Оё муқовимати зидди Толибон пойдор хоҳад монд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
23 сол аз набуди Масъуд, ин охирин чирики афсонавии қарн, мегузарад. Се ҳаводис нишон дод, ки набуди Масъуд ба масобаи набуди тактикаву стратегия дар ҳавзаи муқовимати зидди терроризму ифротгароӣ будааст. Масъуд бо дироят тавонист дар марҳалаи севуми муқовимат ва истодагӣ дар баробари терроризму таҳаҷҷури сиёҳи толибонӣ ва ҳомиёнашон, ситоравор бардурахшад.
Марҳалаи аввали он муқовимат дар баробари Иттиҳоди Шӯравӣ ва марҳалаи дувуми он дифоъ аз мардуми бедифои Кобул дар баробари ҳамалоти неруҳои Ҳикматёр буд. Масъуд ҳам раҳбари сиёсӣ шуд, ки тамоми ақвом ва муқовиматгарони ҳавзаи муқовимати зиддитолибониро дар як меҳвар ҷамъ кунад ва ҳам раҳбари низомӣ, ки савқу идораи яке аз нобаробартарин набардҳои раҳоибахшро созмондиҳии дақиқу муассир кунад.
Ҳоло дар набуди Масъуд, таърих такрор шуд ва нишон дод, ки то чӣ андоза ривояти муқовимат баъд аз Масъуд, халалпазир ва бидуни барнома аст. Дар айни ҳол наметавон қурбониҳо ва эсоргириҳои муқовиматгарони муқовимати севумро нодида гирифт. Ба рӯҳашон дуруд мефиристем ва ба эсоргириашон шод бод мегӯем.
Аммо марҳалаи кунунӣ, ки натиҷаи ғафлати ду даҳа дар қудрат нерӯҳоест, ки дар мактаби Масъуд, умреро ба сар расонда буданд, бисёр таассуфбор ва ғайри қобили пешбинӣ буд. Фарз кунем, агар Масъуд зинда мебуд ва ҷумҳурият фурӯ мепошид ва мардуми Афғонистону бахусус ҳавзаи муқовимат маҷбур ба дифоъ аз сарзаминҳои ишғолиашон дар баробари терроризм ва истикбори сиёҳ мешуданд, аввалин иқдоми вай, назар ба таҷориби таърихӣ, басиҷ, эҷоди ривоят ва созмондиҳӣ барои ҷанг, ҳатто қабл аз фурӯпошӣ буд.
Панҷшер ин дижи устувори муқовимату истодагӣ, Андаробҳои муқовим ва ҳавзаи Шимолзамин барои Толибон, ба гӯристони сиёҳ мубаддал мешуд. Аммо бо таассуф, ки пайравони Масъуд, ибтидо аз хатти фикрии Масъуд удул карданд ва муқовиматро ба ҷо надонистанд ва он иддаи маъдуде, ки роҳи муқовиматро баргузиданд, дер ҷунбиданд ва аз сутуни панҷум дар дарун бехабар буданд.
Шикасти хутути дифоъӣ дар Панҷшер, ҳатто қабл аз ҳамлаи Толибон ба ин устон қобили мушоҳида буд. Аҳмад Масъуди ҷавон, ин ягона ёдгори Қаҳрамони миллӣ, бо чунин вазъиятҳое, ки борҳо дар таърих такрор шуда, ноошно буд. Иттилоот аз душман, талош барои нофарҷом сохтани тавтеаҳои дохилӣ, басиҷи қувватҳо, имконсанҷии муқовимат, тадоруки қувваҳо ва ниёзҳои таслиҳотӣ, эҷоди муфризаҳои резерфу эҳтиёт, санҷиши хутути ақиби ҷабҳа, тамоси мудовим бо мардум ва соири нерӯҳое, ки дар набард дар баробари Толибон метавонистанд муфид воқеъ шаванд, интихоби мавқеияти савқулҷайшӣ, эҷоди занҷирае аз иртибот ва фармондиҳӣ, эҷоди тавозун дар тақсими қувватҳои муқовиматгарон дар ҳавзаҳои гуногун ва билохира, санҷиши тавони худӣ ва душман ба таври ҳамзамон, аз хислатҳои як раҳбари ботадбири сиёсӣ ва низомӣ буд, ки бояд дар муқовимати севум, мадди назар гирифта мешуд.
