Раисҷумҳури собиқ маъмурият дорад ҳам ҳузури Аврупо ва ҳам паштунҳо дар Афғонистонро тақвият кунад.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Ҳомид Карзай чанде пеш дар Олмон буд. Дар зоҳир барои масоили беҳдоштӣ, вале дар асл барои як барномаи дар ҳоли шаклгирии сиёсӣ омада буд, ки иддае аз порсиёни ҷумҳуриятӣ, аз ҷумла Рангин Додфар Испанто низ вайро дар ҷаласаҳои шаҳри Бони Олмон ҳамроҳӣ карданд.
Ба он барнома ва иштироккунандагони он намепардозам, аммо ибтикори баргузории нишастҳоро утоқи фикри Конрад Оденауэри марбут ба Ҳизби демократи масеҳи Олмон ба ӯҳда дошт. Карзай на танҳо бо вазорати хориҷа ва дастгоҳҳои истихборотии олмонӣ мулоқотҳо намуд, балки тайи сафар ба Бритониё бо MI6 ва мақомоти баландпоя, аз ҷумла вазорати хориҷа низ дидор намуд.
Вай дубора ба Кобул баргашт ва қарор аст бори дигар дар моҳи январ ба Олмон биёяд ва рӯи эҷоди як “опозисион” алайҳи Толибон кор намояд.
Чаро Карзай?
Ин, ки Толибон як проекти ғарбиҳо, бавежа англосаксонҳо дар ин се сол будааст, ҳарфе нест. То ба ҳол либерал-демократҳои ғарбӣ ва дар раъси давлати Байден аз тариқи Сӣ Ай Эй тааммули фаъол бо Толибон доштаанд. Пас аз пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида Амрико, Вашингтон ба Аврупои либерал нигоҳи машкук дорад, бавежа, ки бахши бузурге аз раҳбарони аврупоӣ дар интихоботи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нафъи демократҳо мудохила намуданд ва Трамп бо тимаш онро аз ёд намебаранд.
Аз сӯи дигар Бритониё мекӯшад парчамдори неолиберализм ба кӯмаки “Лондон Сити” ва сармояи глобалӣ боқӣ бимонад. Раҳбарони Олмон чӣ аз миёни сотсиал-демократҳо ва ё демократ-масеҳиҳо ва чӣ сабзҳо ва либерал-демократҳо ҳама неолибералҳоанд, ки мекӯшанд дар чанд ҷабҳа ҳам алайҳи Русия ва Чин қарор бигиранд ва ҳам алайҳи Амрико.
Амрикои даврони Трамп камтарин алоқа ба даргириҳо дар ҳавзаҳои мухталифи геополитикии ҷаҳон дорад ва бештар алоқаманди ба самар расондани инқилоби “муҳофизакорона” аст, ки ба зудӣ дар Амрико оғоз мешавад ва ҳадафи он тазъифи либерал-демократия мебошад.
Аврупоиҳо ва дар пешопеш Бритониё мехоҳанд бахше аз нерӯҳоеро, ки собиқ ҳавзаи манофеъи Амрико буд, таҳти қаймумияти хеш дароваранд. Ҳам дар рӯйдодҳои Украина, ҳам Ховари Миёна ва Қафқоз ва ҳам Осиёи Миёна нақши пойи Бритониё бо муттаҳидони он барҷаста будааст.
Ҳоло Карзайро, ки аз вай шинохти хуб доранд, ба майдони бозӣ дохил месозанд. Дар се соли гузашта “Ҷабҳаи муқовимати миллӣ” номи бузургро ядак кашид, вале маълум нашуд чӣ мехоҳад. Бо афроди вафодор ба Карзай ҳамсӯӣ кард ва онҳо пай бурданд, ки ҷабҳа хеле нотавон аст ва ҳавзаи тоҷикҳо ва порсизабонҳо аз доштани як марказияти мунсаҷим, ҳадафманд, барномамеҳвар ва боангеза барои мубориза ва ҳатто муомила бебаҳра аст.
Пешинаи Карзай ҳам пеш ва ҳам дар даврони ҳокимияташ бо бақоёи Ҷамъияти исломӣ ва Шӯрои наззор ҳамеша дӯстона ва ҳатто аз ҳимояти чеҳраҳои калидии он бархӯрдор будааст. Аз сӯи дигар, Карзай дар миёни сохторҳои дигари қавмӣ низ аз эътибор бархурдор аст, ки имрӯз дар Шӯрои муқовимати миллӣ ҳузур доранд. Ногуфта намонад, ки як бахши бузург аз сохторҳои сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангии тоҷикҳо дар Бритониё фаъоланд ва истихбороти он кишвар медонад, ки ҳавзаи порсиён то кадом ҳад пароканда аст.
Аз ин рӯ, мехоҳанд Карзайро фаъол бисозанд то дар як проекти ҷадид, ҳокимияти афғонҳоро дар як сохтори муштарак бо Толибон ҳифз кунанд. Проект ҳамзамон ду ҳадаф дорад: яке, ҷилави азҳампошии афғонҳоро дар як рақобати қабилаӣ мегиранд ва дигар, тасаллути афғонҳоро болои ақвоми ғайриафғон тадовум мебахшанд.
***
Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишти порсизабонон дар ҷуғрофияи ҷаълии Афғонистон тарҳи равшани раҳоии мардум аз тариқ ба дур афкандани султаи афғонӣ ва афғонизм дорад. Ҳамон гуна, ки афғонҳо тарҳи маҳкам барои идомаи султаашон доранд ва аз як проекти хориҷӣ ба проекти хориҷии дигар дохил мешаванд.
***
Агар проекти Карзай амалӣ шавад, обҳо аз таштҳо фурӯ мерезанд ва марзҳо бо касоне, ки дар барномаҳои хориҷӣ мунтазири фурсат буданд, равшан мегардад.
Роҳи мо барои ҳаққи таъйини сарнавишти порсизабонон барҳақ аст ва мо пирӯз мешавем!