Хабари рӯз

Чаро шуморе ба Аҳмад Масъуд чаққа шудаанд?

Нависанда: Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ва ҳоло раҳбари “Ҷунбиши ҳамгароии миллатҳои Қалби Осиё”

Ҳудуд ду даҳа мешавад бо эшон аз наздик ошноӣ ва дӯсти дорам метавонам бигӯям, аз ӯ шинохти хубе дорам. Ӯ дар канори суроғаи сиёсии барҷастаи падараш аз адаб, хирад, ҳуш, истеъдоди саршор, шахсияти ҷаззоби иҷтимоӣ ва тавонамандиҳои иртибототии бисёр болое бархӯрдор аст. Беҳтарин вежагии як раҳбар диду дарки дуруст аз ҳадаф, хирад ва ҳуши иҷтимоӣ ва иртибототӣ аст, ки ӯ ба хубӣ дорад ва медонад куҷо, бо кӣ, дар бора чӣ ва чӣ гуна ҳарф бизанад.

Барои ҳамин дар муддати кӯтоҳ на танҳо дар майдони низомӣ худро ба унвони раҳбари муқовимат ва ягона ҳарифи Толибон муаррифӣ кард, балки майдони сиёсатро низ аз бисёре аз раҳбарони суннатӣ ва майдони амалро аз нухбагони маснӯии сохти Ғанӣ ва сохти истихборотҳо гирифт. Тамоми ҳунари раҳбарони суннатӣ доштани суроғаи ҳувияти сиёсӣ ва низомии муқовимат ва мубтанӣ бар он пойгоҳи иҷтимоӣ ва равобити хориҷиашон буд, ки ин се суроғаро Аҳмад Масъуд ба хубӣ аз онҳо гирифтааст. Тамоми ҳунару камоли ҷавонони сохти Ғанӣ низ таҳсилоти донишгоҳӣ, ошноӣ бо Ғарб ва маҳорати сӯҳбат ба забони англисӣ аст, аммо Аҳмад Масъуд ба далели таҳсил дар Ғарб ва тасаллут бар забони англисӣ ин майдонро ҳам аз онҳо гирифтааст.

Барои ин ки бидонед чаро ҳаракати Масъуди Дувум ҳасодати бисёриҳоро барангехтааст, бояд ба нукоти фавқ таваҷҷуҳ кард. Он дастовардҳо ҳасодати бисёриҳоро бар ангехтааст. Мутаасифона, душман ё ҳатто шуморе аз дӯстон аз рӯи кӯтаҳфикрӣ ба ҷои тамаркузи рӯи дарки душвориҳо, шинохти моҳияти душман ва умқи фоҷиа пайваста ӯро тхриб мекунанд, ки ин як навъ об андохтан ба осиёби душман аст. Мардум бояд қадри зиндаҳоро бидонанд. Ӯ як ганҷи гаронбаҳост. Набояд аз ӯ интизори мӯъҷиза дошт. Ӯ дар ду соли гузашта бо камтарин имконот ва ҳимоят беҳтар аз ҳама раҳбарони суннатӣ дурахшид.

Ҳузури ӯ чунон муассир буд, ки манобеъи хориҷӣ дар баробари ӯ даст ба сарбозгирӣ ва ташкили ҷабаҳоти ҷадид заданд. Барои ҳамин ҳатто навиштан дар пайванд ба шуҳадои ахир бароям душвор будааст. Аз як сӯ, шаҳодати мазлумонаи ин ҷавонмардон дар як набарди нобаробар, аммо аз сӯи дигар маҷбурияти онҳо барои пайравӣ аз аносир ва ҷабаҳоти маҷҳулулҳуввият дардовар аст. Таваҷҷуҳ ба ин масъала аз ду дид барои мардуми мо муҳим ва ҳаётӣ аст: аввалан, ба гунае, ки ҳама медонем, ним садаи қурбонӣ ва дастовардҳои мардуми мо на фақат тавассути душман, балки бештар тавассути аносири маҷҳулулҳувият ва нуфузи истихборотҳо аз байн рафт.

Дар оянда ҳам адами таваҷҷуҳ ба ин масъала метавонад муқовимат ва қурбониҳои мардуми моро ба ҳадар диҳад. Дувум, Аҳмад Масъуд аз эътимод ва машрӯъияти лозим дар миёни мардум бархӯрдор аст ва мардуми зиёде пайдо мешаванд, ки ин ҳаққро ба ӯ бидиҳанд, ки аз онҳо намояндагӣ кунад, аммо ин ҷабаҳоти худ хонда ва масъулон онҳо аз чӣ касе намояндагӣ мекунанд ва ҷуз ҳимояти истихборотҳо аз чӣ машрӯъияте дар миёни мардум бархӯрдор ҳастанд? Мо ба як ҷабҳаи мунсаҷиму раҳбарии машрӯъ ва мавриди эътимод ниёз дорем. Раҳбаре, ки машрӯъияташро аз мардум бигирад, на аз истихборотҳо.

