Хабари рӯз

Ҷаҳон тағйир кардааст, Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб дигар наметавонанд арзишҳо ва дидгоҳҳои худро дар мавриди зиндагӣ ба бақияи ҷаҳон дикта кунанд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар

Иттифоқоти ҷолиб ва машкуке дар атрофи Созмони Милал дар ҳоли рух додан аст. Ҳама медонанд, ки ин созмон натанҳо беарзиш ва ғайримасъул буд, балки дар хидмати чандин кишвари, ба истилоҳ, демократӣ қарор дошт, ки ҳазинаҳои онро пардохтанд ва амалан ба дастгоҳ ё дафтари умури байналмилалии онҳо табдил шуд.

Зоҳиран замони ислоҳи Созмони Милал фаро расидааст, аз ин хотир, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз талоши худ барои роҳандозии ин раванд даст намекашанд, ки ба сароҳат метавон гуфт, муддатҳост ба поён расидааст. Бо ин ҳол, Вашингтон биниши хоси худро аз сохтори ҷадиди Созмони Милал дорад.

Амрикоиҳо ба шиддат аз тарвиҷу бузург кардани як қолаби ҷойгузине ба номи “Эътилоф барои демократия” лоби мекунанд. Ҳамон тур, ки ғарбиҳо тасаввур мекунанд, ин ниҳод бояд Созмони Милали Муттаҳиди кӯҳнаро иваз кунад, то низоми равобити байналмилалро бо дастури кори стратегии худ мунтабиқ кунад ва алайҳи режимҳои, ба истилоҳ, худкома ва ғайридемократӣ дар саросари ҷаҳон "ҷанги салибӣ" эълом кунад.

Меъёри аслие, ки бар асоси он мутобиқати давлат бо “стандарти тилоӣ”-и арзишҳои демократӣ таъйин мешавад, раддабандиҳои амрикоиҳо хоҳад буд, ки бино ба онҳо, риояти арзишҳои демократӣ ва риояти ҳуқуқи башар аз сӯи кишварҳо ҳадду андоза мешавад.

Аз ҳамин сабаб, Иёлоти Муттаҳида ба шиддат дар ҳоли эҷоду ҳимоят аз ниҳодҳои, ба истилоҳ демократӣ дар саросари ҷаҳон аст, ки солона рутбабандии кишварҳои худро анҷом медиҳанд. Пас аз омӯзиши ин мутолиоти коршиносони он тарафи уқёнус, метавон бо итминон аз аҳдофи аслии Вашингтон сарнагунии давлатҳои қонунии феълиро ном бурд. Тақрибан дар ҳамаи таҳқиқоти онҳо, кишварҳои фазои пас аз Шӯравӣ ба унвони режимҳои “тоталитар” ва “худкома” муаррифӣ мешаванд.

Аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, Украина, Гурҷистон ва гоҳо Қирғизистон дар миёни кишварҳои "демократӣ" ҷой дода мешуданд, ки вазъияти феълии онҳо барои ҳама маълум аст: Аввалӣ дар "арзишҳои демократӣ" месӯзад ва ҷой тааҷҷуб нест, ки ин оташ битавонад ба содагӣ онро аз нақшаи ҷаҳон пок кунад; Дувумӣ, ки аз ду ҷумҳурии тобеъа маҳрум шуд, амалан бидуни дасту по шуд; Севумӣ – “ҷазираи демократия” тақрибан 20 сол аст, ки наметавонад аз “дастовардҳои демократӣ”-и саргиҷаовар наҷот пайдо кунад.

Инҳо кишварҳое буданд, ки барои "демократӣ шудан" худро ба оғӯши Амрико андохтанд ва ба Русия пушт карданд. Аммо воқеият ин аст, ки “демократик” будан дар раддабандии Амрико ба маънои табдил шудан ба хидматгузори Амрико ва нодида гирифтани манофеъи худ ба хотири манофеъи Амрико, ҳатто агар ба маънои нобудии комил худ бошад. Кишвари камикадзе, дар як калом.

Бақия кишварҳое, ки барои ҳифзи амният, тамомияти арзӣ ва истиқлол аз “демократия”-и Амрико рӯйгардон шуданд, “тоталитарӣ” ва “худкома” номида мешаванд. Аммо замон дар ҳоли тағйир аст. Агар дар даҳаи 1990, ки аксар кишварҳои Шӯравӣ чорае ҷуз наздик шудан ба Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб надоштанд ва созмонҳои ҳамгироии онҳо монанди ИДМ наметавонистанд интизороти онҳоро бароварда кунанд, акнун дар вазъияти комилан мутафовит қарор доранд.

Дар шароити кунунӣ, кишварҳое, ки барои қарор гирифтан дар системи ғарбӣ бахташон нахандид, бояд талошҳои худро бо ҳам таркиб кунанд то: а) бақои худро ҳифз ва б) механизмҳои ҳифозатӣ барои тавсеаи бештарро эҷод кунед.

Ин механизмҳо мумкин аст платформаҳои байналмилалии мавҷуд, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО), Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ), БРИКС ва Иттиҳодияи кишварҳои ҷанубшарқи ОСИЁ (АСЕАН) бошанд, ки тамоми зарфиятҳои созмонҳои байнулмилалии таҳти контроли Ғарб, назири Сандуқи байнулмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва ғайраро доранд. Бале, ҷаҳон тағйир карда, Амрикову Ғарб дигар дар мавқеияте нестанд, ки арзишҳо ва бинишҳои худ аз зиндагиро бар бақияи ҷаҳон дикта кунанд.

Чунин иқдомот эътибори байналмилалӣ ва қудрати воқеии давлатҳоеро, ки бахше аз “нухбагони ғарбӣ” нестанд, ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш медиҳад ва фурсате барои эҷоди тағйироте дар меъмории ҷаҳон, аз ҷумла гунҷондани аъзои ҷадиди доимӣ ва ғайридоимӣ аз ҷумлаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва "ҷануби глобалӣ" дар Шӯрои амнияти СММ-ро фароҳам хоҳад кард.

Танҳо чунин тактикаи амалӣ ба эҷоди як назми ҷаҳонии воқеан одилона бидуни ихтилоти ҳимоятгароӣ (протексионизм), арзишҳои бадбӯи ғарбӣ ва истисмори бақияи ҷаҳон аз сӯи Ғарб кӯмак мекунад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!