
Агар Вахон аз даст меравад, бояд ба Толибон ва ҳавохоҳони нодони он табрик гуфт.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Як бародари мӯҳтарам аз вилояти Парвони Афғонистон навиштаанд, ки "Доктар соҳиби бузургвор, Шумо дар мавриди масъалаи Вахон ва Покистон чӣ назар доред?"
Ҷавоб:
Афғонистон аз рӯзи аввали зуҳури Покистон, он кишварро дасти кам гирифт. Ба ҷои ин ки Покистонро минҳайси як кишвари мусулмон ба расмият бишносад ва баъд бо музокира ва ё аз тариқи СММ дар мавриди муъзали Дюранд ҳалли матлаб кунад, Покистонро дар шурӯъ ба расмият нашнохт ва Афғонистон тухми душманиро кошт. Покистон, ки дар асари сиёсати Инглис ба вуҷуд омада буд, на танҳо, ки аз шурӯъ дар паймонҳои ғарбӣ дохил шуд, беҳтарин генералҳо ва давлатмардони Покистонро аз паштунҳо муқаррар карданд, то паштунҳои сарҳадӣ ҳаргиз иддаои миллиятхоҳӣ накунанд. Таври мисол генерал Айюбхон як паштун буд.
Дар айни замон ҳама медонем, ки Инглис ду проекти бисёр зираконаро дар Осиё ва Ховари Миёна баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум барои нифоқ дар байни мусулмонон рӯи даст гирифт: яке ба вуҷуд овардани Покистон ва баъдаш ба вуҷуд овардани Исроил. Ҳар ду кишвар дар тӯли ҳаёти ҳафтодучандсола соҳиби бомби атомӣ шудаанд. Мо чӣ кардем? Ҳеҷ! Ҳар рӯз дуҳли "до паштунистон змунж"-ро навохтем ва замоне, ки сардор Довуд бо Буту дар Кобул дар даврони раёсатҷумҳурӣ дидор кард, дигар садои худро дар мавриди Паштунистон боло накард.
Достони Паштунистон тавассути Покистон ба ботиладони таърих андохта шуд ва баъд аз он, махсусан, дар даврони ҷиҳоди Афғонистон бар алайҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ проекти тасаллути Афғонистон рӯи даст гирифта шуд ва Афғонистон беҳтарин гови ширӣ барои Покистон шуд. Баъдтар тарбияи Толибон ва ба қудрат расондани Толибон, ки ман дар як мазмун иқдомоти Покистонро ишғоли чаҳорум номидам.
Аз тарафи дигар Исроил, як проекти дигар, ки мусулмононро ба ҳам андохт, пешравиҳои қобили мулоҳиза дар Ховари Миёна дошт ва ба кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қулаҳои Ҷавлонро баъд аз ҷанги 1967 ишғол карданд ва ҳатто имрӯз чанд километр зиёдтар баъд аз суқути Сурия пешрафт кардаанд. Ҳоло, вақте Исроил муваффақ ба тасхири қулаҳои Ҷавлон шудааст ва проекти англисӣ муваффақ шуд, ҷойи тааҷҷуб нест, ки Покистон барои манофеъи иқтисодии худ коридори Вахонро тасоҳуб кунад ва проекти дувуми Инглис муваффақ шавад.
Афғонистон ҳаргиз на ҳамсояро шинохт ва на душмани худро ва на проектҳои инглисиро дар Осиё ва Ховари Миёна. Доияи номҳиноди Паштунистон дар тӯли таърих чашми Афғонистонро кӯр кард.
Мунтазири таҳаввулоти сиёсӣ ва геополитикии соли 2025 бошем ва агар Вахон аз даст меравад, бояд ба Толибон ва ҳавохоҳони нодони Толибон табрик гуфт, зеро бешармона аз толиби ватанфурӯш, ки истиқлоли арзии кишварро мусолиҳа кардаанд, дифоъ мекунанд.