Дар ҳоли ҳозир танҳо Аҳмад Масъуд аз ин эътимоду машрӯъият бархӯрдор аст. Агар ба ӯ вақти лозим дода шавад ин тавонамандӣ ва истеъдодро дорад, ки худро аз ҳуҷуми эродҳо ҳам бираҳонад. Ӯ бо душвориҳои зиёде дасту панҷа нарм мекунад. Аввал, ба инсиҷоми дохилӣ ва эҳёи эътимоди шикастае ниёз дорад, ки дар ду даҳаи гузашта тавассути муддаиёни ҷонишинии Қаҳрамони Миллӣ бо санги бевафоӣ ва ба гунаи бераҳмона шикаста шудааст. Дувум, ӯ ба ҳимояти лужистикиву молӣ ва ҳимояти фарогири миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ ниёз дорад, ки дар ин замина роҳи дарозе дар пеш дорад.

Иддао мешавад ӯро ҳалқае муҳосира карда ё шуморе ҳама чизро инҳисор кардааст. Ба қавли устод Андешаманд, аввалан чизе вуҷуд дошта бошад, ки инҳисор шавад. Баъд агар чунин иддаое воқеият дошта бошад, бидонед маҳсули бофти иҷтимоӣ ва суннатӣ аст, ки бар ӯ таҳмил шудааст, то интихоби тааммудии бавежа такя ва эътимоди беҳи ҳалақоте, ки ҳанӯз ба таҷриба ва ҳимояти онҳо ниёзи ҷиддӣ дорад, амри табиӣ аст. Дар ин замина ба ҷои тахриб ба ёрӣ зарурат дорад, ба ҳалқаи фарогире аз муборизони ҷавон ва мутааҳҳиде ниёз дорад, ки эшонро дар гузор аз он ҳалақоти суннатӣ ва роҳи душвори озодӣ ёрӣ расонанд.

Дар ин замина ман шахсан аз нахустин касоне будам, ки дар ҳудуди яку ним сол пеш ба ҷои интиқоди аланӣ ба ӯ нома навиштам. Аз тариқи он нома нигарониҳоямро бо эшон шарик кардам. Дар он нома инро матраҳ кардам, ки муҳим аст бидонем чӣ чизе боиси шикасти мо ва нобудии ҳама дастовардҳое шуд, ки тайи ним қарни мубориза ва бо хуни миллионҳо шаҳид ба даст омада буд. Таъкид кардам ҷабҳа замоне муваффақ мешавад, онро дарк кунад ва аз такрор он иштибоҳот ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳамон нома таъкид кардам эътимод, ки бо хуну арақи Қаҳрамони Миллӣ ва шуҳадои дигар ба даст омада буд, бояд эҳё шавад. Таъкид кардам он бо шумулияти намояндагони ҳама вилоёт дар раҳбарӣ ва шарик кардани мардум дар тасмимгириҳои ҷабҳа метавонад эҳё шавад. Ҷабҳа бояд мардумӣ ва фарогир шавад ва намояндагони ҳамаи вилоёти кишвар дар тасомими он шарик бошанд. Ин хост ба ҳаққи мардум аст.

Вақте ин масоилро матраҳ мекунам, хонанда метавонад тасаввур кунад, ман узви Ҷабҳаи Муқовимат ҳастам ё аз эшон дар ин замина интизорӣ дорам. На хайр! Бо он ки ман бо рафтан ба Тахор яке аз нахустин касоне будам, ки дар оғози муқовимати дувум нақши асосӣ доштам, аммо дар ин ҷабҳа нақше надорам ва интизори кӯчактарин нақшеро надорам. Бинобарин, ҳимояти ман аз эшон бидуни кӯчактарин интизор ва чашмдоштест. Ба вежа ин ки дар ин рӯзҳо шуморе энержиеро, ки бар алайҳи душман ҳазина кунанд, номардона алайҳи ӯ басиҷ карда ва аз ҳеҷ гуна тахриб дареғ намекунанд, лозим дидам ин матн навишта шавад.


Дин

Тероризм

02-авг-2026 By admin

Муқовимат на танҳо…

Набардҳои ахир дар вилояти Бадахшон нишон медиҳад, ки бо фишори пайвас

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!