Хабари рӯз

Нигоҳи бахши бузурги низомиёни Русия ба тоҷикҳои Афғонистон хеле прагматистӣ ва на маҳсули кори тоҷикҳои афғонистонӣ, балки шахси Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тағйири зеҳнияти Путин мабнӣ бар аксарият будани тоҷикҳоро низ бояд натиҷаи таъсири Эмомалӣ Раҳмон болои вай бошад.

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари масоили байнулмилалӣ, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

“Бозии бузург” дохили марҳалаи ҷадид мешавад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, шомгоҳи 28 июн вориди Душанбе шуд. Куллияи маобир аз хиёбони Айнӣ то Рӯдакӣ масдуд шуда буданд. Хабаргузориҳо аз дидори ғайриалании Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд.

 Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ҳангоми сафари Путин ҳеҷ санаде имзо нахоҳад шуд.

Ҷаласот фақат дар қолаби 1+1 баргузор гардид. Агарчи мақомоти расмии ҳар ду кишвар ҳадаф аз ин сафарро густариши ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон унвон карданд, аммо дидори руасои ҷумҳури ду кишвар дар қолаби хос анҷом шуд.

Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки дар ин нишаст дар бораи порае аз мавзӯъҳои муҳим ва “ҳассос” миёни ду кишвар ва ҳамчунин масоили ҷаҳонӣ баҳс сурат гирифт.

Ҷудо аз мавориди густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи амниятӣ, навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва тақвияту ҳифозат аз марзҳои он бо Афғонистон ва низ равобити фарҳангӣ рӯйи масоили Афғонистон низ баҳс шуд. Хабарҳое аз пеш пахш гардида буд, ки Путин ҳини сафараш бо Аҳмад Масъуд низ мулоқот хоҳад кард. Ба назар мерасад, ки чунин мулоқоте бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Пеш аз он дар бахши аланӣ Путин дар баробари расонаҳо гуфт: “Медонед, ки мо ҳар кореро анҷом медиҳем то вазъияти ин кишвар (Афғонистон) одӣ шавад. Талош мекунем то бо нерӯҳои сиёсие, ки авзоъро контрол мекунанд, равобит барқарор кунем”.

Вай афзуд: “Нигоҳи мо аз ин воқеият нашъат мегирад, ки тамоми ақвом, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, бояд дар ҳукумати ин кишвар мушорикати комил дошта бошанд”.

 ***

Ман дар гузашта борҳо ҳам навишторӣ ва ҳам гуфторӣ ёдовар шуда будам, ки дар Русия ду дидгоҳ дар қазияи Афғонистон вуҷуд дорад: яке марбут ба вазорати хориҷа ва дигаре ба истихборот ва низомиён.

Агар вазорати хориҷаи Русия саргуми кор бо Толибон будааст, аммо нерӯҳои низомӣ ва истихборотӣ рӯи гузинаи қудрати сахт иттико доштаанд.

Дар остонаи сафари Путин ба Душанбе, Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия гуфта буд, ки гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ қасд доранд аз Афғонистон ба унвони пойгоҳе барои нуфуз ба кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин эҷоди шабакае аз ҷиҳодиҳои зерзаминӣ истифода кунанд.

Баракс Сергей Лавров, вазири хориҷа ва Замир Кобулов ба Толибон имкон доданд то намоянда барои сафорати Маскав бифиристанд ва ҳатто дар нишасти иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намоянд.

Аз муддате бад-ин сӯ Русия дар сиёсати хориҷиаш шурӯъ ба кори чандсавия намудааст. Он чӣ, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ маъмул буд. Масалан, робитаи наздик бо аҳзоби коммунистӣ ва коргарӣ дар як сӯ ва муносиботи расмӣ бо давлатҳо дар сӯи дигар. Мутобиқи ниёз якеро бо дигар таъвиз мекарданд.

Дар се даҳаи ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ғарб низ бо ҳамин шигирд сиёсатҳояшонро бо кишварҳо барқарор сохтаанд, ки ҳукуматҳо дар як сатҳ ва аҳзоби сиёсиву ҷомеаи маданӣ дар сатҳи дигар будааст.

Бар ин поя Маскав нахустинагиҳои дипломатиашро низ ба мисли Амрико дар ҳоли тағйир додан аст ва ба ивази ҳузури густурда дар кишварҳои ғарбӣ, ҳаракат ба густариши шабакаи дипломатӣ ба сӯи кишварҳое аст, ки аҳамияти онҳо муҳимтар аз кишварҳои бузург мебошад.

Ба ҳар ҳол вазорати хориҷаи Русия хеле алоқаманд аст то Толибонро ба расмият бишносад, аммо низомиён назари мухолифи онро доранд. Дар даруни вазорати хориҷаи Русия, афғонистоншиносоне ҳузур доранд, ки шинохти онҳо бар пояи китобҳои даврони Иттиҳоди Шӯравии собиқ аст.