Заъфи сохторӣ дар кулли сутӯҳи муқовимати севум, суъистифода аз имконоти ҷабҳа, эҷоди балвои музокираи сиёсӣ, "ҷанг роҳи ҳал нест", паёми заифи "иъодаи демократия, ҳуқуқи башар ва интихобот" боис шуд, то муқовимати севум натавонад ҳаммонанди даври аввал ва дувуми он, корсоз талаққӣ шавад ва натиҷа диҳад.
Аммо ба ҳар ҳол, ҳарфи имрӯзи мо дар мавриди Масъуд аст, ки иштибоҳоти бисёреро муртакиб шуд ва муваффақиятҳои бештареро низ насиб гардид. Ба таври мисол, Масъуд атрофиёнашро хуб мешинохт, аммо коре барои тасфияи он накард. Заъфи пулу сарвату мол дар вуҷуди атрофиёнашро борҳо дида буд, аммо натавонист онҳоро ба аносири ҳаммонанди худ, муовиза кунад. Ҳол он ки ба атрофиёнаш эътимод намекард, маҷбур буд дар лонаи занбӯру гаждум, давом биоварад ва муқовимат кунад. Ба атрофиёнаш, ки дорои иртибототи васее бо амрикоиҳо, инглисҳо, ғарбиҳо ва минтақа буданд, эътимод кард. Онҳое, ки барои марги Масъуд лаҳзашуморӣ мекарданд. Онҳое, ки барои хатми муқовимат ило ворид сохтани охирин зарба аз талош даст накшиданд.
Он чи ки имрӯз сарнавишти махтуми муқовимат ва истодагӣ дар баробари Толибон шуда, набуди як барнома аст, фуқдони ангеза барои муборизаву талош барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ, ки муқовиматгарон онро шиор медиҳанд. Шояд камтар дида шуда бошад, ки як ҷабҳаи ҷангӣ, бештар аз ҷанг ба роҳҳалли сиёсӣ, тамкин кунад. Ин аслан заъфи муборизаро нишон медиҳад.
Дар зимн, муқовимат бояд ба мардум ва басиҷи онҳо, иттико мекард, то ба василаи тавони мардумӣ ба мубориза бо Толибон давом медод. Муқовимат бо шиори сиёсӣ, танҳо барои эҷоди ривоят корсоз аст. На он ки аз мавқифи низомӣ ба таслимталабии сиёсӣ тавассул шавад.
Имрӯз Толибон ва ҳомиёнашон ин нақисаро дарк кардаанд, ки ҷабҳаи ҷангии муқобилашон, паёми сиёсӣ ва музокира медиҳад. На он ки дар паҳнои фишори низомӣ ва ҷангӣ бар Толибон, паёми ҳаллу фасли қазияро бидиҳад. Ин рӯйкард бояд тағйир кунад. Гузор аз гуфтор ба амал, эҷоди фазои эътимод ба тамоми ҷавонибе, ки хостори идомаи муқовиматанд, басиҷи мардум ва иттико ба неруҳои худӣ, дар зимн дар назар гирифтани минтақа ва онҳое, ки дар қазияи феълии Афғонистон, нақш доранд, як роҳи ҳал маҳсуб мешавад.
То ин халои бузургро дур насозем, муқовимат дафни ҳофизаи таърих хоҳад шуд. Ба ҳар сурат, ҷаззобият, харизма ва тавони фитрии раҳбарии фармондеҳ Масъуд, ҳамвора дар зеҳнҳои муқовиматгарон ва озодихоҳон, сабт шудааст.
Рӯҳаш шод ва ёдаш гиромӣ бод!






