин тарҳҳо дар сари онҳо аз сӯи хоҷагони ғарбиву покистониашон парваронида мешаванд...
Мардуми бумии Афғонистон дар ин шароит чорае надоранд ва ногузиранд барои ҳифзи сарзаминашон вориди муқовимату як ҷанги муқаддас ва дифоъи худӣ шаванд.
Амрикову Ғарб дар ҷанги Украина шикаст хӯрданд. Метавон натиҷа гирифт, ки эҷоди "ҷабҳаи ҷанубӣ" алайҳи Русия ба шиддат дар ҳоли анҷом аст ва барои ин ки дар ин масир шикаст нахӯранд, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар минтақа - Покистону Толибон - ба таври ҷиддӣ вориди амал шудаанд, то тавофуқи ҳосилшуда дар Доҳа (2020) – ро ба иҷро расонанд.