Ба гунаи намуна бузургтарин маркази академикии Русия бозмонда аз даврони Шӯравӣ, яъне Донишгоҳи равобити байналмилалии Маскави марбут ба вазорати хориҷа, ки замоне ман ҳам донишҷӯи он будам, бахши афғонистоншиносӣ аз гузаштаҳо дорад, ки коршиносро ба куллӣ паштунбовар тарбия мекунад. Риштаи афғонистоншиносӣ, яъне паштуншиносӣ бо забону таърихи паштунҳо. Ва форсӣ танҳо тааллуқ ба эроншиносӣ мегирад.

Аксарияти афғонистоншиносон бо тасаллут ба забони пашту ба гунаи табиӣ лобии паштунҳо дар сиёсати хориҷии Русия барои Афғонистон буда ва ҳастанд. Бештари ин коршиносон дар беҳтарин ва бадтарин ҳолат бо паштунҳо ҳамзабонанд. Ба ёд дорам, ки профессор Константин Аркадевич Лебедев нависандаи фарҳанги русӣ ба пашту, ҳеҷ гоҳ бо порсизабонон сӯҳбат намекард. Ва шогирдонаш ҳама мутаассибтар аз ҳар паштун буданд.

Галае аз чунин ашхос ҳанӯз ҳам дар ҳавзаи афғонистоншиносӣ дар Русия мавҷуданд. Иддаи журналистон ҳам зери таъсири китобҳои зиёди коршиносони гузаштаи Шӯравӣ на танҳо ба паштунҳо, балки намояндагии кунунии онҳо - Толибон алоқаманданд. Онҳое, ки дар замони ҳокимияти Ҳизби демократики халқ бо Афғонистон ошно шуданд, ба мисли Семён Богдасаров як халқӣ ва толиби маҳз аст ва дар зеҳниятсозӣ дар Русия нақши бисёр манфӣ бар алайҳи порсизабонон дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон дорад.

Нигоҳи бахши бузурги низомиёни Русия ба тоҷикҳои Афғонистон хеле прагматистӣ ва на маҳсули кори тоҷикҳои афғонистонӣ, балки шахси Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тағйири зеҳнияти Путин мабнӣ бар аксарият будани тоҷикҳоро низ бояд натиҷаи таъсири Эмомалӣ Раҳмон болои вай бошад.

Ба ҳамин хотир тасодуфӣ нест, ки дар гармогарми ҷанг, Путин ба гунаи хеле худмонӣ сафари дурӯза ба Душанбе намуд ва аз лаҳзаи оғоз бо Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати хос дошт, ки ҳатто аз дурбини камераҳо ба дур намонд.

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия аз чеҳраҳои тундрав дар раҳбарии Русия як рӯз пас аз сафари Путин хилофи мавзеъи вазорати хориҷаи кишвараш, Афғонистонро хатар барои амнияти Осиёи Миёна хонд.

Хеле муҳим аст, ки Путин дар ҷараёни сафараш ба Душанбе номе аз Толибон нагирифт ва танҳо ба нерӯҳои сиёсии ҳокими Кобул иктифо кард.

Бо ҳама таваққӯъҳо паёми Путин яке буд ва он ин ки: аз боз шудани як ҷабҳаи ҷадид аз масири Афғонистон, ки Амрико ба кӯмаки Бритониё ва Туркия ба шиддат мехоҳанд дар Осиёи Миёна роҳандозӣ кунанд, пешгирӣ сурат гирад.

Ғарб паёми Путинро дарёфт намуд ва тасодуфӣ нест, ки парлумони аврупоӣ мақомоти Тоҷикистонро дар робита ба "саркӯб"-и мардуми Бадахшони Кӯҳӣ маҳкум кард.

Ба ҳамин гуна иддао мешавад сарнахи рӯйдодҳои ахири минтақаи Қарақалпоқистони Ӯзбекистон ба Туркия ва Бритониё мерасад. Шигофҳои зиёде дар минтақа аст, ки Ғарб мекӯшад аз яке аз онҳо дохили ҳаёти хилвати Русия шавад.

Агар баҳсро ҷамъ намоем, бояд гуфт, ки: Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯъи Афғонистон як муомилаи муҳими истротежикро анҷом доданд ва он ин, ки Душанбе бояд пуле шавад барои музокироти ҳар чӣ оҷил миёни Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ва Толибон ба ҳадафи эҷоди давлати ҳамашумул.

Ҳадаф аз ин ҳаракат он аст то тарҳи проекти амрикоии нишасти сеҷонибаи Толибон, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ва Шӯрои муқовамати миллӣ ба раҳбарии Сайёф дар Вашингтон ба шикаст мувоҷеҳ шуда ва Байден аз он ҳамоиш ба ҳайси барги баранда дар интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико суд бурда натавонад.

Ихтилофоти дарунии миёни Толибон, омодагиҳои Ҷабҳаи муқовамат барои гуфтугӯҳои мустақим дар Душанбе ва ақибкашии нерӯҳо аз Андаробҳоро метавон баъзе аз нишонаҳо дар ин росто талаққӣ кард.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!